07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАСТАРХОНИ БОНУ

 

Тарзи омода намудани гандумкӯча:

Дар деги моломол аз об каллапочаро меандозему то пухта шуданаш меҷӯшонем. Пасон гандуми кӯфтаро тоза намуда, ба он меафзоем. Гандум, ки дар ҳоли пухтан омад, нахӯду лӯбиёро низ зам менамоем. Дар охир ба он гиёҳҳои хуштаъм меандозем. Гандумкӯча дар муддати 3–4 соат ва дар алави паст омода мешавад.

Нонҳалво

Ду пиёла шир, як тухм, намак ва ордро омехта, хамир мекунем. Хамирро ба ду қисм тақсим намуда, каме дам медиҳем.

Ҳалво: сарширро дар оташ гузошта, то равған шуданаш доғ мекунем. Баъдан орд­ро илова карда, сурх менамоем ва шир ҳамроҳ месозем. Пас аз ҷӯшидани зиёд ҳалво тайёр мешавад.

Зуволаи якумро тунук намуда, ҳалворо дар болояш мегузорем ва зуволаи дуюмро тунук намуда болои ҳам мегузорему гирди зуволаҳоро бо ҳам мечаспонем, то ҳалво дар вақти пухтан берун нашавад.

Дар дег равған андохта дар оташи паст нонро аввал як тараф, баъд дигар тарафашро сурх менамоем. Ҳамин тавр нони ҳалвогин тайёр мешавад.

Фатирмаска

Барои омода намудани фатирмаска фатири равғанин, маска ва харбуза лозим аст. Дар табақи чӯбин фатирро дар ҳолати гарм буданаш реза намуда, маскаро аз болояш мерезем ва бо қошуқи чӯбин каф мезанем. Баъди тайёр шудани фатирмаска, харбузаро чоркунҷа реза карда, болои табақро оро медиҳем.

ОШИ БУРИДА

Барои як зувола як пиёла об, як дона тухм ва намакро каме зиёдтар гирифта, то сахт шудани он орд илова мекунем. Хамирро бештар хелидан лозим аст. Баъдан зуволаро камтар дам медиҳем. Дар дег об андохта, нахӯд, лӯбиё, олучаи кӯҳӣ ва намак ҳамроҳ карда, ба хубӣ меҷӯшонем. Зуволаро тунук намуда, бо корди махсус онро мебурему даст мезанем, то хамири бурида бештар тунук шавад. Дар оби ҷӯшида буридаҳоро андохта, зуд-зуд мекобем, то ба ҳамдигар начас­панд. Пас аз андаке ҷӯшидан, оташро хомӯш мекунем. Оши бурида тайёр. Онро дар табақ гирифта, болояшро бо пиёзу кашниз, помидору бодиринг ва чакка оро медиҳем.

 

:.  Дастархон 19.03.2018 08:57 1896

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz