Ҳунаре мавҷуд аст, ки бидуни он одамият наметавонад ҳаёти худро комил шуморад. Ин касби таббохист, ки аз анвои маҳсулот ошпаз бо неруи ҳунар ғизоҳои лазиз таҳия месозаду дархӯри табъи нозуки мизоҷон баъзан шоҳкориҳо менамояд. Яке аз ин бонувони пешавар Танзилат Саидова аст, ки дар яке аз тарабсаройҳои пойтахт ба офаридани муъҷизаҳои таббохӣ шуғл дорад. Чун таомҳои омодакардаи ӯ дар тамъ ва лаззат ниҳоят гувороянд, талабгорони ҳунари ин кадбонуи моҳир низ хеле зиёданд. Нисфирӯзӣ ва шомгоҳон ҳаводорони хӯрокҳои хушхӯр ин ҷо ҷамъ меоянду аз ороиши зебои таомҳои миллӣ завқ ва аз мазаи гуворои онҳо ком ширин мекунанд. Ин аст, ки чусту чолокӣ дар вуҷуди ӯ сахт реша давонда. Бо сарбории зиёд талош меварзад, то ҳеҷ меҳмоне норизою хиратабъ аз остон берун по наниҳад. Хӯрокҳои миллии тоҷиконаро бо ҳунари воло таҳия месозад, аз қабили палав, туппа, қурутобу шакароб, мантую санбӯса, лағмону кабоб ва амсоли инҳо.
- 70 дарсади мизоҷони мо хориҷиёнанд. Миёни онҳо сайёҳони одӣ ва ҳам намояндагони дипломатии кишварҳои мухталифи дунёро метавон вохӯрд. Онҳоро наметавон бо хӯрокҳои аврупоӣ ба тааҷҷуб овард, гарчанде мо чунин хӯрокҳоро низ бо маҳорати баланд таҳия месозем. Онҳо ба ғизои миллии мо, ки таърихи қадимӣ дорад, бештар таваҷҷуҳ мекунанд ва аз лаззати онҳо ҳаловат мебаранду зиёд васфу ситоиш менамоянд. Ба наздикӣ сайёҳи швейтсарие ба ин ҷо ташриф овард ва тамоми ғизоҳои миллиро имтиҳон карду мутаассир гашт ва дастҳо боло карду гуфт, ки лазизтарин ғизоҳоро ин ҷо нӯши ҷон намудааст, - бо ифтихор иброз дошт Танзилат.
Бино ба гуфтаи ӯ, на танҳо зуккахӯрон ва дӯстдорони ғизоҳои шарқӣ ба онҳо муроҷиат месозанд, балки коргардонҳову таҳиягарони барномаҳои телевизионии кишварҳои гуногун, аз қабили Ҷопон, Россия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва ғайра аз ҷараёни пухтупази хӯрокҳои миллии тоҷикӣ филму барномаҳо таҳия сохтаанд.
- Сирри асосии лазизии таомҳо нахуст дар он аст, ки аз маҳсулоти тару тоза омода мешаванд. Барои осонии кор бисёриҳо аз маҳсулоти нимтайёр (полуфабрикат) истифода мебаранд, ки ба сифати хӯрок беасар намемонад. Дувум, ин ки таоми навпухташударо ба хоҳишмандон мебояд пешкаш кард, зеро таом муддате истаду хунук шавад, мазаи ибтидоии худро аз даст медиҳад, ба мисли манту. Мушоҳида кардаам, ки хӯроки сардшуда ва баъзан дирӯзаро ошпазҳо аз нав гарм мекунанду ба мизоҷон пешкаш месозанд. Чунин таббохон ба касби хеш содиқ нестанд ва манфиатҳои шахсии худро волотар аз ҳама чиз медонанд. Бехабар аз он, ки метавонанд ба тандурустии мардум зарари ҷиддӣ расонанд, - иброз дошт Т.Саидова.
Бори нахуст дар ғайби сарошпаз кӯшиш ба харҷ дод, то мустақилона қазон-кабоби шарқиёна омода намояд, ҳаросид, ки мабодо ба мисли ӯ аз уҳдаи ин кор набарояд. Ин навъи кабоб, ки аз қабурғаҳои гӯсфанд омода мегардад, нозукиҳои ба худ хос дорад, то гӯшт нарму зебо пухта шавад. Пас аз пешкаш кардани ин таом ба мизоҷ, бо ҳаяҷон аз дур назора кард ва интизор буд, ки меҳмон норозигӣ баён месозад, вале баръакс, баъди тановул ӯ аз ғояти фараҳмандӣ сипоси зиёд аз таоми болаззат кард ва рӯзи дигар низ омада, хоҳиш намуд, то айнан ҳамон ошпаз хӯрокро таҳия созад.
- Ошхона ҷойи серодам ва серташвиш аст. Аз ин рӯ, баъзан ба хатоиҳо низ роҳ медиҳем. Ҳолатҳое буданд, ки меҳмонон навъи хӯрокеро фармоиш додаанду мо ба онҳо дигар таомро пешкаш намудаем. Норозиёна аз ҳамон таом чашидаанду сипас, бо шавқ табақро холӣ кардаанд. Ин ҳам маҳорати хуби таббох аст, ки дар лаҳзаҳои душвор мададгори ӯ мегардад, - ифшои роз мекунад Т.Саидова.
Матбах макони тамаркузи ошпазҳост, ки маҳз дар ин ҷо ба қавле «соҳирӣ» менамоянду беҳтарин таомҳоро таҳия карда, бо ороишоти аҷибу назаррабо меҳмононро ба ҳайрат меоранд. Танзилат низ бар он иқрор аст, ки ошпази хуб бояд дастури махсуси таҳияи хӯроки гувороро дошта бошад, ки бо он мефахраду сирри онро пинҳон медорад. Дигар паҳлуи масъала - тозагиву покизагии ошхона аст, ки мебояд ба қоидаҳои беҳдоштӣ ҷавобгӯ бошад. Аз қабили покиза шустани зарфҳои ошхона дар ҳарорати на камтар аз 40 дараҷа гарми об бо истифодаи моеи зарфшӯӣ ва хушкондани онҳо дар рафчаҳои панҷарагин, бо сачоқ хушк кардани танҳо зарфҳои шишагин, ба рӯзи дигар мавқуф нагузоштани ғизои ба истилоҳ якум, хӯришҳо, таомҳои ширӣ, полудаи картошка, гӯшти ҷӯшонда ва, ҳамчунин, ҳама намуди гӯштҳои резакарда, афшура ва нӯшобаҳои худтайёр ва амсоли инҳо. Ҳамчунин, тозагиву покизагии ашёи иҳотакарда, фарш, мизҳои хӯроктайёркунӣ, яхдонҳо, анборҳои озуқаворӣ ва толори нишаст барои мизоҷон дар ҳар муассисаи хӯрокпазӣ бағоят муҳим арзёбӣ мегардад.
-Умуман, занони тоҷик дар маҷмӯъ сабуранду аз иҷрои корҳои мушкил намеҳаросанд. Ҳам зану ҳам модар будан, ба шуғли пайваста такрорёбандаи хона даст задан, фаъолият кардан дар муассисаҳои гуногуни идориву хизматрасонӣ воқеан ҳам қаҳрамонист, ки зани тоҷик вақти хешро сарфакорона истифода бурда, ба ҳамаи он даст меёбад, - иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Танзилат Саидова.
С. ШАРИФӢ