Тарзи таҳия:
Гӯштро шуста, дар намакоб меҷӯшонем ва баъди пухтан як сӯ мегузорем, то хунук шавад. Пиёзро ҳалқа-ҳалқа реза карда, сирко, об ва шакарро омехта мекунему рӯи пиёзҳо мерезем ва муддати 20 дақиқа нигоҳ медорем. Сабзиро тоза карда, аз турбтароши сӯрохҳояш калон мегузаронем. Гӯштро ба шакли чоркунҷаи 2х2 реза мекунем. Дар табақи калон нахуст сабзӣ, баъд гӯшт ва нахӯди сабзро рӯи ҳам мегузорем. Пиёзро аз об ҷудо карда, болои онҳо бо баргҳо салат мегузорем ва равғанро ҳамроҳ месозем. Иштиҳои том!
Пирог бо тухм ва пиёзи сабз
Маҳсулоти лозимӣ:
барои хамир:
4 - дона тухм;
7 - қошуқ орд;
1/3 - қошуқча сода;
200 г - сметана;
4 - қошуқ майонез.
Намак мувофиқи табъ
Барои дохил:
6 - дона тухми обпаз;
1 - бандчаи калон пиёз.
Намак мувофиқи табъ
Тарзи таҳия:
Тухмро бо намак омехта карда, сипас, сметана ва майонезро ҳамроҳ мекунему бо қошуқ лат мезанем. Сода ва ордро илова карда, хамир мешӯрем. Тухмҳо ва пиёзи сабзро реза карда, намаки онро дуруст менамоем ва омезиш медиҳем. Тобаи хурдро равған молида, нисфи хамирро ба он меандозем ва тухму пиёзро болои он ҳамвор карда, хамири боқимондаро аз болои он мерезему дар ҳарорати 250 дараҷа ба тафдон мегузорем.
Кулчақанди «Садбарг»
Маҳсулоти лозимӣ:
200 г - творог;
200 г - маргарин;
2 - истакон орд;
2 - сафедии тухм;
1 - истакон шакар;
дар нӯги қошуқча содаи дар сирко сӯзонидашуда
Тарзи таҳия:
Творогро бо маргарини андаке обшуда, сода ва орд омехта карда, хамир мешӯрем ва ба 3–4 зуволачаи баробар тақсим карда, муддати 20 дақиқа ба яхдон мегузорем. Сафедии тухмҳоро бо шакар то ғафс шудан хуб лат мезанем. Сипас, ҳар як зуволачаро гирифта, нағз тунук мекунем ва сафедаи омодашударо рӯи он молида, ба шакли рулет мепечонему ба мисли зуволачаҳои санбӯса рост-рост мебурем.Дар ҳарорати 250 дараҷа муддати 5–10 дақиқа мепазем.