Пўсти картошка
Пӯсти картошкаро барои пас кардани фишори хун истифода менамоянд. Пўсти картошкаро бо об омехта карда, муддати даҳ дақиқа меҷӯшонем. Сипас, онро хунук намуда, муддати як шабонарӯз аз 2 то 4 қошуқ пеш аз хӯрок истеъмол менамоем. Ҳангоми шамолхўрии роњи нафас (бронхит) пӯсти картошкаро 10-15 дақиқа ҷӯшонида, обашро мерезему пўстро ба дока печонида ба болои қафаси сина мегузорем.
Пўсти пиёз
Пӯсти пиёз аз сардӣ ва зуком шифо мебахшад. Пӯсти пиёзро дар оби хунук андохта, баъд аз ҷӯшидан муддати 3 то 5 дақиқа аз буѓи он нафас мекашем. Њамчунин, бо оби он метавон гулӯ ва даҳонро ҳангоми гулӯдард обгардон намуд. Пӯсти пиёзро ҷӯшонида бо он сар шустан њам хуб аст. Рехтани мӯйи сарро кам мекунад.
Мадина