Номвар шудани сарвари хонадон ба истилоҳи «марди дастархондор» ба он маънӣ тавъам аст, ки зани хонадон дар дастархонороӣ ва соҳибҳунариву кадбонугӣ чирадаст бошад. Ҳамсуҳбатам Савринисо Аҳрорӣ сарфакориро дар бобати оростани суфра муҳимтарин василаи ҳифзи буҷети оила медонад.
Ӯ иқрор меояд, ки сабабгори коста гаштани вазъи иқтисодии хонаводаҳо аслан исрофкориҳои беандоза ва берабти бонувон аст. Дар аксар мавридҳо зиёдаравии занон дар ҷашну маросимҳо ва иду тантанаҳо мушоҳида мешавад, ки гузарондани бештари онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мамнӯъ дониста, бархеро дар доираи оила муайян кардааст.
Савринисо Аҳрорӣ бо қалби пур аз умеду ҳавасҳо дар тараддуди тӯйи хонадории ҷигарбандаш Озод аст ва чун дигар модарон хост, то аз рози ниҳони дили писараш огаҳ шавад. Озод, нахустфарзандаш, шояд дили саршор аз орзуҳои ширин барои гузарондани базми домодиаш дошта бошаду модар мабодо бехабар монад. «Бигзор дар базми домодиаш хостаҳояш амалӣ шаванд», - мегуфт ба дил. Ҷашни домодии писараш аввалин базми шодӣ дар хонадонаш ба шумор мерафт. Аз ин хотир, ӯ низ мехост бо барпо намудани беҳтарин базм ормонҳои якумраашро бишканад.
- Вале, ғайричашмдошти интизориҳоям писарам на танҳо бо шукӯҳу шаҳомат, балки дар тарабхона гузарондани тӯйи домодиашро рад кард. Ӯ гуфт: «Оча, намешавад, баъди тӯй як миқдори маблағро ба мо диҳед, то дар ягон осоишгоҳ истироҳат кунем. Шарт аст, исрофи беҳуда? Барои се соати дабдаба дар тарабхона, се сол қарз меканем?». Пас, маълумам гашт, ки бархе аз ҷавонони имрӯза аллакай маънии зиндагиро хуб дарк намудаанду ҳатто аз мо, калонсолон ҳам, дар сарфакорӣ гӯйи сабқатро бурдаанд, - иброз медорад Савринисо.
Посухи писараш то ҷое ӯро қаноатманд кард. Чаро ки Савринисо медонад, ки тӯй бе камбудӣ намешавад ва хоҳ-нохоҳ наметавон иззати ҳамаи меҳмонони базмро ба ҷой оварда, онҳоро розӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, бештари бонувон аз рӯи ҳавою ҳавас, тарс аз эродгирию таънаи атрофиён исрофкории зиёдро раво медонанду ҷабр ба аҳли хонавода мекунанд. Вақте бо бонувон суҳбат сари мавзӯи гузарондани ҷашну маъракаҳо равад, ҳатман чунин далел меоранд: «Мардум механдад… Эҳе, наход, ки аз уҳдаи гузарондани тӯй набароям? Барои кӣ ҷон канда, пул ҷамъ кардам, ки…»
- Яъне, андешаи аксар чунин аст, ки бояд маблағи даҳ ё бист сол ҷамъ намудаашонро дар як рӯз ба қавле «чош» диҳанд ва ба гирдоби қарз «ғӯта» зананду баъди гузарондани тӯй солҳо барои адои он бо ҳолати равонии ошуфтагӣ заҳмат кашанду зиндагӣ кунанд, - мегӯяд ӯ.
Савринисо шоҳиди ҷанҷолу хархашаи қудоҳо шудааст, ки аксарашон боиси хонавайронии оилаҳои ҷавон гардиданд. Аз ин хотир, тасмим гирифт, то аз мақсади писараш хонаводаи арӯсшавандаро огаҳ созад. Пешниҳоди онҳо аз ҷониби қудо пазируфта шуд. Аз хонаводаи арӯсшаванда ҳам хоҳиш намуд, то бо оростани дастархони хоксорона духтарашонро ба хонаи бахт гусел кунанд. Ӯ ба гуфтаи гузаштагон иқрор меояд, ки нони мард, ба мард қарз аст. Ба қавле оши халқро медиҳад ва дар доираи хонаводагӣ нияти гузарондани дигар расму оинҳои арӯсӣ, аз қабили рӯбинонро дорад.
Ба гуфтаи Савринисо, агарчи солҳои қаблӣ аксари бонувон дастархонороиро дар омода намудани ҳафт-ҳашт намуди таом медонистанд, феълан ба зарфҳои гаронбаҳои рӯи суфра таваҷҷуҳ менамоянд. Яъне, оро додани рӯи дастархон бо лаълию табақчаҳои зарҳалдору муҳрапеч, қошуқу шохаҳои қиматбаҳо ва дастпоккунҳои махмалин «мӯд» шудааст. Воқеан, бештари бонувон ба гирд овардани зарфҳои гуногун завқ доранд ва маблағҳои зиёдро ба хотири ҳавасшиканӣ масраф месозанд. Ӯ мегӯяд, ки хӯроки лазиз дар табақи маҳаллӣ бамазатар аст. Муҳим ин ки зан бояд сарфакориро омӯзад ва дар ҳама ҳолат ба қабули меҳмон омода бошад.
- Дастархони меҳмон ва аҳли хонадони маро асосан хӯришҳо оро медиҳанд. Вобаста ба ҳар мавсим, бо арзон шудани анвои меваю сабзавот хӯриш омода мекунам. Хон аз чизе ороста шавад, ки онро хӯрда шавад. Магар қанду қандалот ва шириниҳои ҳархела ё меваҳои аз хориҷ воридшаванда мувофиқи табъи ҳар меҳмон буда метавонанд? Ин ҳама худнамоист. Лаззати хӯрданиҳои ватаниро маҳсулоти беруна иваз карда наметавонад. Чаро ки маҳсулоти хориҷӣ аз нигоҳи экологӣ тоза нестанд ва то ворид шудан ба дигар кишварҳо барои вайрон нашудани сифати маҳсулот чанд намуд моддаҳои кимиёиро ба он ҳамроҳ мекунанд, - иқрор меояд Савринисо.
Шуғли Савринисо Аҳрорӣ ободкорию тозагист. Ин аст, ки бо хатми Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ҳамагӣ ду сол ба ҳайси омӯзгори фанни забони русӣ фаъолият бурду баъдан шомили Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон гашт. Ӯ айни замон сарварии минтақаи № 12 ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ба уҳда дораду 17 соли умри хешро сарфи соҳаи коммуналӣ кардааст, дар мавриди зарурат ҳоҷати атрофиёнро чун устои барқ низ мебарорад. Ба гуфти Савринисо дар хона ҳам ба устои барқ зарурат несту иваз намудани васлаҳо ва таъмири афзори барқӣ бар дӯши ӯст.
Мавсуф иқрор меояд, ки новобаста аз он ки корҳои ташкилиро дӯст медорад ва ба гуфтаи дӯстонаш мардонавор рафтор мекунад, ӯ бонуи хонадон асту модари се фарзанди некрӯю хушсиришт - Озод, Раҳмоил ва Мадина.
- Субҳгоҳон аз хона берун мешавам ва шом меоям. Шавҳарам ва фарзандонам ба реҷаи кори ман одат кардаанд, вале ман рисолати хешро аз сар соқит намекунам. Аз он ки масъулияти ободию тозагии як минтақа ва вакилии шаҳрро ба уҳда дорам, пеш аз ҳама, модар ва зан ҳастам. Аҳли хонадон, ба қавле дасти маро «нигоҳ» мекунанд, ки чӣ хӯрок барояшон омода месозам. Аз ин хотир, барои фардо шабона таом ва хӯриш захира менамоям, то аҳли хонадон дар давоми рӯз мушкилие накашанд, - иброз медорад Савринисо Аҳрорӣ.
Меҳрӣ ШОЕВА