- Раҳматӣ модарам нонбанди номӣ буданд. Он замон дар ҳар тӯй 200 - 300 чапотӣ ва 4 - 5 халта ордро нону кулча мебастанд. Рухсораи модарам ҳамеша сурх ва қафаси синааш аз зарби гармии оташи дегдону чакдон гулхона буд, - мегӯяд Тиловатбону.
Тавре амма ҳикоя намуд, аз 10–12 - солагӣ дар маъракаҳо бари модар истода, мададаш мекард. Маҳз аз модар пухту пазро омӯхту дар навбати худ ҳунари таббохиашро сайқал дод. Фатиру сатрӣ, чапотиву гирдача, кулчаву кулчаи чойӣ, нони гирдаву кумоч аз шумори он анвоест, ки ин бонуи ҳунарманд тайёр мекунад. Атолаву ӯмоч, ширбиринҷу ширрӯған, қурутобу кашку дангича ва бахусус оши палавро бо як маҳорати олӣ омода месозад.
Ӯ сарошпази беморхонаи марказии ноҳия асту ба замми он ҳар рӯз дар тафдони хонааш барои шифохона ва меҳмонхонаи ноҳия «хлеб»-и калон мепазад. «Хлеб» - ҳои Тиловатбону машҳуранду мазаи нотакрор доранд. Ҳар нафаре ба Тавилдара ояд, албатта, аз ин ҷо бо худ «хлеб» мебарад.
Замони нооромиҳо ӯ ҳар шаб 3–4 халта ордро хамир мекарду саҳар барвақт барои афсарон нони гарм мебаст. Зани меҳнатдӯсту заҳматпеша, шокиру собир аст. Дар каму ғами мардум ҳамеша шарику дасти ёриаш ҳама вақт дароз.
- Шукронаи давру замони амну осуда. Ҳама ҷо фаровонӣ, сериву пурӣ. Вале, набояд фаромӯш кард, ки ҳамагӣ 20–25 сол пеш мардуми Тоҷикистон ба тикаи нон муҳтоҷ буд. Вақти ҷанги шаҳрвандӣ сабӯсу кунҷола ва ҳатто камбикорм ҳам хӯрдем. Ҷаву ҷугориро орд карда бо як машаққат нони ҷавину зағора мепухтем. На дар дегдон мепоиду на дар чакдон. Хӯрданаш ҳам осон набуд, бахусус барои кӯдакон. Акнун ба шарофати ваҳдати милливу сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари кишвар дар ҳар деҳаи дурдаст мағозаву дуконҳо пуропури орду равған, қанду шакар ва маводи гуногуни ғизоӣ бо нархи дастрас пешкаши мардуманд. Мо, занону модарон, шабу рӯз дар ҳаққи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои хайр мекунем, - иброз медорад Тиловатбону
Ӯ бисёр бонуи пурмасъулият аст. Сунҳор, ҳатто келинҳои ҳамсоя низ аз сиёсату насиҳатҳои ӯ бархӯрдоранд. Тавре онҳо мегӯянд, ба манфиати худи онҳост ин ҳама сахтгириҳои аммаашон.
- Ҳар хӯрок тарзи тайёр кардани худро дорад. Меъёри обу намак, хамирмоя ва ширу равған низ вақти омода намудани фатиру кулча муҳим аст. Хамирро чи қадар бо меҳр ва зиёд хелидан даркор, то сифат ва мазаи нон хуб шавад, - мегӯяд ӯ.
Саҳар барвақт мехезаду то нимашаб заҳмат мекашад. Лаҳзае бекор наменишинад, зеро одат накардааст. Агар пухту паз набошад, дарзеро медӯзад ё дар заминҳои обчакории назди ҳавлӣ меҳнат мекунад. Тавре худи ӯ мегӯяд: «Бо соя раву бо соя биё, қанд бихӯр». Яъне, ба кор саҳар барвақт, пеш аз баромадани офтоб бояд шурӯъ кард ва то ғуруби он машғул шуд, зеро баракат аз ҳаракат аст.
Сабрина Сафарова,
ноҳияи Сангвор