06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАРЗИ ПУХТАНИ КОТЛЕТ АЗ ҚИМАИ ГӮШТИ ГОВ БО УСУЛИ НЕМИСӢ

 

Маҳсулот:

Гӯшти лаҳм – 500 гр

Тухм – 4 дона

Решаи карафс (сельдеря) – 40 – 50 г

Сабзӣ – 50 г

Бехпиёз – 1 дона (50г)

Сирпиёз 2 дандона

Як порчаи нони сафеди хушкшуда

Кабутии ҷаъфарии шибит -нимбанчагӣ

Чормағзи мускати майдакардашуда

 Намак

 Мурч

Равғани растанӣ ва ё қаймоқӣ – 1 чумчаи калон

 

Тарзи тайёр намудан: 3 дона тухмро дар об мепазем. Гӯшт, карафс, сабзӣ, бурдаи нони дар об таркардашуда, пиёз ва сирпиёзро аз гӯштқимакунак мегузаронем. Намак, мурч, чормағзи мускатӣ ва тухмро низ ҳамроҳ менамоем ва ҳамаи онро омехта месозем. Тухми ҷӯшондаро даврамонанд  ва кабудиро  майда реза мекунем. Ба тоба равған  молида каме аз қимаро  ба болояш гузошта рост мекунем. Аз болояш тухми даврамонанд буридаамонро гузошта каме кабудӣ мепошем.

Аз болои тухм боқимондаи қимаро рост намуда ба рӯяш равған мемолем. Сипас  онро дар тафдон дар ҳарорати 180 – 200 градус  муддати 50 – 60 дақиқа мегузорем.                      

 Баъд аз пухтани  ин навъи котлет онро якбора аз тафдон набароред. Бимонед, то ки он 15 дақиқаи дигар истад ва  шираи ҷудокардаашро ба худ ҷабида гирад.    Он боз болаззату   мулоим ва сероб мешавад.

 

Фотима С.

:.  Дастархон 27.02.2015 11:42 6601

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz