06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЧАЛПАКЧА БО КАДУ

Маҳсулот:

Каду – 300-500гр

Шир – 2 истакон

Орд – 4 истакон

Шакар -3 чумчаи калон

Равғани растанӣ – 3 чумчаи калон

Намак – ½ чумчаи майда

Тухм – 2 дона

Дрожи хушк – 1 қоғазпеч (11гр)

 

Тарзи тайёр намудан:

Ширро дар ҳарорати 30 – 36 дараҷа гарм менамоем. Ба даруни шири гармшуда тухм, шакар ва намак андохта омехта менамоем. Баъд аз он орд, дрожи хушк ва равғани растаниро  низ илова намуда ҳамаашро якҷоя намуда хамир мекунем. Ва рӯйи хамирро ме пӯшонем, то хамир бирасад ва  ҳаҷмаш калон шавад. Вақте  ки хамир расид, кадуро аз турбтарошаки ҳаҷмаш калон гузаронида бо хамир якҷоя менамоем. Тобаро гарм намуда равғани растанӣ  андохта равғанро низ гарм менамоем. Чумчаи калонро дар оби ҷӯш гарм намуда бо он каме хамир гирифта ба даруни тоба меандозем. Вақте  ки як тарафи хамир сурх шуд, тарафи дигарашро гардонда сурх мекунем ва оташро пастар намуда рӯйи тобаро бо рӯпӯшаш мерӯшонем, то ки даруни хамир ҳам пазад.

Бо иштиҳои том!


 

 Бо дигар тарз тайёр намудани чалпакча бо каду низ ҳаст, ки онро бе расондани хамир низ пухта мешавад.

Ба мо лозим аст: 1 кило кадуи тозакардашуда, 1 истакон орд, 3 чумчаи калон  шакар,  равғани растанӣ – 3 чумчаи калон, намак – ½ чумчаи майда.                                                                                                                

Тарзи тайёр намудан:  

Бо турбтарошаки ҳаҷмаш майда кадуро мегузаронему ба он шакар, намак ва орд ҳамроҳ намуда хамир мекунем. Тобаро гарм намуда ба он равғанро мерезем ва равғанро низ гарм намуда хамири тайёршударо  ба даруни тоба меандозем ва аз ҳарду тарафаш сурх намуда баъд аз сурх шуданаш оташро паст намуда болои тобаро мепӯшонем, то ки он хубтар пазад. Бо иштиҳои том!

 

Сараева Ф.

:.  Дастархон 25.11.2014 09:16 2874

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz