Маҳсулоти зарурӣ:
300 грамм ананаси очоронидашуда;
0,5 кг филаи мурғ;
100 грамм панир;
200 грамм чӯбчаҳои краб;
баргҳои салат;
майонез - мувофиқи табъ.
Тарзи таҳия:
Филаи мурғро тоза шуста, меҷӯшонем ва аз пӯст ҷудо менамоем. Баъдан онро чоркунҷа реза карда, ананас ва панирро низ ба шакли чоркунҷа мебурем. Чӯбчаҳои крабро ба андозаи 0,5 см реза ва барги салатро низ майда карда, ба онҳо илова менамоем. Дар охир майонезро мувофиқи табъ бо ҳамаи ин маҳсулот омехта, пешниҳод менамоем.