07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХОНИ НАВРӮЗӢ

 

Рубич

Як косаи чинӣ орду дар дуғовии дигар каме обро бо намак омехта, дастҳоро дар об таркунон хамирро мехелед. Баъд ӯмочро бо элак бехта, равғани маскаро доғ намуда, маҳсулотро ба даруни он меандозед. То сурх шуданаш омехта намуда, ба он каме об мерезед. Агар сахт ояд, боз каме ба он об рехта ба дарунаш пиёзи сафеду сабз, гашнич ва намак меандозед. Баъд онро дар лаълӣ гирифта ба дастархон мегузоред.

Оши бурида

Мувофиқи зувола ордро гирифта, баъдан як дона тухм меандозеду намакашро зиёдтар гирифта об мерезед. Хамирашро зиёдтар хелидан лозим. Ва чор - панч зувола мегиред. Баъд дар дег об андохта, нахуд, олуча, лубиёро дар он меҷӯшонед. Зуволаро бо ухлоқу тахта тунук намуда, бо корди махсус онро тунук мебуред. Баъд онро дар табақ бо каме обаш гирифта,дар болояш пиёзу гашничу помидору бодиринг ва чака меафзоед.

Оши туппа

Оши туппаро низ ба мисли оши бурида омода мекунанд. Каме орд ва намаку обро якҷоя карда хамир мехелед. Баъд хамирро зувола мегиред. Зуволаро дар ухлоқ печонида аз байнаш мебуред. Пас аз ин онро боз чоркунҷа буридан лозим. Дар дег обро ҷӯшонда, ба он табъи завқ нахуду лубиё ва пудинаву гашничу пиёз андохта ҷӯш медиҳед. Сипас оши туппаро ба дарунаш меандозед ва онро дар лаълӣ гирифта, болояшро бо чакаву гашничу пиёзу помидор оро медиҳед.

Кадуи таги алов

Сари кадуро гирд бурида, дарунашро тоза мекунед. Пиёзи сафеди майдакарда, гӯшти бурида, равғани яхин, мурч, зира ва намакро омехта даруни каду меандозед ва даҳонашро мебандед. Пас аз хамир бастан кадуро бо лат­таи тунуки тар печонда, ба дегдон меандозед ва болояшро бо лахчаи сӯзон пӯшонда то саҳар дар он ҷо мемонед. Баъд латтаро кушода, чор пораи дарозак бурида, сипас онро майда–майда намуда, дар табақча мегиред ва болояшро мувофиқи табъ бо гашничу пиёз ва помидор оро медиҳед.

Таҳияи МАДИНА

 

:.  Дастархон 31.03.2017 11:33 1754

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz