07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ФОИДАВУ ЗИЁНИ БОДОМ

Дар Мисри Қадим танҳо аъзоёни ҳокимияти олӣ аз хӯрданиҳои лазизи бодомдор истеъмол мекарданд. Дар мамлакати Англия бодоми аз пояи дарахт гирифташуда рамзи муваффақият ва сарватмандӣ ба ҳисоб меравад. Дар кишвари Швейтсария чунин як қоида ҳаст, ки дар иду айёмҳо ҳангоми пухтани панири махсуси идона ба дохилаш бодом меандозанд. Масалан, дар фаро расидани соли нав ҳамин гуна панирро пухта, ба одамона пора-пора тақсим карда медиҳанд. Ин иқдом бо мақсаде сурат мегирад, ки гӯё барои одамони аз ин панир истеъмолнамуда соли нав соли пурбаракат ва серпул меомадааст. Бодомро дар солҳои гуруснагӣ зиёд истеъмол мекарданд. Орди гандум, ки камёб буд бештар вақт одамон аз орди бодом маҳсулоти нонӣ омода мекарданд. Орди бодом хусусияти то дер гоҳ сер нигоҳ доштани  меъдаро дорад. Як далели аҷиб, ҳар сол санаи 16-уми феврал чун рӯзи умумиҷаҳонии бодом дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷашн гирифта мешавад. Дар Амрико дар аксар маҳсулоти хӯрока бодом ҳамроҳ мекунанд. Дар Португалия ва Испания бошад Рӯзи бодом ҳамасола моҳи январ бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Бодом аслан ду намуд мешвад: талх ва ширин. Бодоми талхро танҳо бо мақсади доругӣ истифода мебаранд. Бояд гуфт, ки бодом дар соҳаи истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни костметикӣ ҳам васеъ истифода бурда мешавад. Бодомро дар истеҳсоли малҳам барои пӯсти даст, малҳам барои бартараф кардани ожангҳои пӯсти рӯй ва ҳоказо истифода мебаранд. Мағзи бодоми талхро дар истеҳсоли собунҳои намуди гуногун васеъ истифода мебаранд. Бодоми талх барои инсон метавонад марговар бошад, зеро дар таркиби он миқдори зиёди гликозид ва амигдалин мавҷуд мебошад. Итеъмоли на зиёда аз 50 дона мағзи бодоми талх инсонро ба ҳалокат мерасонад.

                                                                                                 

 Гулноз

:.  Дастархон 24.07.2015 06:34 2313

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz