07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАСТАРХОН

 

Тарзи омода кардан:

Бодиринг ва сафедии тухмро ба шакли дарозрӯя (ба мисли чӯбчаҳо) реза карда, зардии тухмро майда мекӯбем. Кабудиҳоро низ хурд реза намуда, ҳамаи онҳоро омехта месозем. Намак, қаймоқ ва шираи лимӯро низ мувофиқи завқ ҳамроҳ менамоем. Агар майонез истифода баред, он гоҳ намак ва шираи лимӯ нолозим мегарданд.

 

ТАОМИ САБЗАВОТӢ

Маҳсулоти зарурӣ:

100 гр. омехтаи сабзавот.

1 дона пиёз.

2 қошуқ хамираи помидор.

2 қошуқ равғани маска.

4–5 дона картошка.

Кабудиҳо, мурчи сиёҳ, намак, барги халиҷӣ (лавр).

Тарзи омода кардан:

Пиёзро дар равғани маска бирён карда, хамираи помидор ва 2 истакон об меандозем. Баъдан сабзавот ва картошкаро илова мекунем ва 10–15 дақиқа интизор мешавем. Сипас, мурч, барги халиҷӣ ва намакро андохта, то 15 дақиқаи дигар дам медиҳем. Хӯроки сервитамин ва парҳезии мо тайёр шуд. Бо иштиҳои том!

 

ХӮРИШИ ОДИИ ТОБИСТОНА

Маҳсулоти зарурӣ::

300 гр. шалғамчаи сурх (редиска).

4 тухми обпаз.

30 гр. шибит.

30 гр. ҷаъфарӣ.

Қаймоқ ва ё майонез.

Тарзи омода кардан:

Тухмҳои обпазшударо чоркунҷа реза карда, шалғамчаҳоро дар шакли ҳалқачаҳо бурида, кабудиҳоро низ майда реза менамоем. Ҳамаи инҳоро омехта карда, намак, қаймоқ ё майонезро мувофиқи табъу завқ илова мекунем.

Хӯриш тайёр, иштиҳои том!

 

КУЛЧАҚАНД АЗ САБӮСИ ҶАВӢ

Маҳсулоти зарурӣ:

150 гр. сабӯси ҷавӣ.

100 гр. орд.

100 гр. равғани маска.

70 гр. шакар.

50 гр. кунҷит.

1 дона тухм.

Тарзи омода кардан:

Равғани маска, шакар ва тухмро хуб омехта мекунем. Сабӯси ҷавро бо ёрии блендер кӯфта, орд ва кунҷитро илова менамоем. Аз хамири тайёркардаамон кулчачаҳо сохта, онҳоро ба тафдони пешакӣ то ҳарорати 180°С гармкардашуда ба муддати 10–12 дақиқа мепазем. Кулчақандҳои болаззати мо омода шуданд. Бо иштиҳои том!

Мастона

 

:.  Дастархон 22.06.2018 03:35 1477

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz