06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХӮРИШҲО АЗ КАБУДИҲО

 

 

Дастур оид ба тайёр намудани кабудӣ

1. Хӯриш аз баргҳои юнучқа

Маҳсулот: 100 грамм барги юнучқа, 100 грамм кабудии сабз , 50 грамм кабудии шибит, 2 чумчаи калон афшураи нав тайёршудаи лимӯ.

Тарзи тайёр намудани хӯриш: кабудиро  шуста тоза намуда  майда реза мекунем ва бо тамъи худ намак мекунем. Баъд ба даруни хӯришдон андохта ба он афшураи лимӯ ва равғани зайтун омехта менамоем.

 

2. Хӯриш аз барги алафи газанда (крапива), сирпиёз ва шибит

Маҳсулот: 300 грамм барги алафи газанда , 100 грамм барги сирпиёз , 50 грамм барги шибит, равғани зайтун ва ё растанӣ ва намак ба тамъи бароятон маъқул .

Тарзи тайёри хӯриш: Барги алафи газандаро ҷамъ намуда хуб мешӯем ва дар оби ҷӯшомада 3 дақиқа мегузорем. Баъд оби онро партофта алафи газанда ва дигар кабудиҳоро майда реза мекунем. Ҳамаи маҳсулоти хӯришро омехта карда ба даруни он равғани растанӣ ва ё зайтун меандозем ва бо тамъи худ намак менамоем.

 

3. Хӯриш бо пиёз, шибит ва кашнич

Маҳсулот: 300 грамм гашнич, 200 грамм пиёзи кабуд, 100 грамм барги шибит, равғани зайтун ва ё дигар равғани растанӣ ва намак бо тамъи зарурӣ.

Тарзи тайёри хӯриш: Кабудиро  тоза шуста майда реза карда намак намуда бо ҳар намуди равған омехта менамоем.

 

4. Хӯриш аз лимугиёҳ бо мурғ

Маҳсулот: 100 грамм лимугиёҳ ,300 грамм себ, 200 грамм мурғи ҷӯшомада, майонез бо тамъи худ.

Тарзи тайёри хӯриш: Баргҳои лимугиёҳро майда реза карда, себро аз турбтарошаки дандонаҳояш майда гузаронида гӯшти мулоими мурғро майда реза мекунем. Ҳамаашро бо майонез омехта менамоем.   Метавонед ба ҷои майонез равғани зард омехта намоед.

 

5. Хӯриш аз лимугиёҳ бо меваҳо

Маҳсулот: 50 грамм лимугиёҳ, 200 грамм донаҳои  тозакардаи норанҷ (мандарин), 200 грамм себ, 200 грамм нок, 200 грамм гелос ва афшураи ними лиму.

Тарзи тайёри хӯриш: Кабудӣ ва меваҷотро хуб шуста хушк мекунем, баъд лимугиёҳро майда реза карда себу нокро ҳам наонқадар калон реза мекунем. Маҳсулоти барои хӯриш тайёршударо бо афшураи лиму омехта менамоем.


6. Хӯриш аз шалғами сурх ва сирпиёз

Маҳсулот: 200 грамм барги шалғам, 100 грамм кабудии сирпиёз, равғани растанӣ ва ё зайтун ва бо  намак.

Тарзи тайёри хӯриш:  Кабудиро ҷамъ намуда тоза шуста обашро хушк намуда майда реза мекунем. Бо тамъи худ намак карда  бо равғани зайтун ва ё растанӣ омехта менамоем.  

Бо иштиҳои том!

 

Фотима С.

:.  Дастархон 26.05.2014 11:19 3883

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz