Ҳунарманди ҷавонро азми қавӣ, ҷидду ҷаҳди пайваста дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои пешгирифтааш неруву тавоноӣ мебахшид, то ба зудӣ асрору назокатҳои омода намудани тамоми навъҳои маҳсулоти қаннодиро азбар карда, ҷойгузини пешқадамони корхона шавад. Он давра, ки ба солҳои 80-уми асри гузашта рост меомад, сехи қаннодӣ мактаби касбомӯзии ҷавонон маҳсуб меёфт.
Дар ҳодисаҳои нобасомони солҳои 90-ум падари фарзандонашро, ки дар Донишкадаи алоқаи шаҳри Тошканд таҳсил мекард, аз даст дод. Инобати дорои ҳунар фикри пухтану ба фурӯш баровардани маҳсулоти қаннодӣ шуд.
- Аз фурӯши нахустин кулчақанд сето нон харида, хурсанду болидарӯҳ ба хона баргаштам, чун дар он шабу рӯз барои дарёфти як бурда нон заҳмат мекашидем,- аз рӯзҳои вазнини ҳаёт қисса оғоз кард Инобат Раҷабова.–Бо мурури вақт муштариёни шириниҳо зиёд шуда, маҳсулоти тайёрро аз хонаамон мехариданд, ки ин кори моро дучанд осон кард. Ҳамин тавр, то соли 2015 дар шароити хона фармоиши муштариёнро қабул карда, ҳамзамон барои мағозаҳои маркази ноҳия маҳсулоти қаннодӣ мепухтам.
Ба туфайли заҳматҳои чандинсола бинои яке аз ошхонаҳои «Тоҷикматлубот»–и ноҳияро ба иҷора гирифт, ба фаъолияти мустақилона гузашт. Шиносоӣ бо тоҷирону ҳунармандон роҳи ӯро ба олами соҳибкорӣ кушод. Узви Ассотсиатсияи занони соҳибкор шуда, дар семинарҳои омӯзишӣ фаъолона иштирок кард, то ин ки донишу малакаи соҳибкории худро рушду тақвият бахшад.
Баъди бозгашт аз як сафари бозомӯзӣ аз шаҳри Москва дар доираи лоиҳаи омӯзишии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ба бонувони чандин шаҳру навоҳии вилоят ҳунарҳои қаннодӣ омӯхт. Дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ Инобат Раҷабова бинои бекорхобидаи Ҷамъияти «Тоҷикматлубот»–и ноҳияи Вахшро харида, дар як қисми он сехи маҳсулоти қаннодӣ таъсис дод, ки имрӯз дар он ҳафт нафар бону ба кори доимӣ фаро гирифта шудааст.
Лаззати тортҳои Инобат дар он аст, ки вай дар пухтупази ҷумла маҳсулоти қаннодӣ аз маводи кимиёӣ истифода намебарад. Сехи қаннодиро бо асбобҳои замонавии истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардонда бошад ҳам, технологияи тайёр намудани ин навъ шириниҳоро дигар накард.
- Мо барои нигоҳ доштани обрӯву эътибори корхона маҳсулоти истеҳсолии худро дар дигар мағозаҳо намефурӯшем, чаро ки мутмаинем тарзи тайёр намудани маҳсулоти дигарон ба сатҳу сифати қаннодиҳои мо баробар шуда наметавонанд,- мегӯяд Инобат. – Маҳз риояи дурусти қоидаҳои омода намудани маҳсулот аст, ки дар баробари афзоиши талабот ба қаннодиҳо, сол аз сол фармоишҳои тайёр кардани тортҳои ҷашнӣ зиёд мешаванд. Баъди омӯзиши бозорҳои маҳаллӣ ба хулосае омадаам, ки нуқтаҳои пухтупазу фурӯши нону кулча ва чапотиро ба роҳ монам, зеро талабот ба ин гуна маҳсулот беҳад зиёд аст.
То имрӯз Инобат Раҷабова ба даҳҳо нафар бонувони таҳсилнодида ҳунари қаннодӣ омӯхтаву онҳоро ба фаъолияти мустақили соҳибкорӣ роҳнамоӣ карда, ҳамакнун чанд тан аз дастпарваронаш соҳиби дуконҳои қаннодӣ буда ё дар шароити хонаҳояшон тавассути ин ҳунар ба буҷети хонаводаҳои худ фоида меоранд.
Бо мурури бозомӯзию аз бар кардани таҷрибаи пешқадам доираи фаъолияти истеҳсолиро ривоҷу равнақ дода, ҳамзамон дар назди коргоҳаш маркази омӯзиши қаннодиро таъсис дод. Соли 2017 ғолиби озмунҳои «Фараҳ» ва «Соҳибкори муваффақи сол» гардид. Соли 2018 соҳиби гранти президентӣ шуда, 10 ҳазор сомонӣ ба даст овард. Ҳунар, ки дорад, арҷманди мардум гаштааст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Вахш