03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОЛОРАВИИ МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ТОҶИКИСТОН

 

3333ljkfnb

Яке аз дастовардҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ ин бунёди давлати воқеан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Бунёди давлати иҷтимоӣ ба ҳар фарди ҷомеа муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ баробарҳуқуқии ҳар як аъзои ҷамъиятро тақозо менамояд. Маҳз дар сатҳи Конститутсия пешбинӣ гардидани баробарҳуқуқии тамоми одамон сарфи назар аз миллат, нажод ва ҷинс бобати амалӣ гаштани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат мусоидат менамояд. Мувофиқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

Аз солҳои аввали истиқлолият масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошт. Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ИДМ яке аз аввалинҳо шуда, 27 декабри соли 1993 Конвенсияҳои байналмилалии «Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон» ва «Ҳуқуқҳои сиёсии занон»- ро эътироф ва тасдиқ кард.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ҷиҳати таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид. Ин ҷиҳати муҳим барои қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи мусоид ба вуҷуд овард, ки мақсади он беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа,   иштироки     фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак мебошад. Татбиқи амалии ин чорабиниҳо имкон дод, ки дар замони муосир бонувони тоҷик комилан соҳибҳуқуқ гарданд.

Таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ бевосита дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Кодекси гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, меҳнатӣ, манзил ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд. Махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” дар ин маврид нақши муҳим дорад.. Барномаву қонунҳои қабулшуда баҳри баланд бардоштани мақоми занон, таъмини пурраи солимии модару кӯдак равона гашта, дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Аз он рӯзе, ки миллати тоҷик соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бис-ёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо     бисёр     кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад. Чуноне, ки дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо ба хотири ҳифзи дирафши миллати худ ҷонсупориҳо намудаанд.

Имрӯз моро мебояд, ки аз арзишҳои миллии худ ифтихори тамом     дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллати озоду соҳибистиқлол ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори арзишҳои миллиро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем, зеро ба рамзҳои давлатӣ бо эҳтиром муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

   Ҳабиба ШУЛАШОВА,

мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

 

:.  Чеҳра 13.12.2023 18:09 355

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz