07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХӮРОКҲОИ МИЛЛӢ

 

Ҳолмон

Аз беҳтарин ғизоҳои миллист. Он аз решаи гуле, ки дар кӯҳҳо мерӯяд, омода карда мешавад. Ба бовари мардуми кӯҳистони Нуробод ин растанӣ шираву фоиданокиашро аз замин ҷабидааст. Решаи гули ҳолмонро, ки хеле талх аст, баъди аз замин баркандан, як муддат дар дохили зарфи обдор нигоҳ медоранд. Обро ҳар рӯз тӯли як моҳ, то шириншавии реша иваз мекунанд. Баъди ин, решаи растаниро дар халта гирифта, то давидани обаш нигоҳ медоранд. Обаш, ки таровид, хокаро рӯи сони сафеде дар соя нимхушк карда, хуб каф мезананд. Баъди бо элак бехтан, хокаи ҳолмон омода мешавад.

Пеш аз омода кардани ғизо, бегоҳ як пиёла хокаи ҳолмонро тар мекунем. Субҳ обашро полида, каме обу шир ҳамроҳ мекунему дар оташи паст муддати 10–15 дақиқа мекобем, то пазад. Барои 5–6 нафар ҳолмон омода шуд. Онро дар коса бардошта, ба рӯяш каме равғани маска мерезем.

Ҳолмон барои бемории сармозада, талхаву ҷигар фоиданок аст.

Омоч

Дар бештари мавзеъҳои кӯҳистон занон онро омода мекунанд. Тарзи тайёр карданаш чунин аст: каме намакобро ба рӯи орд мерезему хамирро зери дастон молиш медиҳем. То ҳадде, ки рангаш зард ва худаш монанди биринҷи майдадона бишавад. Агар хуб омода нашавад, дар вақти пухтан омоч об мешавад.

Каме обу ширро ҳамроҳ карда меҷӯшонем. Омочи омодаро ба дохилаш ҳамроҳ карда, оҳиста-оҳиста мекобем. Баъди каме ҷӯшидан, пудинаи боғӣ, агар набошад, шибитро майда реза карда ба дохили он ҳамроҳ мекунем. Баъди 15–20 дақиқа субҳона омода аст. Бо иштиҳои том!

Гулрухсор Сафоева,

Нуробод

 

:.  Дастархон 18.09.2018 10:26 1245

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz