Тарзи омода кардани ин намуди таом чунин аст:
Пораи гӯшт ва дигар сабзавотро 5–6 ҳисса мекунем. Дегро тасфонда, ба он 75 мл равған (агар равғани зайтун бошад, боз беҳтар) мерезем. Аввал гӯштро каме таф медиҳем, сипас бо навбат пиёз, помидор, қаламфури булғорӣ ва бодиринги поракардаро ҳамроҳ менамоем. Мувофиқи табъ хушбӯйкунандаҳо илова мекунем. Ин намуди хӯроки зудтайёр дар оташи баланд пухта мешавад ва ҳамагӣ 5–6 дақиқа барои омода шуданаш кифоя аст.
САЛАТИ «ЗАРАФШОН»
Маҳсулот барои як табақча:
1 дона тухм.
1 пора гӯшти обпаз.
1 бодиринг.
50 гр панир.
1 дона картошкаи зирбондашуда.
1 дона турби сафед.
Ҳамаи маҳсулотро борик реза карда, бо майонез омехта менамоем ва бо шибиту панири аз дандонаи калони турбтарошак гузарондаамон болояшро оро медиҳем.
ТОРТИ «КАНД»
Торти «Назокати солинавӣ»
Маҳсулот:
4 тухм.
7 қошуқи калон шакар.
200 г орд.
Барои крем:
450 г қаймоқ.
1 қошуқча какао.
1\2 лаблабуи сурх.
Ванилин.
Майдаи какос.