Тарзи омода намудан
Филаи мурғро муддати 20 дақиқа дар об ҷӯшонда, баъд аз хунук шуданаш ба шакли чоркунҷа реза менамоем. Лаблабуро низ ба ҳамин тарз реза карда, чормағзро дар асбоби блендер майда мекунем. Сафедии тухмро аз зардияш ҷудо карда, аз турбтарошак мегузаронем. Дар як лаълии ҳаҷмаш миёна филаи мурғро гузошта, аз болояш каме намак пошида, майонез мерезем. Ҳамин тариқ, баъд аз қабати дувум зардии тухм, лаблабу, панири аз турбтарошак гузаронда, чормағз ва сафедии тухмро мегузорем. Ба ҳар як қабати он майонез мерезем. Қисми болоияшро метавонед бо сабзӣ ва дар намуди соат оро диҳед.