07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАРЗИ ОДИИ ТАЙЁР КАРДАНИ КОНСЕРВИ ПОМИДОР

 

Тарзи тайёр кардан:

Зарфи шишагини се литраро бо ҳамроҳии сарпӯшҳои оҳанин ба муддати 15 дақиқа буғ (стерилизатсия) мекунем. Маҳсулоти дар боло зикршударо тоза карда, шуста, баъдан мехушконем. Ба қаъри зарфи шишагин мурчи сиёҳ, барги халиҷӣ, шибит, сирпиёз, ҷаъфариро меандозем ва ба болои онҳо оби ҷӯшондаро оҳиста - оҳиста мерезем, то зарф нашиканад. Баъди 15 дақиқа оби онро ба зарфи дигар рехта, намак ва каме шакарро илова мекунем. Маҳлули тайёршударо як бори дигар ҷӯшонда, ба зарфи шишагӣ мерезем ва сирко илова менамоем. Сарпӯши оҳанинро маҳкам карда, зарфро сарозер мегузорем ва болои онро бо матои гарм мепӯшонем. Баъди як шабонарӯз зарфро ба таҳхона интиқол медиҳем.


ШАРБАТИ ЗАРДОЛУ

Шарбати зардолу дар фасли зимистон манбаи бебаҳои витаминҳост ва ба нафароне, ки маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва тарзи ҳаёти солимро хоҳонанд, хеле муфид мебошад.

Маҳсулоти зарурӣ:

Зардолу – 800 гр.

Шакар – 350 гр.

Тарзи тайёр кардан:

Мебоист, ки меваҳои сахт ва ё нимхомро интихоб намоем. Зардолуҳоро шус­та, аз донакҳо ҷудо карда, баъдан онҳоро чор қисм менамоем. Зарфи яклитраро бо ҳамроҳии сарпӯшҳои оҳанин омода месозем. Меваҳоро ба зарф андохта, аз болои он оби ҷӯшондаро мерезему 10–15 дақиқа мунтазир мешавем. Баъдан оби зарфро ба зарфи дигар меандозем ва шакар илова карда, қиём тайёр мекунем. Қиёмро 5 дақиқа меҷӯшонем ва оҳиста-оҳиста онро омехта менамоем. Сипас, қиёмро ба зарфи шишагин мерезем ва бо сарпӯши оҳанин онро маҳкам мекунему сарозер мегузорем ва болои онро бо матои гарм мепӯшонем. Баъди як шабонарӯз зарфро ба таҳхона мегузаронем.


МУРАББОИ «ПАНҶ ДАҚИҚА»

Маҳсулоти зарурӣ:

Тамашк (малина) - 1 кг.

Шакар - 1кг.

Тарзи тайёр кардан:

Тамашкро дар оби хунук ба хубӣ мешӯем ва баъди обаш таровидан ба зарфи сирдор ё шишагин меандозем. Ҳамаи шакарро омехта мекунем ва ба муддати 2–3 соат нигоҳ медорем. Шираи тамашкро алоҳида ба зарфи дигар рехта, дар оташи паст 2–3 дақиқа меҷӯшонем. Баъдан тамашкро ба болои қиёми тайёршуда меандозем ва бо қошуқи чӯбин омехта месозем. Муддати 5 дақиқа меҷӯшонему аз болои оташ мегирем. Баъди андаке хунук шудан онро дар зарфҳои пешакӣ омодашуда меандозем ва бо сарпӯшҳои оҳанин маҳкам мекунем. Баъди як шабонарӯз зарфро ба таҳхона мегузаронем.


Мастона

 

:.  Дастархон 29.08.2018 10:58 1724

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz