Дар солу замоне, ки зевари наварӯсон шерозаву гулдӯзӣ, чакану чодаргулиҳо буд, дороии сандуқи арӯсии ӯро китобу дафтархотираҳо аз овони таҳсил дар мактабу донишкада ташкил медоданд.
Дар ҷавонӣ ба ҷуз илму донишандӯзӣ орзуи дигар дар дил надоштам, ки ҳини ба хонаи шавҳар арӯсӣ шудан, ба ҷуз дафтару китобу чанд шумораи хонданбоби рӯзномаҳо армуғони дигар надоштам, - табассум дар лаб риштаи суҳбатро во кард Зебонисо Саидова. – Дар муҳите ба воя расидаам, ки ҷамъоварии алафу ҳезум аз пуштаҳо ва дар мавсими пахтачинӣ ёрӣ ба зодмандон аз шуғлҳои маъмулии наврасон маҳсуб меёфт. Модарам аз субҳи содиқ то шомгоҳон саргарми масъулиятҳои хоҷагидорӣ ва бародарам Сайҳомудин ба хизмати ҳарбӣ даъват шуду ҳама кору бори хона бар дӯши ман уфтод. Дар қатори бачаҳои деҳа об мекашондаму шабонгоҳон болои китобҳои дарсӣ хобам мебурд.
Бо ҳама ташвишҳои хонаводагиву заҳ¬мати беохири саҳро модар Зебонисоро ба донишандӯзиву мутолааи рӯзномаву китобҳои бадеӣ ҷалб намуда, ҳамеша таъкид мекард, ки дар сурати ба мактаби олӣ дохил нашудан, варо ба шавҳар хоҳад дод. Бахти ӯ омад кард, пас аз хатми МТМУ № 9-и ноҳияи Данғара донишҷӯи факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шуд.
Айёми донишҷӯӣ бо лаҳзаҳои нотакрору афсонавиаш ба суръати мижа заданҳо баҳори ҷавониро мерабуд. Насли маърифатпарвар ба завқу шӯри беназир касбу дониш андӯхта, рӯзҳои истироҳатиро бо баҳрабарӣ аз муассисаву мавзеъҳои фарҳангӣ, театру маҳфилҳои адабии шоирону нависандагони номвар сипарӣ мекарданд.
Фаъолияти омӯзгориро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и рустои Гулис¬тони Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара оғоз бахшида, баъди як сол оиладор шуд ва минбаъд дар МТМУ № 25-и шаҳри Кӯлоб аз фанни таърих дарс гуфт.
Беҳтарин модар - муаллим
- Аз баракати пешаи омӯзгорӣ 4 духтару 2 писарро ба воя расондам, ки соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун, имрӯз дар пешбурди рӯзгори оилавӣ ва тарбияи фарзандон намунаи ибрати ҳамсолони хешанд, - иброз медорад Зебонисо Саидова. – Фатҳи қуллаи орзуҳо, аз хатми таҳсилоти оливу касбӣ то ба ҳаёти мустақилона гуселондани фарзандон, пайроҳаи пурифтихори зиндагиам мебошад, ки бо заҳмати бисёрсолаву сабру шикебоӣ ва имтиҳони тулонии зиндагӣ насибам гардид. Чаро ки 30 сол қабл, ҳини аз шаҳри Кӯлоб ба маркази вилояти Хатлон кӯчидан, барои модари яккаву танҳо таълиму тарбия як сӯ, пешбурди рӯзгори 6 тифли ноболиғ масъулияти бағоят сахту сангин буд.
Аммо вай худро ба даст гирифту набохт ва ба насиҳати модари номдораш ҳама ҳастии худро ба кори таълиму тарбияи насли наврас бахшид. То соли 2000-ум дар МТМУ № 4 дарс гуфта, баъдан то соли 2003 роҳбарии МТМУ
№ 7-и шаҳри Бохтарро бар зимма дошт. Сипас, се соли дигар дар Литсейи № 1 ҳамчун омӯзгори фанҳои таърих ва ҳуқуқ фаъолият бинмуда, аз соли 2006 дар Литсейи давлатии «Ориёно»-и шаҳри Бохтар ба кори таълиму тарбия машғул аст.
Дар ин миён сарафроз аз дастовардҳои фарзандони соҳибистеъдодаш мекӯшид саҳме дар рушди зеҳнии насли наврас гузошта бошад. Фарзанди ҳунармандаш Отахон Саидзода, директори Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, иқрор меояд, ки дар тарбияву таҳсилоти олӣ ва рушди касбияту кулли дастовардҳои ҳаётии ӯ модари бузургвор нақши муҳиму саҳми ниҳоят бузург гузоштааст. - Аз нахустин саҳначаҳои ҳунарии мактабӣ ва минбаъд санҷишҳои ҷиддии ҳунаромӯзӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода то имрӯзи фаъолияти касбиам, модари меҳрубонам роҳнамову дуогӯи ман аст, ки ҳолиё ҳам дар лаҳзаҳои ҳунарнамоӣ дар саҳна ҳузури нерубахшандаашро эҳсос менамоям…
Чор унсури инсонсозӣ
Ба гуфти омӯзгор Зебонисо Саидова, айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар барномаи онлайнӣ роҳандозӣ гардидааст, ки тавассути он раванди дарсомӯзӣ сабт ёфта, зодмандон метавонанд тавассути телефонҳои дастӣ ҷараёни иштироки фарзандонро дар машғулиятҳои синфӣ аз равзанаи «Мактаб» назорат бубаранд.
- Оила ин муҳимтарин ячейкаи давлат, дар таҳкими робитаи падару модарон бо мактаб, тарбияи насли замони муосир ва ба ин васила ҷиҳати баланд бардоштани мақому нуфузи омӯзгор дар ҷомеа, нақши ниҳоят муҳим мебозад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид, ки масъулияту рисолати хонаводаро ҷиҳати ба даст гирифтани тақдири насли ояндаи кишвар дучанд тақвият бахшид, - ҳароратангез изҳор дошт Зебонисо Саидова. – Илова бар ин, ба хотири эҳёи фарҳангу тамаддуни ниёгон, бедории фикрӣ ва баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву худшиносии мардум, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чаҳор озмуни ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд, ки пайки диловези он зуҳури даҳҳо истеъдодҳои беназир аз миёни сокинони шаҳраку рустоҳои дуродури Тоҷикистони азиз аст.
Иқдомҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши таъриху тамаддуни ниёгон, эҳёи ҳунару арзишҳои миллӣ ва дар умум ба тарбияи инсони замони нав ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон равона гардидаанд. Ташаббусҳои наҷиби сатҳи ҷаҳонӣ дар самти ҳаллу фасли мушкилоти глобалии сайёра, дастрасии аҳолии мамлакат ба китобҳои нодири ҷаҳоншумул аз марҳалаи навини қудратёбии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, меросбари илму фарҳанги пешдодиён ва аз мақоми пешоҳангии халқи тоҷик дар рушди илму тамаддуни олам дарак медиҳад, ки роҳнамову ҳидоятгараш фарзонафарзанд
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, -
бо ифтихор меафзояд Зебонисо Саидова.
Ҷ. УСМОН, шаҳри Бохтар