Аз зардолу мураббо, афшураю шарбатҳо тайёр мекунанд. Зардолуи хушки аз донак тозакардашуда махсусан маъмул мебошад. Зардолуи хушк ғизонокии баланд дошта, дорои карбогидратҳои тезҳалшаванда мебошад. Зардолуи хушкро ҳамчун манбаи серғизо ва шифобахш дар андозаи 100-150 грамм дар як шабонарӯз ба одамони лоғару заиф ва беморон тавсия мекунанд. Истеъмоли зардолуи хушк ба одамони гирифтори касалиҳои дил, камхунӣ ва авитаминоз фоидаовар аст. Дар тибби миллии Хитой тухмимаѓзи донаки зардолуро хамчун воситаи муолиҷаи сулфа ва ғайра истеъмол менамоянд. Ҳамчунин истеъмоли мағзи зардолу дар баробарии дигар растаниҳои шифобахш барои муолиҷаи бронхит, трахит, ларингит, сулфаи кабутак ва нефрит мувофиқи мақсад аст.
Зиёда аз 20 навъи зардолу маълум хаст, ки бо роҳи тухмӣ ва пайванд афзоиш меёбанд. Навъҳои зардолуњои Осиёи Марказӣ, ки таркибашон бо ширинии баланд фарк мекунанд, ѓулинг меноманд (мардуми туркзабон тамоми навъхои зардолуро чунин меноманд). Навъҳои мазкур гармиро дӯст медоранд ва дар шароити табии Руссия афзоиш намеёбанд.
Дар таркиби лахми зардолуи тару тоза аз 4,7 то 27 % қанд, миқдори на он қадар зиёди декстрин, инулин ва крахмал дида мешавад. Дар зардолу летчатка — 0,8 %, ишкорҳои органикӣ — 1,3 % ба назар мерасад. Дар меваҳои тару тозаи зардолу кариб 305 % намаки калий, дар меваи хушк — 5—6 маротиба зиёдтар моддахои фоидаовар мавҷуд мебошанд. Барои ҳамин, истеъмоли зардолуро ба беморони дил ва гурда тавсия медиҳанд. Ҳамчунин, моддаҳои минералии калий, магний, фосфор дар таркиби зардолу зиёд аст. Аз микроэлементҳо бошад, намаки оҳан ва пайвастаҳои йод дар навъҳои армании зардолу бисёр мебошад. Зардолу истеъмол намоед ва ҳамеша солим бошед!
Гулноз