06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ГИЁҲОИ ТАБОБАТӢ

 Ҳангоми ихтилоҷи сулфа ва шамолкашии шуш – дар 1 литр об 10 грамм хушккардаи панираки ҷангалиро муддати панҷ дақиқа ҷӯшонида хунук намоед. Ва онро рӯзе 3-4 маротиба бинӯшед.

10 грамм хушкшкардаи гиёҳро дар 1 литр об муддати 15-20 дақиқа дар оташи паст ҷӯшонида бо он об ғар – ғара кунед.  

 

Сиёҳдона ҳангоми бемории роҳи нафас, меъда, рӯда, гурда, дил, барои қавӣ шудани  масуният ва беҳтар шудани ҳолати тамоми организм  итсифода  мешавад. Дар тибби халқӣ  тухми сиёҳдонаро чой намуда барои пешобронӣ , дамиш, талха, исҳол, зиди гиҷҷа истифода мебаранд. Боз онро ҳангоми заҳролудшавии вазнин, ки ба сар задани вараҷа ва варами фузун, захми неши мори заҳрдор, ақраб, ору, шамолкашии шуш, зардча, зиққи нафас, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ,  бемории сипурз, бемории меъда , ҷигар ва ғайра истифода мебаранд. Ҳангоми ингуна бемориҳо тухми сиёҳдонаи бирёншуда ва ё дар об, асал  ва ё сиркои бо об омехта кардашударо истеъмол намудан   ингуна бемориҳоро метавонад пешгири намояд.   

                                                

Нойи бӯё 

Нойро ҳангоми бемории бронхит, варами пардаи шуш, санги талхаю гурда, давраи қатъи ҳайз ва бемории инпинат истифода менамоянд. Дар тибби халқии кишвари Муғулистон решаи нойро барои  тақвияти масуният, бартараф намудани хастагӣ,   беқувватӣ, гум шудани иштиҳо, фишори баланди  хун ва ғайраҳо истифода мебаранд. Пештар афшураи решаи нойро барои равшан намудани биноии чашм ва беҳ намудани хотира низ истифода менамуданд. Решаи дар об ҷӯшондашудаи нойро  ҳамчун балғамронанда, тозакунанда  ва таскини дард истифода мебаранд. Барои бемории пӯст аз решаи ной ванна тайёр намуда бо он касалиҳои хоришак, диатез (ҳассосияти организм нисбат ба баъзе касалиҳо), рахит ва неврозро табобат менамоянд. Усораи хокаи решаҳои ин гиёҳро ба ҳисоби 1/10, яъне 10 грамм маводро дар 100 мл об дар оташи нарм ҷӯшонида баъди сардшавӣ  полонида рӯзе се - чор маротиба се чумчаи калон пеш аз таом бояд истеъмол намуд.

Таваҷҷӯҳ намоед: ҳангоми  туршии аз меъёр зиёди меъда, фишори пасти хун ва варами гурда  доруи аз ной тайёршударо истифода намудан манъ аст.

                   

Морчӯба

Беш аз сад навъи он мавҷуд буда дар таркибаш  модаҳои фоиданок ва аз витаминҳо бой зиёд аст.  Дар решааш  карбогидратҳо аспарагин, аспорогазид, сафеда, витаминҳои С, РР, В2, В1, провитамини А ва ба қадри кифоя намаки калий низ дорад.

Гиёҳи дар об ҷӯшонидашудаашро чунин тайёр менамоянд:  2 чумчаи калон хушккардаи гиёҳро бо 0,5 мл оби ҷӯшомадашуда муддати панҷ дақиқа меҷӯшонем ва мегузорем то хунук шавад. Пас аз он аз ½ ҳиссаи истаконро рӯзе  4  маротиба  пеш аз хӯрок истеъмол менамоем.

Қиём аз шохчаҳо ва решаҳои дар об ҷӯшонидашударо    ҳангоми бемории гурда ҳамчун пешоброн, санг дар масона, варами масона, омос ва касалии қанд истифода мебаранд. 1 чумчаи калон морчӯбаи тарро  ба оби ҷӯшомада тар намуда муддате  мегузорем, то он хунук шавад. Пас аз он, рӯзе 3 маротиба аз он истеъмол менамоем. Ҳангоми  дарди  мафосил як фосилаи табобат бояд 3- 4 ҳафта бошад.  

                            

Сафраева Ф.

:.  Дастархон 22.07.2015 10:16 6225

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz