07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХӮРОК БО ГӮШТИ ГӮСФАНД

 

Гӯштро реза намуда пиёзро нимдоира бурида ба дохили гӯшт мепартоем. Лимуро низ ба мисли пиёз бурида ба дохили маҳсулоти номбурда меандозем. Сипас ду қошуқ сиркоро илова намуда болояшро пӯшонда ба муддати 30 дақиқа онро дар яхдон мегузорем.

Дегро болои оташ гузошта ба он чарбу мерезем. Гӯштро аз яхдон бароварда пиёзу лимуяшро тоза мекунем ва то сурх шуданаш онро дар равған тоб медиҳем. Дегро бо сарпӯш маҳкам карда то муддати понз­даҳ дақиқа намекушоем.

То пухтани гӯшт пиёзро бо гашнич реза карда ба он як қошуқи калон сирко, камтар намак ва каме шакар илова намуда муддати даҳ дақиқа ҳамаашро нигоҳ медорем.

Дар дег картошкаро ду пора ё чор қисмат намуда мувофиқи табъ реза карда мепазем. Сипас картошкаро бо гӯшт омехта намуда болояшро мувофиқ ба завқ оро медиҳем.

 

ХӮРИШИ БЕ МАЙОНЕЗ

Маҳсулот:

400 г панир

2–3 дона помидор

1/2 истакон райҳони резакарда

1–2 қошуқи калони зайтун

1–2 қошуқи майда сирко

Намак мувофиқи тамъ

Панирро тунук реза карда сипас помидорро нимдоира реза мекунем. Баъд аз он бо навбат дар лаълии ҳамвор онҳоро гирд мечинем. Равған­ро бо сирко ва намак омехта намуда райҳонро дар болояш мепошем. Пеш аз хӯришро ба дастархон мондан онро бояд каме дар яхдон хунук намоем.

 

ҚАНДИНАИ «КЯТА»

Маҳсулот:

1.Орд- 4 истакон.

2. Маргарин ё равғани маска- 300 гр.

3.Қаймоқ (сметана)- 1 истакон.

4.Ванилин (маводи хуш­бӯй) - мувофиқи тамъ.

5.Намак - мувофиқи тамъ.

6.Сода 0,5 гр.- ним қошуқчаи хурд.

7.Тухм - 1 дона.

Маргаринро аз турбтарошак мегузаронем. Содаро дар дохили қаймоқ (сметана) андохта, каме ба он намак омехта менамоем. Маргаринро бо қаймоқ ва ванилин якҷоя намуда, ба он се истакон орд мерезем. Ҳангоми омехта кардани хамир ба маҳсулоти номбурда боз як истакон орд мерезем. Хамирро ба монанди кулча ду тақсим намуда онро ба яхдон мегузорем.

Барои дохили қандина 1 истакон шакар, як истакон орд, 150 грамм маргаринро аз турб­тарошак гузаронда, ванилинро мувофиқи тамъ якҷоя менамоем. Сипас кулчаҳоро аз яхдон бароварда тунук мекунем ва маҳсулоти тайёрнамудаамонро ба болои он гузошта, баъд аз он кулчаи дуюмро низ тунук карда ба болои он гузошта боқимондаи шакару маргаринро ба он мерезем. Сипас хамирро ба монанди рулет печонида бо корд онро порча-порча мебурем. Ба болояш зардии тухм молида, мувофиқи завқ дони кунҷит пошида, дар тафдон (духовка) дар 150–200 дараҷа гармӣ муддати 20–25 дақиқа мепазем.

Таҳияи Мадина

 

:.  Дастархон 17.02.2017 06:19 1662

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz