Қаҳрамони ман Ҷилост. Пешааш қаннодӣ. Исмаш чунин нест, аммо варо бо ҳамин ном шинохтанду бо ин ном ба қавле ҶИЛО кардааст. Вақти таъсиси коргоҳи нав онро бо исми ҷигарбандаш «Ҷило» номгузорӣ кард. Бале, Ҷило исми духтараш аст, ки дигар ба ӯ ҳам нисбат дорад. Ҳоло дар як оила ду Ҷило ба сар мебарад. Модару духтар.
- Номи ман Бибиой. Он қадар бо номи коргоҳам машҳур шудам, ки дигар ҳама Ҷило гӯён садоям мекунанд, - суҳбатро чунин оғоз мекунад қаҳрамонам.
Ҳунар барои ӯ ногаҳонӣ эъто шуда. Овардани қисса аз забони худаш шуниданист:
- Соли 2012 сахт бемор шудам. Табибон гуфтанд, ки ин саратон аст. Дигар мисли моку байни Душанбеву Маскав тор метанидам. Нур, баъдан кимиёдармонӣ… Хеле афсурдахотир будам. Он сол 22 маротиба ба Маскав рафтам. Дар яке аз чунин сафарҳо хоҳиши аҷибе маро такон дод. Мане, ки боре то ин дам шириние напухта будам, орзуи омӯхтани ҳунари қаннодӣ дар дилам ҷӯш зад. Худам ҳам ҳайрат доштам, намедонистам барои чӣ маҳз ин ҳунар? Рафтам, узви курсҳои гуногуни омӯзишӣ шудам. Аз Елена Шрамко, қанноди шинохтаи рус сабақ омӯхтам. Гармии назди тафдон дар он ҳолат бароям хеле хавф, ки дошт, шавҳарам зидди хоҳишам баромад. Аммо ман меомӯхтам!
То ин дам Ҷило аллакай соҳиби 4 фарзанд, 4 гулдухтар буд. Ба хотири онҳо фикрашро бештар банди мавзӯъҳои хуб машғул медошт. Дар хусуси беморӣ намеандешид. Мехост ба шакле зебоӣ офарад…
Дар маъракаҳои хонаводагӣ шириниҳои гуногун, аз ҷумла фарахша (торт) омода мекард. Аввалин фармоишгарону харидорони ҳунараш наздикону пайвандонаш буданд. Бо таъми лазизу шаклу намудҳои хеле аҷиб таваҷҷуҳ ба ҳунараш афзун мешуд. Дар тафдони одӣ дар шароити хона шоҳкориҳо мекард. Мекӯшид як кораш аз дигараш афзалият дошта бошад. Овозаи фарахшаҳояш марзи хонаводагиро шикаст. Фармоиш зиёд, то ҳадде, ки дигар дар шароити хона иҷрои хоҳишҳо номумкин гашта буд.
Замоне дар хона барояш торти хеле калонҳаҷм фармоиш доданд. Корро зуд шурӯъ кард. Дар 3 рӯз торте бо бузургиву ҳашамати ногуфтанӣ омода шуд. Он қадар азим, ки бурун оварданаш аз дари хона номумкин буд. Онро барои то рӯзи муқарраршуда нигоҳ доштан ба Кохи Наврӯз бурданд. Ҳама аз шукӯҳу зебоии торт дар ҳайрат афтоданд. Торте, ки ҳеҷ шабеҳи торт набуд. Фарахшаи 5 қабатаи 65 килограмма! Аввал дар андешаи мардум он қуттии зебоеро ба тасвир оварда, ки шояд зераш фарахшаи маъмулие ниҳон бошад, аммо чун фаҳмиданд, ки ин ҷаъбаи афсонавӣ торт аст, дигар, хостори дидани ҳунарманди дастбашакар, офарандаи ин зебоӣ гаштанд. Роҳбарияти Кохи Наврӯз пешниҳоди омодагӣ ба ҳамкорӣ зоҳир намуд. Барояш дар ин бино шароити фаъолият фароҳам омаду сехи қаннодии «Ҷило - эксклюзив» таъсис ёфт.
- Ман, воқеан, ошиқи касби хеш гаштам, то ҳадде, ки аз фармоишоти калонҳаҷме, ки то 5 шабонарӯз вақти маро мегираду қариб, ки ҳаққи хизматам пурра боз ба худи торт меравад, даст намекашам. Бароям офаридани худи ҳамин зебоӣ аллакай бас аст. Вақте мардумро мебинам, ки ангушти ҳайрат аз корҳоям мегазанд, лаззат мебарам, - бо ифтихор мегӯяд Ҷило.
Пеши ман як торти дуқабатаи кулоҳмонанди хеле қашанг бо бӯйи бениҳоят иштиҳоовар омода мешавад. Суолаш мекунам, ки:
- Ҷилоҷон, дастат дард накунад, торте ба ин қашангӣ ҷое надидам, дар ороиш, ки айни як қуттӣ ё ҷаъба аст, аз чӣ истифода мекунӣ?
- Ороиш аслан «мастика», як маҳсулоти хӯрданӣ аст. Тамоми тахайюлотам бо ҳамин чиз рабт дорад. Чизе, ки Шумо мебинед, хоҳиши мизоҷ аст. Тортро дар шакли китоб, пул, тӯб, гул, мошин, ҳавопаймо, хуллас ҳар чизе, ки мехоҳанд, омода мекунам. Мизоҷони ҳавасманду нозукназаре ҳам ҳастанд, ки мехоҳанд фарзандашон дар назди тӯбаш айнан ба шакли торт дароварда шавад. Ин корро борҳо анҷом додам, аммо мехоҳам дар наздиктарин фурсат ин амалро ба ҳадде касбӣ анҷом бидиҳам, ки он мисли муҷассама, мисли як инсони зинда айнан офарида шавад. Барои омӯзиши дақиқи ин ҳунар бо духтари калониам озими шаҳри Маскавам.
Шаклҳои гуногуне, ки рӯи торт мебинед, аз қанд омода шудаанд. Аз қанди обкардашуда дар ҳолати хеле гарм будан, ҳар гуна шаклҳоро меофарам. Бо ду- се дастпӯш ҳам дастонам месӯзанд. Вақте тез-тез аз он тӯб ё баргу гулу ҳар чизи лозимаро месозам, духтарон мепурсанд, ки оё дастонат намесӯзад, чаро, ки бағоят тафсон? Мегӯям, ки инро дӯст доштан лозим. Зебоиро бо ҳамин дастони одӣ месозам, - табассумкунон ба дастонаш ишора мекунад вай.
Ҷило ба ҳайси як модар мехоҳад духтаронаш соҳибтаҳсилоту дорои касбу кори гуногун бошанд. Аммо кӯдакон ба самти фаъолияти модар бештар шавқ доранд. Ба тавру шакли ба худ хос ширинӣ омода мекунанд. Духтари калониаш хело ҷиддӣ ба омӯзиши ҳунари қаннодӣ фурӯ рафтааст. Модар дар орзуи табибшудани яке аз чаҳор гулдухтаронаш аст, аммо баробари ба кор шурӯъ кардани Ҷило духтаракон зуд сари мизи заҳмат ҳозир мешаванд. Ба кораш назорат мекунанду аз ӯ тақлид.
Офаридани торти зебову хушмаза як тарафи масъала ва нигоҳ доштану то ҷои зарурӣ расонданаш тарафи дигари мавзӯи фаъолияташ аст. Дар сехҳои қаннодӣ шояд барои омода кардани як торт 2–3 соат вақт сарф шавад, аммо Ҷило барои як торт аз 1 то 5 рӯзро сарф мекунад. Ҳар торт инфиродӣ бо дастони худаш омода шуда, дар шаклу маза ягона аст.
- Боварнокарданист, аммо ҳар тортро дӯст медорам. Борҳо шудааст, ки дар баровардани торт аз дари сех мушкилӣ мекашем. Дар чунин ҳолатҳо гиря ҳам кардаам. То бурда расондани фармоиши ҳаҷман калон хело ҳаяҷон дорам. Тортҳое ҳаст, ки фазоиянд, онҳоро «қандил» (люстра) мегӯянд. Вақте бори аввал як торти калонҳаҷми «қандилӣ» омода кардам, онро бо 2 мошин то Кохи «Малика» бурдем. Ҷашни арӯсӣ буд. Ман тортро дар ҷояш омода мекардаму диққати аҳли толор ба кори ман. Торт бо ин ҳама бузургӣ, ки айнан мисли қандил аст, ҳатто меҷунбад, шояд барои ҷамъомадагон хеле ҷолиб буд, ки ҳама ба суратгирӣ аз он шурӯъ карданд. Он лаҳза ҳам тарс доштаму ҳам аз кори худ ҳаловат мебурдам, - механдад ҳамсуҳбатам.
Мепурсамаш, ки шояд ин шавқи ба даст овардани маблағ аст?
Бо табассуми малеҳ мегӯяд:
- Даромади ман чандон зиёд нест. Ҳоло барои дили худ кор мекунам. Ҳар вақте фармоиши мушкилеро бар зимма мегирам ва дар рафти кор хаста мешавам, мегӯям, ки дигар фармоишҳои фавқулода мушкилро бар зимма намегирам, аммо дафъаи дигар боз ба мушкилтараш даст мезанам.
- Аз рақобат наметарсӣ?, - мепурсам аз ӯ.
Посухаш бештар ба ҳайрат мегузорадам:
- Дар бозор ба ҳама ҷо мерасад. Дар рақобати солим касе ҷои касеро танг карда наметавонад. Бо аҷобат, таъму лаззати ногуфтанӣ ва зебоӣ тортҳои ман ҳамеша харидор меёбанд, - табассумкунон мегӯяд Ҷило.
- Шояд сирри махсуси ҳунаратро ба кормандонат ҳам накушоӣ?
- Не. Ман на танҳо ба кормандон, ба ҳама меомӯзам. Давраҳои омӯзишӣ мегузаронам. Наметарсам, зеро аз услуби худ дилпурам. Бовар дорам, ки ҳеҷ кас кори маро мисли ман айнан наметавонад анҷом бидиҳад. Баъзан шогирдон кӯшиш мекунанд, аммо фарқияташ саддарсадист. Ман як сир дорам: зиёд меҳр мемонаму зиёд кор мекунам, - иқрор мешавад Ҷило.
Арзиши тортҳои ӯ аз 250 сомонӣ оғоз мешавад. Арзиши яке аз тортҳояш 17 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Барои расидан ба ин рӯз хеле зиёд меҳнат карда, шабҳои бисёри бехобӣ кашида, баъд Ҷило шудааст.
- Субҳ, соати 6, ба коргоҳ меоям. Шаб, соати 12, ба хона меравам. Фармоишоти калонҳаҷм бошад, 4–5 рӯз аз сех намебароям. Меравам, кӯдаконам хобанд. Аз ҳар қадамашон хабар дорам. Дар масъалаи мактабу омӯзиши илм хеле сахтгирам, - мегӯяд ӯ.
Ҳоло тортҳои «Ҷило» дар фурӯш нестанд. Онҳоро танҳо тариқи фармоиш ва интизорӣ дарёфтан мумкин аст. Аммо вай дар наздиктарин фурсат мехоҳад мағозаву дуконҳое созмон бидиҳад, ки бо тортҳои хурду бузурги зебояш хостаҳои мизоҷонашро бароварда созад.… Имрӯз ҳам вай зери муроқибати табибон аст. Онҳо мегӯянд, ки дар табобат беҳбудиҳо ҳастанд. Худи Ҷило даст ба лоиҳаҳои бузургтаре заданист. Мехоҳад таъми тортҳояшро беш аз ин лаззати ногуфтанӣ бахшад. Хуллас, ҷавон асту нақшаҳои зиёде дорад. Мо дар арафаи Наврӯзи ҳуҷастарӯз барояш як таманно дорем, танаш сиҳат бошаду комҳо аз ҳунараш ширинтар гарданд!
Гулноза БОБОМУРОДОВА