07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МЕВАВУ САБЗАВОТУ РАСТАНИҲО ДАВОИ ҲАМАИ ДАРДҲО

Касе, ки ҷоғар дорад, барои беҳдошти саломатӣ  ҷисмашро бояд аз витаминҳо шодоб созад. Гиёҳоби газанда, баргу меваи қарақот, барги марминҷон, меваи настаран (хуч) аз витаминҳо бой ҳастанд. Ҳамарӯза гиёҳҳои номбаршударо ҷӯшонда бинӯшед, ҷисматон аз витаминҳо бой гашта, бемории ҷоғарро метавон фаромӯш намуд.

25 грамм барги хушки чормағзро дар як литр оби ҷӯш як соат дам партофта, ҳар рӯз саҳар, нисфирӯзи ва бегоҳӣ як пиёлагӣ  бинӯшед. Тақрибан як ҳафта ин амалро такрор намоед ва  шумо беҳбудиву нест гардидани  бемории ҷоғаро ҳис мекунед.

Ҷав қанди хунро паст мекунад. 100 грамм тухми ҷавро дар як литр об муддати 2 рӯз дам партофта баъд  рӯзе 3-4 маротиба бинӯшед.

Барги биҳӣ, барги чормағз, барги газна, барги мушхорро ба андозаи гирифта , хушк карда нағзакак омехта намоед ва ба гиёҳҳои махлутшуда 2 қошуқашро дар ним лирт об  2-3 дақиқа ҷӯшонед. Пас аз хунук шудани гиёҳлби ҳосилшуда ҳар рӯз аз ин даво 3 маротиба 50 граммӣ бинӯшед.

Гули ҳамешабаҳор, бӯи модарони маҳинбарг ва гиёҳи говзабонро ба андозаи баробар гирифта хуб омехта намоед.ва 5 чумчаи калон аз ин таркибро дар як литр оби ҷӯш муддати як соат дам партофта пас  соф карда рӯзе 3 маротиба 100 граммӣ ширин карда бинӯшед.

2 чумчаи калон аз гиёҳи бодранҷбоя, ҳамешабаҳор ва як чумчаи калон аз талхявшону карафсро дар як литр оби ҷӯш дам партоед. Пас аз 2-3 соат гиёҳоби ҳосилшударо соф карда дар тӯли рӯз кам -  кам нӯши ҷон намоед.

15 грамм гули устухуддус (лаванд) – ро дар 100 грамм спирти 95% андохта, муддати 15 рӯз дар ҷойи торик нигоҳ доред. Сипас ҳар рӯз 1 бор ин даворо ба решаи мӯйҳоятон молед он сабӯсакро нест ва мӯйи саратонро ғавсу зебову ҷилодор месозад.

Керасин ва сиркои ангуриро ба андозаи баробар гирифта  хуб омехта карда ба он оби танаи ангурро илова намуда бо он  сарро  маҳс намоед. Пас аз он, саратонро бо оби ширгарм бишӯед.

Шираи гули алоэро бо шароби ангури ҳамроҳ намуда  ба сар бимолед. Ва муддате чанд саратонро бо оби ширгарм қатрон намоед. 

100 грамм барги газна, 40 грамм решаи аир, 150 мл спирти 95 % ва 100 мл обро гирифта ҳамаи онро омехта менамоем. Баъд аз он муддати 20 рӯз дорувориро дар ҷои торик нигоҳ дошта, пас аз он ҳамарӯза  ин дорувории тайёршударо ба мӯйҳоятон молед.  Пас аз истифодаи ин доруворӣ мӯятон  ғавсу  зебову ҷилодор мегардад. 

                                                                                                       

Ф. Сараева

:.  Дастархон 28.08.2015 05:48 2106

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz