Шояд то замони донишҷӯи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуданаш, касеро бовар намеомад, ки маҳз ҳамин духтари камгапу шармгин рӯзе қолабҳои шахшудаи деҳкадаро хоҳад шикаст.
Зеро дар деҳаашон, ки мардон ҷойгоҳи занро кунҷи хона медонистанд, модарону духтарон солҳо интизори нафаре буданд, то ки ба хотири кушоиши роҳи духтарон ба мактабҳои олӣ намунаи ибрат нишон диҳад. Солҳои донишҷӯӣ, ҳангоми бозгашт ба зодгоҳ ва дар кӯча зоҳир шуданаш, ҳамеша мавриди назару мушоҳидаи мардум қарор мегирифт. То куҷо гуфтору рафтор ва ё либоспӯшии ӯ тағйир ёфта, ба масал «шаҳрӣ» шуда бошад. Бо мурури солҳо Ҳангома Паҳлавонова собит кард, ки духтарони рустоӣ ҳам бо сари баланд мактабҳои олиро хатм намуда, номбардори падару модар ва Ватани худ шуда метавонанд.
Туҳфаҳои беҳтарин
- Падари омӯзгорам алорағми фикри мардум маро барои идомаи таҳсил дар мактаби олӣ дуо доданд. Аз рӯзҳои аввали таҳсил дар донишгоҳ гуфта буданд, ки дар интихоби ҳамсари ояндаи худ соҳибихтиёрӣ, аммо бинобар нахустин донишҷӯдухтари деҳа ба ҳисоб рафтанам, таҳсилро дар мадди аввал гузорам, то дар ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба таҳсилоти олии духтарони деҳот намунаи ибрат гардам, - ба ёд меорад он рӯзҳоро Ҳангома. – Итминони зодмандонро сазовор будан ва ҳадафи мафкурасозӣ дар деҳе, ки аз таҳсили духтарон дар мактабҳои олӣ ҳазар доштанд, маро водор мекард, ки дар баробари хубу аъло хондан, инчунин дар рафтору гуфтор ибратомӯз бошам. Он солҳо роҳҳои ағбаи Анзоб чунин тахту ҳамвор набуданду танҳо дар мавсимҳои таътил ба дидори пайвандон мерафтам. Номаҳои падари зиндаёдам беҳтарин туҳфа бароям буданд. Ҳамакнун, баъди хонадору фарзанддор шудан, беҳтарин туҳфа бароям номаҳои табрикии фарзандонам аст, ки дар рӯзҳои иду ҷашнҳо бароям бо усулҳои оригиналӣ орзуҳои ширин менависанд. Ҳамчунин, дар оилаи мо ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар рӯзи Иди Модар ва ҷашни зодрӯзам шеърҳои саршор аз меҳру муҳаббат эҷоднамудаи ҳамсарам Носирҷонро шунида, худро хушбахту саодатёр мешуморам:
Ҳангома, дар вуҷудам туӣ мисли муҳаррик,
Ин дил бигӯяд: ҷонам, Рӯзи милод табрик!
Ӯ шӯхиомез мегӯяд, ки танҳо як маротиба дар сол «шоир» мешавад ва он ҳам аз барои ман…
Дар ҷодаҳо
Ҳамин тавр, дар пайравӣ аз нахустин духтари рустои Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ки тариқи Квотаи президентӣ соҳиби маълумоти олӣ гардид, даҳҳо ҷавондухтарони ҳамдеҳааш барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар роҳ меёбанд. Интихоби пешаи рӯзноманигорӣ самари орзуву ормонҳое буд, ки Ҳангома дар синну соли наврасӣ ба мисоли идеалаш - Фирӯза Шарифова корманди радиои Тоҷикистон шудан мехост.
- Дар муҳити хонаводаи мо, ки аз субҳ то поси шаб овози барномаҳои рангоранги радио садо медод, ба овози дилнишину рӯҳнавози мухбироне амсоли Фирӯзабону одат карда будем, - мегӯяд Ҳангома. - Аз овони мактабхонӣ бо нашрияи ноҳиявии «Варзоб» ҳамкорӣ доштам ва дар ин миён даврони донишҷӯӣ бо ҳафтаномаи «Зиндагӣ» ҳамкорӣ мекардам. Дар ҷодаи рӯзноманигорӣ ҳамсарам Носирҷон Маъмурзода, ки он вақт ҳамсабақам буд, зиёд ёрӣ расондааст. Баъди оила барпо намудан, фаъолияти касбии худро дар ҳафтаномаи ҷамъиятии «Бомдод», сипас, ҳафтавори «Ҳамрози халқ» идома дода, алҳол дар рӯзномаи вилоятии «Хатлон» фаъолият дорам.
Инъикоси ҳаёту фаъолияти пешаварони чирадасти Хатлон аз мавзӯъҳои дӯстдоштании ӯст, ки қариб дар ҳар шумораи рӯзнома таҳти равзанаи «Сайри Хатлон», «Ҳунарҳои мардумӣ – муаррифгари миллат» пешкаши хонандагон мегардад. Ба азми муаррифии ҳунармандони Хатлонзамин тарҳҳои ҷолибе рӯйи кор овардааст, ки мисоле аз он таҳияи маҷмӯаи «Хатлонзамин – зодбуми ҳунармандони мардумӣ» мебошад.
Соли гузашта Ҳангома ҷоизаи вилоятии «Неруи сухан»-ро дар бахши матбуот барои «Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ» сазовор гардид. Барои саҳми босазо дар рушди матбуот бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Беҳтарин оила
- Дар масоили рӯзгордорӣ ва тарбияи фарзандонам фариштаи мададрасони ман хушдоман аст, ки бо меҳру инояти модаронааш дар тарбияву нигоҳубини фарзандонам нақши бузург мебозад, - иброз дошт аснои суҳбат Ҳангомаи Исмат. - Ман аз хушбахттарин модарони ҷавонеам, ки дар синну соли тифлии фарзандонам орӣ аз мушкилие, бо хотири ҷамъ ба кор мерафтам. Зеро фарзандони моро аз мо дида, модарамон беҳтару хубтар парасторӣ мекард.
Иштироки ин оилаи ҷавон дар озмуни «Беҳтарин оилаи ҷавон» нишони эътирофи як шаҳр мардум аз намунаи ибрати ҳамсолони худ будани ин ҷуфти хушбахту саодатёр аст. Тавре Ҳангома аз лаҳзаҳои даври ҷумҳуриявии ин озмун қисса кард: «Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҷавон» аз он хотир бароямон ёдмон буд, ки аз ягон шартҳои он қаблан огаҳӣ надоштему бо як торти дар хона омодакардаам ба Душанбе рафтем. Баъди ба маҳфилгоҳ рафтан аз шартҳои он хабардор шудем. Ҳамин тавр, давоми як соат омодагӣ дида, баъдан дар он ширкат варзидем, ки дар натиҷа, дар даври ҷумҳуриявии озмун ҷойи дуюмро гирифтем. Он ҷо хӯриш омода кардам. Муаррифӣ намудани вилояти Хатлон дар чунин озмунҳо барои хонаводаи мо боиси ифтихор буд. Аммо, бахшҳои асосии ин озмун хусусияти тарбияи ватандӯстӣ дар оила ва муаррифии дастовардҳои оилавӣ буд, ки мо дар ин бахшҳо баҳои баланд гирифтем».
Ҷ. УСМОН,
вилояти Хатлон