Крем:
1 - пачка равғани маска;
1- қуттӣ ширқиёми ҷӯшонидашуда;
2 - қуттӣ йогурт.
Тарзи тайёр намудан:
Зардии тухмро аз сафедиаш ҷудо карда, ба зардии тухм об ва як пиёла шакарро ҳамроҳ мекунем. То сафедчатоб шуданаш бо миксер лат мезанем.Сафедии тухмро низ бо як пиёла шакар то ба мисли қаймоқ шуданаш лат мезанем. Баъд аз он сафедии тухмро бо зардияш якҷоя карда, ба он орд ва хокаи нармкунанда ҳамроҳ менамоем ва бо миксер лат мезанем. Хамири омодашударо дар ҳарорати 150 дараҷа гармӣ дар тафдон мепазем.
Крем
Тарзи тайёр намудан:
1 пачка равғани маскаро бо як қуттӣ ширқиёми ҷӯшонидашуда лат мезанем. Қисме аз кремро гирифта, ба боқимондааш 2-қутти йогурти тамъи ананасдоштаро ҳамроҳ менамоему лат мезанем.
Хамири пухташударо баъд аз хунук шудан ду тақсим мекунем. Оби ананаси консервонидашударо ба болои хамири буридаамон мепошему крем мемолем. Баъдан, қисме аз ананасҳоро ба болояш мегузорем. Ҳамин тавр, қабати дуюми тортро гузошта, болояшро крем мекунем ва бо ананасҳои боқимонда оро медиҳем. Торт омода шуд!