Бо Нурия Раҷабова дар саҳни ҳавлии идора вохӯрдем. Хушҳол менамуд. Сабаб пурсидам. Ба бонуи ҷавоне, ки аз назар дур мешуд, ишора намуда, бо ифтихор, самари дастгириҳои духтарони маҳаллӣ, - гӯён раҳораҳ сирри хурсандияшро кушод.
- Понздаҳ сол пеш дари ҳуҷраи кориам во шуду ана ҳамин Мавзуна, ки он замон духтараки резапайкаре буд, иҷозати даромадан намуд.
-Апаҷон, имсол мактабро хатм мекунам, мехоҳам дар мактаби олӣ таҳсил намоям, аммо шароитамон танг аст. Хоҳиш, маро дар рӯйхати довталабони Квотаи президентӣ нависед, - шармгинона мақсадашро баён намуда буд ӯ.
Баъди саволу ҷавобҳо итминон пайдо кардам, ки воқеан ҳам ин духтарак қатъӣ хоҳиши соҳибмаълумот шудан дорад, аз ин рӯ, номашро навиштаму таъкид кардам, ки ба озмун боз ҳам сахттар омодагӣ гирад.
Имрӯз бинед, ки Мавзуна Тағоева баъди хатми муваффақонаи донишгоҳ ва аспирантура рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Алҳол, ҳамчун мудири кафедра қатори устодон ба таълиму тарбия камар бастааст.
Солҳои душвори 90-уми асри 20 Нурия Раҷабоваро дар яке аз ҷамоатҳои калони ноҳия, ки ба қавле осебпазир ба ҳисоб мерафт, раиси ҷамоат интихоб карданд. Ҳарчанд солҳои аввали фаъолияти корияш буд, тавонист бо хулқу атвори наку дар дилу дидаи мардум маскан бигирад.
ЗИҲӢ МОДАРЕ, КИ ҲОМИИ СУЛҲ ОФАРИД!
Соли 2000 Нурия Раҷабова муовини раиси ноҳия таъйин гардид. Соҳаи идеологиро роҳбарӣ кард. Тайи чанд муддат дар ҳамаи ҷамоатҳо бо мардум, хусусан бо занон вохӯрдаву аз мушкиливу камбудиҳои онҳо воқиф гашт. Бо фаъолзанон ислоҳи камбудиву рафъи мушкилиҳоро тарҳрезӣ намуд. Ҷалби духтарони фаъол ба таҳсил, кам кардани таваллуди занон дар хона, боло бурдани маърифати тиббию рӯзгордории онҳо, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар пешрафти ноҳия ва масъулияти модарон дар тарбияи фарзандон, аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар фурсати кӯтоҳ ҳалли худро ёфтанд.
Бонувони ноҳия дар чандин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат намудаву соҳиби мукофот шуданд. Бахусус, иштироки онҳо дар нахустфестивали «Ҳунарҳои дастии занони минтақаи Рашт» дар шаҳраки Ғарм фаромӯшнашаванда гашт. Дастовези асосии онҳо кашидадӯзии акси модари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Зиҳӣ модаре, ки ҳомии сулҳ офарид!», ки бо риштаҳои меҳру муҳаббати занони файзободӣ рӯи матоъ омада буд, писанди ҳозирон шуд.
- Дастоварду пешрафти соҳаи иҷтимоӣ бозгӯи маърифату маънавиёти сокинон ба ҳисоб меравад. Вазъи имрӯзаи соҳаи мазкурро чӣ сон арзёбӣ мекунед?
-Сарфи назар аз душвориҳои молиявӣ дар соҳаҳои мазкур беҳбудӣ ба чашм мерасад. Пешрафти ин бахшро ҳама дар дастгириҳои бевоситаи раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Раҷабзода мебинем. Тайи ду соли охир дар деҳаҳои Бӯстон, Меҳробод, Бобои Валӣ муассисаҳои нави таълимӣ барои 150–200 ҷойи нишаст бунёд ёфтанд. Имсол дар арафаи Наврӯз мавриди истифода қарор гирифтани муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Навобод, Қалошӣ, Шукурӣ ва панҷ синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Файзобод дар назар аст. Ҳамчунин, оғози сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ баҳори ҳамин сол дар деҳоти Хоҷамард, Навбаҳор, Себзор, Элок, Дашти Марзо ва Чилчашма шурӯъ хоҳанд шуд.
Дар соҳаи тандурустӣ низ сохтмони бунгоҳҳои нав ва марказҳои саломатӣ бо суръат идома дорад. Агар дар зарфи се соли охир дар ноҳия 8 адад бунгоҳ ва 3 маркази саломатӣ бунёд шуда бошанд, имсол дар деҳаҳои Арзанова, Карсанг, Шаҳтакиён, Боғимирӣ бунгоҳҳои тиббӣ ва дар деҳаҳои Хӯҷамард, Фатҳобод, Орифон, Мулотуғма марказҳои нави саломатӣ бунёд хоҳанд ёфт. Сохтмону таъмири шуъбаҳои ташхисиву таваллудхона ва дастрасӣ ба таҷҳизоти муосири тиббӣ дар беморхонаи марказӣ бо маблағи 9 миллион доллар, гумон дорам, ба хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи баланд барои сокинони ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Ду соли охир бо дастгирии мардум 4 китобхона қомат рост карда, бунёди китобхонаҳои дигар дар назар аст.
Дар аксари иншооти иҷтимоӣ баробари ҷалби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва инвеститсияҳои хориҷӣ сокинон низ саҳм мегиранд.
-Вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017–2022» чӣ нақшаҳо доред?
- Аз рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати кору рӯзгори мо бетараф набуданд. Ҳанӯз 20 сол пеш фармони Сарвари давлат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расида буд, ки қабули як қатор қарору барномаҳо дар доираи он сурат гирифт.
Дар доираи иҷрои барномаи мазкур имрӯз дар ноҳия 8 нафар зан вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 38 нафар вакили ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 1 нафар раиси деҳот, 4 нафар мудири бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 6 нафар корманди масъули дастгоҳи раиси ноҳия, 9 нафар роҳбар ва 43 нафар муовини директори муассисаҳои таълимӣ 1 нафар раиси ҷамъияти матлубот, 616 нафар ба ҳайси раиси хоҷагиҳои деҳқонӣ ифои вазифа менамоянд.
Имрӯз дар соҳаи маориф 657 нафар ва дар соҳаи тандурустӣ 510 нафар бону фаъолият дорад. Имрӯзҳо сафи бонувони файзободӣ дар умури бонкдорӣ ва соҳибкорӣ меафзояд.
Рӯз аз рӯз сафи занон дар истеҳсолот зиёд шуда истодааст. ҶДММ «Ганҷи ҳилол», коргоҳҳои дӯзандагӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла «Кошонаи ҳусн» аслан ҷавлонгоҳи кору пайкори занону духтаронанд.
Шоёни зикр аст, ки тариқи Квотаи президентӣ 180 нафар духтар соҳиби маълумоти олӣ гашта, дар ноҳия ва берун аз он фаъолият менамояд.
-Солҳои 2019–2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд. Дар ин самт чӣ нақшаҳоеро роҳандозӣ намуданиед?
-Ҳанӯз 10 апрели соли 2014 зимни сафари корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолон иброз дошта буданд, ки ноҳияи Файзобод таърихи бою рангине дорад ва табиати зебо, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ёдгориҳои таърихии он дар бисёр сарчашмаҳои илмӣ аз ҷониби сайёҳону таърихнигорон ёд шудаанд. Аз ин хотир, сайёҳӣ дар ноҳияи мо яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар ояндаи наздик ба ҳисоб хоҳад рафт. Зеро мавқеи ҷуғрофӣ, табиати дилпазир ва ёдгориҳои зиёди таърихӣ ба пешрафти соҳаи мазкур мусоидат мекунанд.
Ҳунари кулолӣ хосси бонувони ин минтақа аст, ки узви Иттифоқи рассомони СССР шодравон Зарафохола то ба имрӯз аз худ мактаби ҳунармандиро мерос мондааст ва шогирдонаш ҳанӯз ҳам онро давом медиҳанд. Кӯрпаву ҷомадӯзӣ, кокулу сабадбофӣ ва даҳҳо ҳунарҳои қадима то ба имрӯз миёни занони ҳунарманд умри ҷовидона мебинанд. Агар гузоратон ба осорхонаи ноҳия афтад, хоҳед дид, ки куртаҳои чакани ҳанӯз чандин даҳсолаҳо пеш дӯхтаи гулдӯзҳои Файзобод ба чӣ мисл аст.
Низомиддин Шамсиён,
ноҳияи Файзобод