Тарзи омода:
Ба шир рӯған ва моддаи ковоккунандаро андохта, сипас ордро ҳамроҳ намуда, 6 зувола тайёр мекунем. Ҳар як зуволаро ба хубӣ тунук карда, дар пушти тоба, даруни тафдон мепазем.
Крем:
1 қиёми шир, 2 қиёми шири пухтаро бо миксер ба хубӣ лат мезанем. Сипас, креми омодакардаамонро ба як фатирчаи пухтаамон молида, фатирчаҳои дигарро болои ҳам мегузорем ва ба ҳар қабати он крем мениҳем.