Маҳсулот:
Фарш - 400 грамм;
Пиёз - 1 дона;
Занҷабили булғорӣ - 1 дона;
Панир - 500 грамм;
Тухм - 4 дона;
Хокаи нони хушк - 3 қошуқ;
Кабудӣ ва намак мувофиқи табъ
Пиёзу занҷабили булғорӣ ва кабудиро майда реза карда, бо фарш якҷоя менамоем. Ҳамчунин, панирро аз турбтарошак гузаронда, бо як дона тухм ва хокаи нони хушк ҳамроҳ намуда, намак мекунем. Ҳамаи маҳсулотро якҷоя карда, се тақсим менамоем. Дар тобаи тафдон ҳарсеи зуволачаҳоро каме тунук намуда, ба болои ҳар яке яктои тухм мешиканему мемолем. Тафдонро дар ҳарорати 180 градус тасфонда, то пухтанаш 30 дақиқа мунтазир мешавем.