Вай пас аз хатми мактаби деҳа, соли 1979, шомили факултети таърихи Донишгоҳи миллӣ гардид ва онро бомуваффақият тамом карда, соли 1985 ба фаъолият оғоз намуд. Оиладор ва модари ду фарзанд аст.
- Ҳама чиз таърихи худро дорад, ҳатто як пора коғазе, ки мо гоҳо онро нодида мегирем. Ва вақте кас ба омӯзиши таърих машғул мешавад, воқеан эҳсос менамояд, ки вориди дунёи рангине мешавад ва хоҳ-нохоҳ, тафовут ӯро ба андеша водор месозад, - мегӯяд Сайрам Раҳмонова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти ноҳияи Варзоб ва суханашро идома медиҳад:
- Ҳунарҳои миллии мо таърихи кӯҳан доранд ва қобили дастгириву эҳёгардонӣ ҳам ҳастанд. Зеро таваҷҷуҳи мардуми хориҷ ба ҳунарҳои аҷдодӣ ва таомҳои миллии мо хеле зиёд аст. Азбаски Варзоб ноҳияи туристӣ эълон шудааст ва гузари сайёҳон ба ин мавзеъ хеле зиёд меафтад, мебинам, ки чӣ сон онҳо аз ҳунарҳои миллии мо ҳавасашон меояд ва ё хӯрокҳои миллиамонро бо иштиҳо тановул мекунанду аҳсан мегӯянд.
Сайрам Раҳмонова ба бонувон тарзи омода кардани якчанд номгӯи таомҳои миллиро пешниҳод мекунад, ки ҳоло ҳам миёни кадбонуҳои маҳаллӣ онҳоро барои хӯроки наҳорӣ тайёр менамоянд.
Тухмбирёни бо гард (бо орд) :
Барои ин ба мо чор тухм, се-чор қошуқ орд ва шир, намак ва кабудию зира лозим аст.
Аввал тухмҳоро тоза шуста, шикаста, ба коса меандозем. Ордро ҳам меандозем. Сипас онҳоро бо ҳам омехта, лат мезанем. Кабудию намаку зираро ба он илова мекунему боз лат мезанем. Баъд дар равғани начандон тасфон мепазем.
Бурсоқчаҳои асалин:
Аксар вақт бонувон нонҳои хушкро мепартоянд, вале бояд гуфт, ки зани хуб ҳатто мағзи нонаш намепартояд. Метавонад, ки аз маводи кам ҳам таоме барои аҳли хонадонаш омода созад. Ҳадаф аз ин гуфтаҳо он аст, ки бонувони мо сарфакориро ёд гиранду ба исрофкорӣ одат накунанд.
Хуллас, барои бурсоқчаи асалин ё тӯбчаҳои асалини мо чӣ лозим аст? Нони хушк, мағзи чормағз ва асал.
Нони хушкро майда кӯбед ва ба он мағзи кӯфтаи чормағзу асалро андохта, кулӯла-кулӯла кунед. Тӯбчаҳои асалин тайёр шуд.
Кадулафкак:
Ин намуди таом хеле сабуку зудҳазмшаванда ва тарзи омода карданаш ҳам осон асту вақти зиёдро намегирад. Барои ин, як кадуро мегирему аз донакҳо пок мекунем. Ба чанд бурида тақсим мекунему кам-кам намак пошида, ба тафдон мемонем. Баъди пухтанаш рӯяшро бо кабудӣ оро медиҳем.
Бо иштиҳо бошед!
Қутбия