Тобистон фасли истироҳат ва айёми шурӯъ кардани таъмиру тармими манзилҳост. Гӯшаи аз ҳама асосии хона барои бонувон ошхона аст, ки вақти зиёди онҳо он ҷо сипарӣ мегардад. Аз ин рӯ, барои муҳайё кардани шароити мусоид вақти пухтупаз ҷобаҷогузории ашёҳо, дастрасӣ ба ҷараёни барқу ҷумакҳои об оқилона бояд роҳандозӣ гардад.
Банақшагирӣ
Пеш аз оғози таъмири ошхона нахуст нақшаи ченакро мебояд тарҳрезӣ кард. Дарозӣ, паҳноӣ, баландии ошхона ва дару тирезаи онро андоза гирифтан муҳим аст. Чунин нақшаи ченак барои интихоб кардани мебел ва ҷиҳози ошхона кӯмак хоҳад кард. Ҷойи барқбун, барқчанг ва чароғҳои мавҷудбударо ишора мебояд кард, то ҳангоми ҷобаҷогузории асбобҳои барқӣ онҳо дастрас бошанд. Ҳамчунин, миқдори асбобҳои барқиро барои ошхона муайян мебояд кард: ба ин тариқ, сарбории барқро дар ҳудуди ошхона ба таври оқилона мебояд ба ҳар гӯшаи он ҷудо сохт.
Лӯлаҳои обгузар
Пеш аз гузоштани ашёҳо лӯлаҳои обгузар низ бояд дар ҷойи лозимӣ насб гарданд. Ҳини тағйир додани нақшаи ошхона барои ғайриқонунӣ набудани он боварӣ ҳосил кардан зарур аст, махсусан ҳангоми мавҷудияти лӯлаҳои газгузар аз эҳтиёт мебояд кор гирифт –худсарона набояд корро анҷом дод.
Ҷой барои нигоҳдории озуқа ва лавозимот
Ба нақша гирифтани макони нигоҳдории озуқаворӣ ва асбобу анҷомҳо низ бас муҳим аст. Пеш аз сохтани ҷевони ошхона мебояд ба назар гирифт, ки барои кадом асбобу лавозимот чанд тоқчаву рафҳо лозиманд ва ҷой барои нигаҳдории захираи озуқа ҳаҷман чӣ қадар ва дар куҷо бояд ҷойгир гардад.
Тарзи дурусти ҷойгиршавӣ
Ҳамчунин, ҳангоми банақшагирии таъмири ошхона ба хусусиятҳои дуруст ҷойгиршавии ашёҳо мебояд таваҷҷуҳ кард. Мошини зарфшӯӣ бояд дар шафати дастшӯяк ва дудкашро наздик ба қубури дудбаро мебояд насб кард. Яхдонро дуртар аз асбоби гармидиҳӣ ҷойгир кардан зарур аст. Мутахассисон ба он назаранд, ки дастшӯяк набояд ба девор ё ба яхдон зич бошад – ҳадди ақал 20-30 см аз онҳо дуртар ҷойгир шавад. Беҳтар он аст, ки дар ошхона байни яхдон, дастшӯяк ва оташдон ҳаракат озодона сурат гирад ва чизе ба он монеъ нагардад (на камтар аз 1,2 ва на зиёд аз 2,7 метр). Қабати мобайнии ҷевони ошхона, ки миз барои хӯроктайёркунӣ пешбинӣ шудааст, набояд аз 1 метр кам бошад. Фосилаи байни ҷевонҳои болоӣ ва поёнии ошхона маъмулан 45 см-ро дар бар мегирад.
Бехатарӣ
Ба масъалаи бехатарии ошхона низ мебояд махсус таваҷҷуҳ кард, алалхусус дар хона агар кӯдакони хурдсол бошанд. Истеҳсолкунандагон имрӯзҳо асбобҳои рӯзгорро бо унсурҳои муҳофизӣ аз кӯдакон пешкаш менамоянд. Дар бозору мағозаҳо навъҳои зиёди қулфакҳоро барои маҳкам нигоҳ доштани дару тирезаҳо, ҷевонҳо ва асбобҳои барқӣ метавон пайдо кард. Барои ошхона интихоб кардани навъҳои барқбун ва чароғҳои ба намӣ устувор мувофиқ аст. Масолеҳи пардозгарии ба оташ ноустуворро мебояд истисно ва ё кам кард.
Афзал донистани талаботи шахсӣ
Ҳангоми таъмиру тармими ошхона ба одатҳои шахсӣ ва тарзи ҳаёти хеш низ мебояд афзалият дод: Эҳтимол дар гӯшаи ошхона ҷой додани мизи хӯрокхӯрӣ, хонтахта ва ғайра лозим ояд. Бонувоне, ки бештари вақт ба таҳияи хӯрокҳо машғуланд, мехоҳанд, ки мизи кории васеътарро ташкил намоянд. Барои бонувони дорои қади баланд ва ё паст мизи кории ҷевони ошхона бояд мувофиқ сохта шавад – бештар тавсия медиҳанд, ки мизи корӣ дар фосилаи 15 см поён аз оринҷи даст қарор дошта бошад.
Ба ин тариқ, пеш аз шурӯи таъмири ошхона ба инобат гирифтани ин нозукиҳо боиси он мегардад, ки кадбонувон аз натиҷаи кори хеш қаноатманд гарданду донанд, ки таъмири ошхона оқилона ва бехавф роҳандозӣ гардидаасту муддати тӯлонӣ метавонад ба соҳибхона хизмат намояд.
Ситора