Рӯзе, ки борон меборад ба берун мебароранд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хонае, ки даромадани каси бегона он ҷо мумкин нест, мегузоранд. Ба гуфти кадбонуҳо то сабз шудани гандум бояд касе онро набинад, зеро «пай» меафтодааст. Дар вақти пухтани суманак ҳам кӯшиш мекунанд, ки ягон каси нопок ба болои дег наояд. Дар ҳолати парридани зарраҳои суманак мегӯянд, ки суманак дар дег намеистад, «пай» ғалтидааст, ё чашми кадом нопоке расидааст.
Ақидаи дигаре ҳам ҳаст, ки ҳар касе аз дӯстон ё ҳамсоягон агар дар вақти пухтан ба назди суманакпазон ояд, бояд то пухтани суманак, яъне то ба саҳар ҳамроҳи онҳо бошад. Омадану рафтан иҷозат нест.
Одамони азодор набояд гандум сабзонанд. Тибқи боварҳо, агар шахси азодор ё мотамдор гандум сабзонад, решаҳои сабза мисли хун сурх мешудааст, ки онро «сабза вайрон шуд», гуфта, мепартофтаанд.
Рузи суманакпазӣ 3-4 нафар занҳои хамсоя бо машварат дар хонаи яке ҷамъ шуда, суфраеро боз мекунанд. Сабзаҳоро рӯяш гузошта, ояте аз Куръони карим тиловат кардаву дар ҳаққи пирон дуо мехонанд. Пас сабзаҳоро мебуранд. Ҳамон лаҳза шираро ба дег меандозанд, то чашми бегонае набинаду пай наафтад.
Занҳо ба таги дег оташ афрӯхта, бо навбат дегро бо кафча ё кафгир мекобанд. Дар дег ҳафт дона сангча меандозанд, ки рамзи бобаракатист. Дар назди алав нишаста, барои хобашон набурдан афсонаӯиву чистонёбӣ, шеъру сурудхонӣ мекунанд.
Субҳ вақте суманак тайёр шуд, мардумро даъват карда, боз рақсу бозӣ мекунанд. Бонувон сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу шӯхиҳо ва ҷавонмардон гӯштингирӣ мекунанд. Зеро байни мардум боваре ҳаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмонӣ пешвоз бигирӣ, ҳамон сол пурра ба хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳӣ кард.
Суруди маъруфи занҳои суманакпаз, ки ҳангоми пухтани ин ғизои рамзии наврузӣ бо доиранавозӣ ба тариқи умумӣ мехонанд, чунин аст:
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Суманак бӯи баҳор аст,
Суманак авҷу барор аст,
Мелаи шабзиндадор аст,
Иди наврузӣ муборак!
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Суманак ширинии ёр аст,
Суманак аҷаб нигор аст,
Суманак зеби баҳор аст,
Иди наврузӣ муборак!
Дар водии Ҳисор тарзи пухтани суманак чунин иҷро мешавад: Гандум ҳамин ки бо оби борон дар муддати 5-6 рӯз сабзида, барои ширагирӣ омода шуд, пиразане сабзаро бо корд бурида, онро ба хован меандозад. Сипас, хонумҳои ҷавонтар онро кӯфта, об зада, шираашро мегиранд. Баъдан, кадбону оташи дегро равшан карда, ба он об рехта, равған меандозад. Дар баъзе ҷойҳо пеш аз шираро ба дег андохтан, бо нияти шод гардонидани рӯҳи гузаштагон чалпак мепазанд. Аз пиру пайғамбарон ёдовар шуда, кушоиши кор ва мадад металабанд. Пас аз ин, шираи сабзаи гандумро бо орд ҳамроҳ намуда, ба дег меандозанд ва онро бо кафгир мекобанд. Бонувони дигар низ бо навбат дегро кофтан мегиранд. Ҳангоми кофтани дег таронаи «Суманак дар дег, мо кафча занем»-ро месароянд.
Дар аксари маҳалҳо кадбонуҳо ҳангоми суманакпазӣ мардонро ба назди дег роҳ намедиҳанд. Ба деги суманак ҳафт дона чормағз ва баъзан ҳафт сангча меандозанд. Шаби суманакпазӣ занҳо умуман намехобанд. Таомҳои гуногуни миллӣ пухта, шеъру тарона хонда, вақташонро хуш мегузаронанд. Аз аввали шаб то субҳ даф зада, рақсу бозӣ ва таронасароӣ мекунанд. Рисолаи суманакро кадбону мехонаду дигарон ба қироати рисола гӯш медиҳанд. Хонуме аз иштироккунандагони маросими «суманакпазӣ» бихобад, занҳои шӯх ба рӯю абрувони ӯ сиёҳии дегро молида, ӯро мазоқ мекунанд.
Пеш аз дамидани субҳ оташи деги суманакро хомӯш карда, болояшро бо латтаи тоза ё сарпӯш мепӯшанд. Субҳи содиқ ҳамин ки хонумҳо дигарбора ба ҳам ҷамъ омаданд, кадбону «бисмилоҳи раҳмони раҳим, дасти ман не, дасти азизон» - гуён сарпӯши дегро мебардорад. Суманакро аввал барои аҳли масҷид, пирони гузар ва пасон ба аҳли маросим, ҳаққу ҳамсояву хешу табор тақсим мекунанд.