Дар таркиби дилаи тарбуз миқдори зиёди қандҳои зудҳалшаванда (сахароза, малтоза, глюкоза ва фруктоза), пектин, ғоз ва витамини С, каротин, кислотаҳои фолиевӣ, аскарбинӣ, никотин, намакҳои калий ва оҳан мавҷуданд. Ғайр аз ин дар таркиби тарбуз аминокислотаҳои валин, изолейцин, фенилалинин, тирозин, оксилозин ва цитрулин ҳаст.
Тарбуз аз қадим чун маводи ғизоӣ ва шифоӣ васеъ истифода мешуд. Тарбуз барои ниқрис нафъовар буда хусусияти хуби балғамҷудокунӣ ва пешоброниро дорад. Абӯалӣ Сино дар «Ал-Воҳия» овардааст, ки тарбуз бо роҳи бастан ба дарди рамад (дарди чашм) нафъ мебахшад. Решаи тарбузи хушку ордкардашуда дар омехтагӣ бо асал ба ҷароҳати гӯш давои хубест. Донаи тарбуз бо омехтагӣ бо дигар растаниҳои шифоӣ барои муолиҷаи санги гурдаю масона фоидабахш аст. Ғайр аз ин, реша, пӯст ва шираю барги тарбуз қайкунии иллатиро рафъ менамояд. Тарбуз барои муолиҷаи вараҷа низ нафъовар аст. Агар онро бо сиркову асал истеъмол намоянд, хусусияти пешобронияш афзуда, масонаро тоза менамояд. Агар шираашро бо қанд омехта нӯшанд, тасфи баданро кам карда ташнагиро мешиканад. Дилаи тарбуз тезии сафро ва хунро паст мекунад, кори меъдаро хуб намуда хусусияти ҳазмкуниашро меафзояд. Агар онро бо сиркову асал истеъмол намоянд, хусусияти пешоброниаш афзуда, рӯдаҳо ва масонаро тоза менамояд. Ғайр аз ин, тарбузи бо сиркову асал якҷоя намуда барои бемории зардпарвин низ истифода бурда мешавад ва он иштиҳоро афзуда хусусияти пешобронияш зиёд шуда, сангҳои гурдаро берун мекунад.
Дар тибби мардумӣ дилаи онро барои муолиҷаи камхунӣ, касалиҳои дилу рагҳои хунгард, ниқрис, касалиҳои ҷигар, гурдаву роҳи пешоб истифода мебаранд.
Дар тибби мардумии рус низ тарбузро чун пешоброн ва табшикан истифода мебаранд.
Дар тибби гурҷӣ онро барои муолиҷаи беморони гирифтори зардпарвин пешниҳод намуда хокаи аз пӯчоқи он тайёр кардашударо барои табобати илтиҳоби пардаи луобии меъда, рӯдаи ғафс, ва ба кӯдакон тавсия медиҳанд.
Дар тибби халқии тоҷикон дилаву шираи онро чун пешоброн ба беморони гирифтори санги гурдаю масона, мағзи тухмашро низ барои муолиҷаи санги гурда ва чун гиҷҷарон истифода мекунанд.
Дар тибби муосир тарбузро чун маводӣ ғизоӣ ва шифоӣ васеъ истифода мебаранд. Дилааш чун пешоброн ба беморони гирифтори санги гурдаву масона тавсия дода мешавад. Ғайр аз ин, тарбузро ҳамчун пешоброн ба беморони гирифтори касалиҳои дилу рагҳои хунгард ва гурда, ки аз сабаби он дасту пояшон варам кардааст, мефармоянд.
Шираи тарбуз аз буняи инсон обҳои зиёдатиро бароварда ,онро бо қандҳои зудҳалшаванда таъмин менамояд.
Ширае, ки дар таркиби тарбуз мавҷуд аст, кори рӯдаҳоро хуб карда, ҳалшавии ғизоро метезонад, холестеринро аз буня мебарорад ва он барои одамони гирифтори атеросклероз фоидаи калон дорад. Дар рӯзгор аз тарбуз мураббо, ҷемҳо, тарбузи шӯр, полуда, повидло тайёр менамоянд.
Дар шароити хона аз шароитҳои тарбуз, яъне аз пӯчоқи он мураббо тайёр менамоянд, ки мо тарзи тайёр кардани онро ба Шумо пешкаш менамоем.
Мураббо аз пӯчоқи тарбуз.
1кг пӯчоқ, 1,5 кг қанд ё шакар . 2 соткин об
Пӯчоқи тарбузро гирифта, пӯсти сахти болояшро бо корд ҷудо карда, қисми сафедашро гирифта мешӯянд ва бо корд дар шакли чоркунҷаҳои хурд – хурд реза мекунанд ва дар об то мулоим шуданаш меҷӯшонанд. Аз шакару об шарбат тайёр намуда, ба он порачаҳои пӯчоқи тарбузро меандозанд ва то шаффоф шудани рангашон дар шарбат меҷӯшонанд. Ва дар ҳини қариб пухтани мураббо ба он ҷавҳари лимӯ ё ванилин, агар инҳо набошанд, ягон моддаи хушбӯйи ғизоиро ҳамроҳ мекунанд. Мураббои тайёршуда хуштамъу ширин буда хушлаззат аст.
Сараева Ф.