Тарзи тайёр намудани хӯришро Люсьен Оливье махфӣ нигоҳ медошт. Гуфтан ҷоиз аст, ки аввалин хӯриши «Оливье» аз маҳсулоте тайёр карда мешуд, ки нархи қиммат доштанд.
Бо мурури замон таркиби хӯриш чандинкарата дигаргун шудааст. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба дастури тайёр кардани хӯриши «Оливье» 6 намуд маҳсулот дохил мешуд. Инҳо: тухм, гӯшт, картошка, бодиринги намакдор, нахӯти сабзи консервакардашуда, майонез буданд. Ҳамаи намуди маҳсулотро чоркунҷа реза карда, майонез ҳамроҳ мекарданд. Аз сабаби ба ҳамагон дастрас будани маҳсулоти хӯриш, «Оливье» ба ҳар як мизи идона гузошта мешуд.
Номи дигари хӯриши «Оливье» хӯриши «Зимистона» мебошад. Ин ном солҳои 90-уми асри 20 ба «Оливье» дода шуд. Чунин хӯришро бо маҳсулоти зимистона тайёр намудан хеле осон буд. Худи ҳамин солҳо ба хӯриш сабзии пухтушуда, ҳасиб, дар баъзе маврид себ ва пиёзи кабуд ҳамроҳ карда шуд. Зиёдтарин хӯриши «Оливье» 1007,8кг вазн дошта, соли 2009 тайёр карда шуда буд. Барои тайёр намудани он 190 кг картошка, 5000 дона тухм, 231 кг бодиринг, 167 кг ҳасиб, 75 кг нахӯти кабуд, 3 кг намак сарф шудааст.
Агар ба хӯриши «Оливье» ба ҷои гӯшт ҳасибро илова намоем, хӯриш номи «Столичный», агар картошкаи пухтаро бисёртар ҳамроҳ намоем, хӯриш номи «Московский»-ро мегирад. Бо кадом маҳсулот тайёр намудани хӯриши «Оливье» ба хоҳиши худи шумо вобастааст. Шумо метавонед маҳсулоти дилхоҳатонро ҳамроҳ намоед, лек таркиби асосии он бояд аз тухм, картошка, гӯшт, сабзӣ, нахӯти сабз ва майонез иборат бошад. Агар хоҳед, ки хӯриши «Оливье» камкаллория шавад, ба ҷои майонез қаймоқро бо ҷурғот ҳамроҳ намоед.