Давои фишори баланди хун
1 кило асалро бо 1 кило сирпиёзи аз гӯштқимакунак гузаронда , 1 кило лимӯи бо пӯстлохаш аз қимакунак гузарондаро хуб омехта менамоем. Малҳами тайёрро ба зарфи шишагӣ рехта, сарпӯшашро хуб маҳкам карда, дар яхдон нигоҳ медорем . Малҳамро дар як рӯз 3 маротиба баъд аз хӯрок 1 қошуқӣ то тамом шуданаш исеъмол менамоянд. Ингуна малҳам ҳангоми баланд шудани фишори хун ва берун баровардани ҷамъшудаи хунҳои лахташуда ёрӣ мерасонад.
Давои дарди зону
Дар зарфи сирнок 4/1 қисми маргаринро маҳлул намуда ба он 1 дона тухм, 8 қошуқ орди сиёҳ илова намуда хамир мекунем. Хамирро ба ду ҳисса тақсим намуда аз он кулча месозем ва ба рӯи зону гузошта бо салафан ва матои ғавс мепечонем, то он арақ кунад. Ин усул дардро зудуда намак ҳоро об менамояд ва мушакҳои сахтгаштаро мулоим мекунад. Ингуна малҳамро 3 соат нигоҳ дошта пас аз гирифтанаш ба рӯи зонуи худ вазелинро то кашидани пӯст мемолем ва боз рӯи онро гарм печонида хоб мекунем. Ингуна амалро то гум шудани дарди пой метавонед истифода намоед ё 3 ва ё 10 рӯз истифода намоед басанда аст.
Сирко давои озах мебошад
Барои рафъи озах сиркоро истифода бурдан мумкин аст. Сиркоро бо сиркомайдакунак обашро ҷафида ба рӯи озах чаконда ва ё ба пахта оби сиркоро тар намуда ба рӯи озахе, ки аввал баромада буд гузоред. Он озах, ки худ решаи аввал мебошад хушк шуда мерезад ва боқимондаи он озахҳо низ шифо меёбанд.
Давои бавосир (геморой)
4 ҳисса бобуна, 3 ҳисса решаи қоқуро омехта мекунем ва 2 қошуқашро ба ним литр оби ҷӯшомада рехта 10 соат дам медиҳем то он тайёр шавад. Баъд аз дам додани он боз ба муддати 5 -10 дақиқа меҷӯшонем ва аз дока обашро мегузаронем. Ва 100 мл гирифта бо он клизма менамоем. Ба шираи баргҳои алоэ равғани мусҳил ( касторовое масло) омехта намуда баъд аз клизма онро рӯзе 3-4 маротиба бимолед. Муддате чанд аз ин беморӣ раҳоӣ меёбед.
Чӣ гуна пӯстро дар фасли тирамоҳ аз хушкшавӣ нигоҳ дошт?
Тавре маълум аст, дар фасли тирамоҳ пӯст хушк мешавад. Барои пешгирӣ намудани ин ҳол ба пӯсти рӯй ба ҷои упо креми тоналӣ бимолед, беҳтар мебошад. Пеш аз хоб дасту рӯйро тоза шуста креми кӯдаконаро ба дасту рӯй то оназ рӯи пӯст нест шуданаш молед. Зеро он ба зери пӯст ворид гардида пӯстро мулоим, маҳин ва нафис мегардонад. Боз сабаби хушк гардидани пӯст ҳангоми ҳавои сард дар хона гузоштани батареяҳо низ пӯстро хушк менамояд. Батарея ҳавои хонаро хушк менамояд, пас, бояд барои хушк нагардидани ҳавои хона мо бояд дар назди тиреза ва ё дар назди батареяҳои спиралӣ як зарфро пур аз об намуда гузорем, чунки ҳавои хушк ба беморони зиққи нафас ва ринит зарари калон дорад. Ҳастанд инсонҳое, ки барои шустани дасту рӯй аз ҳар гуна собунҳо истифода менамоянд. Аз ҳама хубаш барои шустани дасту рӯй аз собуни либосшӯӣ, ки он дар таркибаш равған низ дорад, истифода намуд. Истифодаи крем, равған ва собуни кӯдакона, ки дар таркибаш витаминҳои фоидабахш вуҷуд дорад ва ба пӯсти кӯдакон зараре надорад, тавсия дода мешавад, чунки ҳангоми истеҳсол намудани ин воситаҳои косметикӣ ҳамаи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нозукии пӯсти кӯдаконро ба эътибор мегиранд. Дар таркиби чунин воситаҳо моддаҳои ғизоӣ ва витаминҳои намсоз, маҳинсоз ва оромбахш мавҷуданд.Боз метавонед аз ҷурғоте, ки равғани он ҷудо нашуда бошад, ба дарунаш каме шибит ва ҷаъфариро майда реза намуда омехта намоед ва онро дар рӯю даст молида ним соат нигоҳ доред. Пас аз ним соат шумо метавонед рӯю дастонатонро аввал бо оби ширгарм, пас аз он бо оби хунук бишӯед. Ингуна малҳам низ пӯстро ботароват намуда сафед ва тараг менамояд ва ягон доғу пучак ҳам дар пӯст дида намешавад. Чунки ҷаъфарӣ ва шибит доғи кунҷитакро нест,пучакро хушк менамояд ва пӯстро низ тароват мебахшад. Дар таркиби чунин воситаҳо моддаҳои ғизоӣ ва витаминҳои намсоз, маҳинсоз ва оромбахш мавҷуданд. Боз барои бемории пӯст ва рихинак истифодаи воситаҳои косметикии кӯдакона тавсия дода мешавад.
Сараева Ф.