07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОДИРИНГИ КАМНАМАК

 

Маводи зарурӣ:

Бодиринг – 1,8 кг.

Шибит – 3 бандча.

Сирпиёз – 9 дандонача.

Барги қот – 6 дона.

Барои намакоб:

Намак - 4 қошуқ.

Об – 2 литр.

Барги ғор – 2–3 дона.

Донаи мурч – 8–10 дона.

Тарзи тайёр намудан:

Бодирингро тоза мешӯем ва каме мегузорем, то обаш хушк шавад. Ба зарфҳои тамизшуда шибит, 3 - донагӣ сирпиёз ва баргҳои қотро меандозем ва сипас бодирингҳоро болои ҳам зич мечинем.

Акнун бояд намакобро омода кунем. Барои ин ба дег об ва намак меандозем, барги ғор ва донаи мурчро ҳам илова менамоем. Ду қошуқ намак барои як литр об кифоя аст. Дегро дар болои оташдон мегузорем ва то ҷӯшиданаш интизор мешавем. Намакоби ҷӯшомадаро ба болои зарфҳои омоданамудаамон мерезем. Даҳонашро бо сарпӯши тамизкарда сахтакак маҳкам карда, чаппа менамоем ва болояшро бо кӯрпа мепӯшонем. Пас аз як рӯз зарфҳоро рост карда, дар ҷои салқину торик нигоҳ медорем.

 

БОДИРИНГ БО УСУЛИ КОРЕЯГӢ

Барои омода кардани бодиринг барои зимис­тон бо усули кореягӣ метавон аз бодиринги гуногуншакл ва гуногунандоза низ истифода кард.

Маҳсулот:

Бодиринг - 2 кг.

Сабзӣ - 500 г.

Шакар - 0,5 истакон.

Намак - 50 г.

Равғани рустанӣ - 0,5 истакон.

Сирко 9 % - 0,5 истакон.

Хӯриш барои сабзии кореягӣ - 1 қуттӣ (10 г).

Сирпиёз - 1 сар (аз рӯи завқ).

Қаламфури сурхи кӯфтаи тунд - аз рӯи завқ.

Аз маҳсулоти мазкур 5 банкаи нимлитраи бодиринг омода карда мешавад.

Бодирингро бо усули кореягӣ ба ин тарз омода мекунанд:

Бодирингро тоза шуста, ба таври доира ё нимдоира мебуранд.

Сабзиро аз пӯсташ тоза намуда, мешӯянд ва аз сабзирезакунак (чун сабзии оши палов) мегузаронанд.

Сирпиёзро тоза намуда, мешӯянд ва аз пресс мегузаронанд.

Бодиринг ва сабзиро ба кастрюлка (дегчаи сирдор) андохта, намак мекунем, шакару сирко, равғани рустанӣ, хӯриш барои сабзии кореягӣ ва сирпиёзро илова менамоем. Маҳсулоти мазкурро ба ҳам меомезем ва сарпӯши кастрюлкаро маҳкам карда, 4 соат нигоҳ медорем.

Банкаҳо ва сарпӯши онҳоро 10 дақиқа ҷӯшонда, тамиз мекунем. Сипас салатро ба банкаҳо андохта, сарпӯшашонро маҳкам менамоем ва онҳоро чаппа карда, то пурра хунук шуданашон бо сачоқ ё матои дигар мепечонем. Ҳамин тавр, бодиринг бо усули кореягӣ омода шуд.

 

:.  Дастархон 13.09.2017 09:13 1959

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz