Ба андешаи диетологҳо ҳар нафар метавонад дар як шабонарӯз то 2,5 кг тарбузро истеъмол намояд, аммо ин амалро бо маром бояд анҷом дод. Дар як вақт истеъмол намудани меъёри зиёди тарбуз низ зарар дорад. Истеъмоли кам-каму доимии тарбуз дар як шабонарӯз барои нафароне, ки дар гурдаҳояшон сангу қум ва намак доранд, хеле муфид аст. Оби тарбуз метавонад ихроҷи пешобро бисёр намояд ва бо ин васила сангу қуму намакро аз гурдаҳо шӯяд. Оби тарбуз хусусияти аз организм хориҷ кардани маводи заҳрдорро низ дорад. Масалан, агар шумо барои табобати бемориҳои гуногун антибиотикҳоро истеъмол карда бошед, таъсири заҳрогини ин маводро оби тарбуз рафъ месозад. Аз ин рӯ, мутахассисони соҳаи тиб барои бартараф сохтани таъсири манфии дорувориҳо истеъмоли тарбузро тавсия медиҳанд. Ҳамчунин, тарбуз хусусияти паст кардани тафси баданро низ доштааст.
Аксари мо ҳангоми истеъмоли тарбуз қисмати ширадори онро мехӯрему зери пӯст ва пӯсташро мепартоем. Аммо мутахассисон мегӯянд, ки қисмати аз ҳама фоидаовари тарбуз оби қабати пӯсти тарбуз аст. Оби пӯсти тарбуз аз шираи сурхи он беҳтар аст. Агар оби онро бо оби себ якҷоя намуда истеъмол намоянд, хеле лазиз ва фоидаовар мешавад. Ин усул пешоброниро зиёд карда узвҳои гурда ва роҳҳои пешобдонро аз ҳама гуна заҳру омосҳо ва сангу қуму намак тоза менамояд. Дар ин гуна ҳолат мутахассисон аз як истикон зиёд нӯшидани чунин нӯшобаро тавсия намедиҳанд, зеро истеъмоли зиёди оби пӯсти тарбуз дар омехтагӣ бо оби себ пешоброниро зиёд мекунад ва нороҳатӣ меорад. Ҳама чиз ба меъёр ва андоза бояд бошад.
Тарбуз барои рафъи фарбеҳӣ низ баманфиат аст. Дар як шабонарӯз истеъмол намудани 2- 2,5 кг тарбуз метавонад ба обшавии ғадудҳои равғани организм мусоидат намояд, аммо, дар баробари ин, бояд меъёри истеъмоли дигар ғизоҳои серравғанро низ риоя намуд. Агар шумо хӯроки серғизоро истеъмол намоеду баъд тарбуз хӯред, манфиаташ камтар хохад буд. Истеъмоли ҳама гуна меваҷотро табибони аҳди қадим, ба хусус Абуалӣ ибни Сино ва мутахассисони муосир низ қабл аз хӯрок медонанд. Аммо дар аксар маврид ҳамаи мо меваҷотро баъд аз хӯроки серғизо истеъмол менамоем, ки ин ғалат аст.
Дар ин мавсим, ки тарбуз пухта расидааст ва ҳама аз он истеъмол менамоянд, бояд мутобиқи тавсияи мутахассион амал намуд. Тарбуз барои занҳои ҳомила , пиронсолону кӯдакон низ хеле баманфиат аст, аммо боз ҳам тавсия мешавад, ки онро ба ҳадди эътидол истеъмол намоянд. Қабл аз истеъмоли тарбуз дастҳоро тоза шустан лозим аст. Ин қоидаро ба хусус барои кӯдакон омӯзондан лозим аст, то ҳамеша дар ёд доранд ва риоя намоянд. Дар ҳолати бо дастони ношуста истеъмол намудани тарбуз кӯдакон метавонанд бемор шаванд, яъне гирифтори бемориҳои сироятӣ гарданд.
Тавсияи дигар он аст, ки тарбузро дар яхдонҳо гузошта хунук карда истеъмол намудан ҳам хуб нест. Табузи хунукшуда метавонад ба роҳҳои нафас, гулӯ, шуш ва рӯдаҳо таъсири бад расонад ва шамолхӯрии ин узвҳоро ба миён орад. Аммо тарбузи гармро ҳам хӯрдан зарар дорад. Он метавонад боиси шикамравӣ ва бод гирифтани рӯдаҳо гардад. Тарбузро ба меъёри зарурӣ каме хунук карда истеъмол намудан ҷоиз аст.
Ҳолати дигар он аст, ки баъзеҳо тарбузи буридашударо дар ҷойҳои ҳархела мегузоранду болояшро намепӯшанд ва он метавонад олудаи микробҳо гардад. Баъди истеъмоли тарбузи буридашудаи шабонарӯз дар айвон ва ё пешайвонҳо гузошташуда, имкони гирифтори бемориҳои сироятӣ шудан ба миён меояд. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани боқимондаи тарбуз аз соҳибхоназанҳо риояи ҳама қоидаҳои санитарию гигиениро тақозо менамояд. Ҳамеша эҳтиёт бояд кард, то худу фарзандони худро аз осебёбӣ нигоҳ дошт.
Р.Камол