Дар коргоҳҳои хурду бузурги сохтмони аср, иншооти гидроэнергетикии «Роғун», ки яке аз сохтмонҳои муҳими стратегии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар баробари ҷавонмардони бонангу номус бонувон низ заҳмат мекашанд.
Дар ошхонаи ҶСК «ТГЭМ» («Тоҷикгидроэлектромонтаж») бонувони зиёде ба 500 - 600 нафар заҳматкашони ин иншоот хӯрок таҳия менамоянд. Пас аз таоми нисфирӯзӣ, шурӯъ аз соати 14.00 онҳо барои омода намудани хӯроки шом камар мебанданд. Яке сабзавотро тоза ва дигаре реза мекард, савумӣ чою нӯшокиҳоро тайёр менамуд. Гурӯҳи дигар аз хамир зуволаҳо омода сохта, нони гарм мепухт.
Бо андаке сабук шудани кори бонувон фурсатро аз даст надода, хилъату кулоҳ ба бар намудему вориди ошхона гаштем. Бонуи қоматбаланду кушодачеҳрае, ки бо завқ хӯрок таҳия мекард, бо як табассуми малеҳ бобати зиндагӣ ва кору рӯзгораш дар неругоҳ сухан кушод. Исми ӯ Марина буда, тӯли 9 сол аст, ки дар НБО «Роғун» заҳмат мекашад. Дар неругоҳ фаъолиятро ба ҳайси танзимгар шурӯъ карда, пас аз 4 соли кор дар ин самт ба ҳайси сарошпаз ба ин ошхона даъват гардид. Ӯ давоми чанд сол дар ошхонаҳои бонуфузи Россия таҷриба андӯхта бо кадбонугӣ ном баровардааст. Хӯрокҳои бомазаву лазиз таҳиянамудаи ин бонуро аҳли кормандону сохтмончиён таърифу ситоиш менамоянд ва ӯро чун модар ва хоҳарбузурги хеш дониста, эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Ба қавли ӯ, агарчи фаъолият дар ошхона кори саҳл менамояд, таҳияи хӯрок барои гурӯҳи зиёди одамон ва муддати зиёд дар назди оташдон ҳузур доштан заҳматталаб аст.
- Рӯзи корӣ аз соати 5 оғоз мегардад. Корро аз омода намудани хӯрок барои наҳорӣ шурӯъ мекунем. Ширбиринҷу гардсӯз, тухми обпаз ва ғайра аз шумори хӯрокҳое мебошанд, ки ҳамарӯза барои кормандони неругоҳ таҳия мегарданд. Барои заҳматкашони дохили нақб ҳамарӯза шир ва ҷурғот пешкаш мешаванд. Соатҳои 12.00 - 14.00 вақти тановули хӯроки нисфирӯзист. Ду навъи хӯрок ба кормандон пешниҳод мегардад – хӯрокҳои якум ва дуюм, аз қабили хомшӯрбо, карамшӯрбо, шӯрбо бо бодиринги шӯр, оши палов ва ғайра, - иброз дошт Марина Ҳайдарова.
Ин ҷо ошпазон дар ду баст - басти рӯзона ва шабона фаъолият менамоянд. Дар гурӯҳи хурди ошпазон, ки ҳамарӯза ба пухтани нонҳои гарму лазиз машғуланд, Ашӯрмоҳ ном сокини ноҳияи Ёвон бо ҳарорат оид ба фаъолияти дусолаи хеш қисса намуд. Чун хабари ба кор даъват гардидани коргарзанонро шунид, бечунучаро ба ин ҷо шитофт.
- Ба худ гуфтам, ки аз дастам корҳои сохтмонӣ наояд ҳам, барои саҳм гузоштан дар сохтмони ин боргоҳи нур дар ошхона ба кор меравам. Бароям шараф аст, ки хидматгузори баҳодурони ватанам, - бо сарфарозӣ гуфт Ашӯрмоҳ Саидова.
Дар нонпазхонаи ширкати «ТГЭМ» ҳамагӣ чор бону фаъолият менамояд, ки ду нафар дар басти рӯзона ва дуи дигар дар басти шабона заҳмат мекашанд.
- Субҳи бармаҳал дар баробари хӯрок нони гарм низ бояд омода бошад. Аз ин рӯ, дар дили шаб аз 5 – 6 халта орд хамир мешӯрем. Ва аз ҳар халта 35 –36 дона нонҳои калон таҳия менамоем. Дар фасли зимистон аз ин миқдор зиёдтар нон мепазем, ки истеъмоли нон дар ин фасл меафзояд, - гуфт бонуи нонпаз.
Барои омода кардани хамир нонпазхона бо асбобҳои махсуси хамиршӯрӣ муҷаҳҳаз аст. Пас аз расидани хамир Ашӯрмоҳ бо ҳамроҳаш зувола гирифта, дар тафдонҳои барқӣ нон мепазад. Пас аз ба охир расидани хӯроки шом кори ӯ низ анҷом меёбад.
Барои тақсимоти хӯроку нони гарм миёни кормандон ва сохтмончиён заҳмати Мавлудабону назаррас аст. Ҳамеша дар такопӯст ва тамизсозии мизҳо ва тозанигории атрофро бо масъулияти баланд анҷом медиҳад.
- Ин ҷо маоши хуб мегирам ва ҳам ҷойи хоб ва хӯрок ройгон аст. Толори хӯрокхӯрии ошхона 48 ҷойи нишаст дорад. Дар як баст зиёда аз 500 –
600 нафар корманд бо навбат хӯрок истеъмол менамояд. Маро лозим меояд, ки дар фурсати кӯтоҳ онҳоро бо хӯрок таъмин намуда, барои гурӯҳи дигар мизҳоро тамиз намоям. Ба ман ҳампешаам аз басти шабона ёрӣ мерасонад. Ман низ дар навбати худ аз ӯ ёрии хешро дареғ намедорам, - гуфт Мавлуда Қодирова.
Марҷона, ки ҳамагӣ 24 сол дорад, дар баробари шавҳараш дар ин неругоҳи бузург саҳм мегузорад. Се сол қабл шавҳараш дар неругоҳ ба ҳайси назоратчӣ ба кор пардохт. Соли 2018 Марҷонаро низ ба кор даъват намуд. Фаъолияташро ҳамчун пешхизмат шурӯъ кардаву алҳол фаррош аст. Тартиботи дохилии коргоҳро ба хубӣ аз худ намудаву субҳи бармаҳал поку тоза кардани ҳуҷраҳои хобу истироҳати сохтмончиён ва атрофи онро бар дӯш дорад.
- Теъдоди хобгоҳҳо дар ин ҷо зиёд аст. Барои ҳар кадоме аз мо миқдори муайяни хобгоҳҳо ҷудо гардидааст. Ҳар субҳ, баъди аз хоб хестани кормандон корро оғоз менамоям ва то нисфирӯзӣ фаъолияти ман идома меёбад, - изҳор намуд Марҷона Каримова.
Ба қавли Сироҷиддин Ҳусниддинзода, яке аз масъулони қисми хоҷагидории ширкати мазкур, танҳо дар ошхонаҳои ба ширкати мазкур дахлдошта 71 бону дар бастҳои шабонаву рӯзона заҳмат мекашад, ки 30 - нафарӣ давоми 15 рӯз фаъолият карда, 15 рӯзи дигар истироҳат менамоянд. Барои ин бонувон хобгоҳи махсуси ройгон бо тамоми шароитҳо муҳайёст. Бонувон бо амри дилу виҷдон дар ин кори хайр - бунёди иншооти азими стратегии мамлакат ҳиссагузоранд.
Б. РАҲМОНОВА,
НБО «Роғун»