Саршир – 500мл
Шакар – 200гр
фирини (пудинг - таоме, ки бо шириниҳо ва меваҳо пухта мешавад)
Барои тар кардан;
Шир – 50 мл
Тарзи тайёр намудан:
Барои тайёр кардани торт аз кулчақанд ва творог дар аввал творогро бо қаймоқ, шакар ва фирини(пудинг - таоме, ки бо шириниҳо ва меваҳо пухта мешавад) омехта менамоем. Дар алоҳидагӣ сарширро то кафк карданаш лат медиҳем. Баъд аз он, сарширро бо омехтаи тайёршудаи творог якҷоя менамоем. кулчақандро дар шир тар намуда, онро ба рӯи лаълӣ як қабат мечинем ва болояшро крем мекунем ва боз ҳамин тавр кулчақандро қабат ба қабат крем намуда мечинем. Ва болояшро ҳам крем намуда ба рӯи он боз кулчақандеро майда намуда оро медиҳем ва дар яхдон муддати 4 соат мегузорем. Баъд аз он, аз яхдон гирифта бо чойи гарм нӯши ҷон намоед.
Бо иштиҳои том!
Сараева Ф.