07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОЁ ШУМО ЧУНИН МОШПИЁБАРО ХӮРДАЕД?

- Солҳои аввали оиладориамон кӯшиш мекардам, ки ҳар чи бештар аз намудҳои таомҳои ҳозиразамон барои аҳли оила тайёр кунам. Ҳама бо иштиҳо мехӯрданд ва медидам, ки гоҳо хушдоманам зиёдтар ба ғизоҳои миллӣ ҳавасашон мерафт ва бо маслиҳати он кас омода кардани хӯрокҳои қадимаи тоҷикиро ҳам омӯхтам. Як намуди ғизое, ки ҳозир пешкаши бонувон мегардонам, мошпиёба бо каду мебошад. Мошпиёба хӯроки хеле бомазза ва ҳам парҳезӣ аст, чунки чандон ғизодор нест ва дар он асосан сабзавот истифода мешавад.  Бояд гуфт, ки каду ба бемориҳои меъдаву рӯда ва камхунӣ фоидаовар  буда, таркиби он аз сафеда, намакҳои минералӣ ва витаминҳо бой мебошад, - мегӯяд Гулчеҳра Ҷалолова, иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.

          

Инак, тарзи омода кардани мошпиёбаи кадугӣ:

Барои пухтани мошпиёба ба мо равғани растанӣ, гӯшти устухондор, сабзӣ, помидор, пиёз, қаламфури булғорӣ, гӯшти қима, як коса мош ва каду лозим аст. Аввал ба дег равған меандозем ва сипас гӯшти устухондорро илова намуда, таф медиҳем. Баъдан, пайи ҳам бо зирбондани якеаш дигарашро ба дег меандозем. Дар охир оби хунукро мерезем (агар оби гарм резем, мош дертар мекафад ва чандон шира намедиҳад). Гӯшти қимаро бо пиёз омехта карда, луккача мекунем ва ба деги ҷӯшнаомада меандозем. Баъдан кадуро чоркунҷа майда мекунему онро ҳам илова мекунем. Намак меандозем. Ва агар лубиё илова кунем, боз бомаззатар мешавад. Пӯшондани сарпӯши дегро фаромӯш накунед!  Дар оташи паст муддати 1 соат меҷӯшонем. 

Баъди тайёр шудани мошпиёба онро бо кабутӣ ва чакка истеъмол намоед. Хеле бомазза аст. Боиштиҳо бошед! 

                                                                                                     

Қутбия

:.  Дастархон 16.09.2015 10:14 2054

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz