06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТОРТИ ПРАГА

Помада: 1 стакан шакар,1 қошукча какао, 8 қошуқ об. 


Тарзи тайёр кардан:

Ними ҳиссаи муқаррар гардидаи шакарро бо зардиҳои тухм то нест шудани резаҳои шакар кӯфта орд кардан лозим аст. Боқимондаи шакарро бо сафедиҳои тухм каф зада бо зардии тухм ва орди бо гарди какао омехтаро  якҷоя карда лат медиҳем. Дар охир ҳамаи онро бо равғани маскаи обкардашуда омехта мекунем. Онро ба даруни тафдон бо ҳарорати  190-200  градус  дар муддати 40-50 дақиқа мегузорем. Баъд аз пухтани хамира онро берун аз тафдон мегузорем то каме хунук шавад , баъд аз каме хунук шудан онро  ба таври амудӣ            ( горизонталӣ)  3 қабат мебурем. 

Ҳамаи маҳсулоти  крем аз равған то ҳадди қаймоқи  расидан болои тафдон  гарм карда каф зада мешавад. Равғани маскаро об карда бо боқимондаи креми  тухм каф мезанем. Қабати болоии тортро крем молида чанд соат дар яхдон барои хунук шудан мегузорем  ва пас бо помада сирдавониӣ мекунем.

 Помадаро ин тавр тайёр мекунанд: Шакарро дар зарфи чуқур  меандозем, 8 қошуқ оби ҷӯшро мерезем  ва то об шудани шакар лат медиҳем. Баъд аз ин дар оташи тез меҷӯшонем, вале каф намезанем. Ҳамин  ки қандоб ҷӯшид, кафкашро мегирем  ва болояшро маҳкам мепӯшонем  ва чанд дақиқаи дигар меҷӯшонем. Омода шудани онро ин тавр месанҷем: қошуқчаро гирифта  ба қандоб меандозем  ва онро  гирифта фавран ба оби сард мегузорем. Вақте  ки қандоб хунук шавад , бо ангушт аз он тӯбча кардан мумкин аст, яъне помада тайёр шуд. Дар охири  ҷӯшишаш какао илова мекунем. Чун тамоман хунук шуд, боло ва паҳлӯҳои тортро бо он мепӯшонем.

 

Фотима С.

 

:.  Дастархон 31.01.2014 05:26 2383

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz