Барои қима:
Қима (гӯшти гов ва ё гӯшти гӯспанд) – 500-600 грамм
Биринҷ – 4-6 чумчаи калон
Пиёз – 4-5 дона
Равғани маска – 50-70 грамм
Равғани растани – 50-70 грамм
Кабуди мувофиқи таъм
Зира мувофиқи таъм
Мурчи кӯфташуда мувофиқи таъм
Намак
Барои қайла:
Қаймоқ – 1 истакон
Сир – 4-5 дандона
Кабуди мувофиқи таъм
Намак
Тарзи тайёр намудан:
Барги токро, агар тару тозааш набошад, хушккардаашро дар оби ҷӯшомада 5-7 дақиқа тар мекунем. Дар тоба равғани растанӣ ва равғани маскаро якҷоя намуда гарм мекунем ва ба он пиёзи майда резакардашударо каме намак намуда мезирбонем. Биринҷро дар оби ҷӯшомадаистода 2-3 дақиқа меҷӯшонем ва пас аз пухта шуданаш обашро мерезем.
Дар тағорача қима, пиёзи бирёнкардашуда, биринҷи обҷӯшкардашуда, кабудии резакардашуда, каме зира, намак ва мурчи кӯфташударо якҷоя мекунем.
|
Ба қисми дарунии барги ток қимаро андохта сахт мепечонем, то он кушода нашавад.
Барги токи печонидашударо ба дег бо тарафи печондааш хамонда мечинем ва ба он оби ҷӯшидаистодаи намакдоро мерезем.
Ва дар оташи паст 1-1,5 соат мегузорем то он биҷӯшад ва бипазад.
Пас аз пухташуданаш оташи онро хомӯш намуда боз ба муддати 10 дақиқа мегузорем то он каме дам гирад.
Тарзи тайёр намудани қайла:
Кабуди ва сиро майда реза мекунем ва бо қаймоқ якҷоя намуда дар яхдон муддати 2-4 соат мегузорем то он тайёр шавад. Метавонед қайларо пеш аз барги токро пухтан тайёр намуда ба яхдон гузоред. Хӯроки тайёршударо метавонед бо қайла пешниҳод намоед. Бо иштиҳои том!
Сараева Ф.