07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХОНИ БОНУ

 

Тарзи таҳия:

Кадуро аз пӯсташ тоза карда, ба қисмҳои калон мебурем ва ба дег меандозем. Болои он андаке намак пошида, ду истакон об меандозем ва то нимпаз шудан меҷӯшонем. Сипас, ширро илова карда, баъди ба хубӣ пухтани кадуҳо андаке шакар ҳамроҳ мекунем. Агар каду ширин набошад, шакарро зиёдтар илова кардан зарур аст. Намаки онро низ мувофиқи табъ дуруст менамоем. Баъди оташро хомӯш кардан, ба ширкаду маскаро ҳамроҳ месозем.

Ин навъи таоми миллӣ ба саломатӣ хеле муфид буда, аз витаминҳо ниҳоят ғанӣ мебошад. Иштиҳои том!

 

УГРО

Маҳсулоти зарурӣ:

Гӯшти гов ва ё гӯсфанд – 500 г

Пиёз – 150 г

Сабзӣ – 150 г

Картошка – 300 г

Нахӯд – 1 истакон

Кабудӣ – 1 баста

Орд – 1,5 истакон

Тухм - 1 дона

Намак ва хушбӯйиҳо – мувофиқи табъ


Тарзи таҳия:

Дар об намак ва 1 дона тухмро андохта, як зуволача мешӯрем ва 30–40 дақиқа дам медиҳем.

Гӯштро дар шакли чоркунҷаи калон реза карда, ба дег меандозем ва аз болои он оби хунукро рехта, сабзӣ ва пиёзро илова менамоему то ҳолати ҷӯшидан меорем. Сипас, нахӯди як рӯз қабл таркардашударо ба он ҳамроҳ карда, 30 дақиқаи дигар мепазем ва картошкаро илова мекунем. Мувофиқи табъ пудина, райҳон ва дигар хушбӯйкунандаҳоро 5 дақиқа пеш аз илова кардани буридаҳо ба дег ҳамроҳ мекунем.

Зуволаи дамхӯрдаро тунук карда, мебурем ва барои яксон шудани онҳо бо орд ба қавле «даста мезанем». Ба шӯрбои ҷӯшидаистода онро ҳамроҳ карда, зуд-зуд мекобем, то буридаҳо ба ҳамдигар начаспанд.

Дар табақ болои онро бо кабудии резакарда ва чакка оро медиҳем.

 

:.  Дастархон 16.11.2018 05:17 1048

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz