06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҒИЗОИ СОЛИМ БАРОИ ИНКИШОФИ КӮДАК МУҲИМ АСТ

            Аҳамияти ғизо дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ ҳамчун омили асосӣ, фарқияти организми болиғро аз организми кӯдак муайян мекунад ва боиси афзоиш ва инкишофи ӯ мегардад. Организми кӯдак аз калонсолон бо инкишоф ва афзоиши пуравҷи узвҳо ва системаҳо фарқ мекунад. Аз ин сабаб талаботи кӯдакон ва наврасон ба моддаҳои ғизоӣ ва энергия зиёд аст. Талаботи баланд ба моддаҳои ғизоӣ ва энергия зарурати интихоби дурусти маҳсулотҳои ғизоӣ, таносуби онҳо, тарзи коркарди кулинарӣ ва дигар хусусиятҳои ташкили ғизоро ба миён меорад.

            Инкишоф, зиёдшавии андозаи ҷисмонии бадан ва қисмҳои он дар вобастагӣ бо зиёдшавии андозаҳо ё миқдори ҳуҷайраҳо мебошад. Дар тибби амалӣ, зери мафҳуми инкишофи кӯдак, баландравии қад ва вазни бадан ба назар дошта мешавад.

            Суръати баланди зиёдшавии вазн ва дарозии бадани кӯдак дар давоми соли аввали ҳаёт мушоҳида карда мешавад. Вазн дар муқоиса ба ҳангоми таваллуд дар яксолагӣ се маротиба, дар  дусолагӣ  чаҳор маротиба меафзояд.

            Дар синни баъди синамаконӣ ва то наврасӣ, ба назар чунин мерасад, ки гӯё суръати зиёдшавии вазн ва дарозшавии қад суст шудааст, аммо дар асл инкишофи ҷисмонии вазну қади кӯдак давом дорад. Дар давраи наврасӣ суръати инкишоф зиёд мешавад. Инро бояд махсус қайд созем, ки дар давраи ширхорагӣ ва айёми наврасӣ талаботи организм ба моддаҳои серғизо ва энергия зиёд мегардад.

            Давраи саршавии инкишоф ва ба балоғатрасии ҷисмонӣ дар организм дар сини 10-солагӣ ба вуҷуд меояд, ки вазни кӯдак дар ин синну сол қариб 30 кг ташкил медиҳад.

            Зиёдшавии талабот ба моддаҳои серғизо дар айёми кӯдакӣ, дар навбати аввал аз талаботи баланди  энергия вобаста аст. Барои ҳамин  ба  нутриентҳое, ки дар мубодилаи энергия иштирок мекунанд: витамини В1, В2, ниатсин, кислотаи пантотеновӣ талабот зиёд мешавад. Дигар омили муайянкунандаи талабот, ин инкишофи андозаи бадан, хусусан инкишофи вазн мебошад. Барои инкишофи хуби вазн сафеда, пиридоксин (витамини В6), калий, фолатсин, витамини В12 ёрӣ мерасонанд.         

            Дар синни кӯдакӣ ба омилҳои ғизоие, ки дар хунофарӣ иштирок мекунанд, инҳо сафеда, оҳан, пиридоксин, фолатсин, витамини В12  талабот зиёд мешавад. Дар ин давра ба омилҳое, ки барои инкишофи устухонҳо лозиманд (калсий, фосфор, витамини А, Д, С, сафеда) организм эҳтиёҷ пайдо мекунад.

            Дар шароити хуби иҷтимоию иқтисодӣ ва санитарию гигиенӣ муаммои норасогии ғизо байни кӯдакон ба назар намерасад. Дар сурати вайроншавии муваққатии ғизо, ё норасогии он, инкишофи ҳамаҷонибаи организми кӯдак номумкин мегардад, дар ин сурат эҳтимоли пайдошавии оқибати норасоии  оҳан, камхунӣ  ва якчанд бемориҳои дигар ба вуҷуд меояд.

            Як мисоли дигар, одатан норасогии калсий дар организ дар синни кӯдакӣ аён намешавад, вале дар шакли камшавии калсий дар устухонҳо дар синни ҷавониву зичии устухону паҳншавии остеопароз дар синни пирӣ зуҳур мекунад.

            Дар мамлакатҳои пешрафта паҳншавии фарбеҳӣ дар синни кӯдакӣ  ва наврасӣ хатари ба маризиҳои гуногун гирифтор гаштани онҳоро ба миён овардааст. Сабаби асосии фарбеҳӣ, фаъолнокии сусти ҷисмонӣ бо истеъмоли барзиёди энергия дониста шудааст. Сабаби фаъолнокии сусти ҷисмонӣ бошад, аз тамошои дурударози барномаҳои телевизион, дар назди компютер нишастан ва камҳаракатии ҷисмонӣ мебошад.

            Модарони азиз, аз ин рӯ, нисбат ба ғизо ва тартиби ғизогирии организми кӯдакон, ки саломатишон аз он вобаста аст, бетараф набошед!

Гулноз Б.

:.  Дастархон 30.01.2013 11:30 3443

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz