Маҳсулоти зарурӣ:
Гӯшти гӯсфанд - 400 г;
Гӯшти гов - 400 г;
Лӯлачаҳо бо равғани думба;
Пиёз;
Сабзӣ;
Картошка;
Нахӯд;
Намак;
Кабудӣ.
Тарзи таҳия:
Гӯштро дар об ҷӯшонда, кафкашро мегирем. Баъдан ба он сабзӣ, пиёз, нахӯд, лӯлачаҳо ва картошка андохта, то пухтан мунтазир мешавем. Фарқияти хомшӯрбои «Шоми Кӯлоб» дар гуногунии маҳсулоти гӯштии он аст.