Дар бораи нафароне чун Ҳуриннисо Ализода матлаб иншо намудан саҳли мумтанеъ аст. Душвор будани иҷрои ин амал ба шахсияти қаҳрамони матлаб вобаста аст.
Таҷрибаи инсоният аз он шаҳодат медиҳад, ки масъулият ва дарки он барои ҳар инсон ҳанӯз аз овони наврасӣ зуҳур карда, минбаъд аз омӯзиш, рӯшанбинӣ ва натиҷагириҳои ҳаётӣ пайваста такмил меёбад. Ин омилро дар мисоли масъулиятшиносиву поквиҷдонии рӯзноманигори шинохта Ҳуриннисо Ализода баръало эҳсос менамоем.
Чун ин равандро жарфтар мавриди пажӯҳиш қарор додам, итминонам комил гардид, ки маҳз ин омилҳо бону Ҳуриннисоро дар моварои зиндагӣ саодатманду соҳибэҳтиром гардондааст. Манзур он аст, ки касбияти баланд инсонро дар ҳама ҳолат мададгор аст. Махсусиятҳои зиндагии ин нафар зиёданд ва наметавон дар доираи як матлаб онҳоро таври бояду шояд бозгӯйӣ намуд. Бинобар ин, бо зикру шарҳи чанде аз онҳо иктифо мекунам.
Таҳаввулгаро, қолабшикан, масъулиятшинос ва рафиқи содиқ аст. Замоне ба таъсиси Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳилола» иқдом намуд, ки имрӯза фаъолони ҷамъиятӣ дар фикри дигар чиз (шарҳ намедиҳам, ки манзур чӣ аст) буданд. Дар раванди татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби «Ҳилола» амалигардида зиёд қолабҳоро шикаст ва тавонист ба мардум нафъ расонад. Баргузории чорабиниҳои «Ҳилола» аз дигар созмонҳои ҷамъиятӣ комилан фарқ дошт. Мекӯшид, ки маблағи ҷудошуда мақсаднок сарф шавад…
Дар «Ҷумҳурият» бо таъсиси шуъбаи вижа фаъолияташро тарзе роҳандозӣ кард, ки шояд дар ин нашрия собиқа надошта бошад. Мақолаи иншонамудааш таҳти унвони «Кӣ ба миллату давлат хиёнат мекунад?» шӯру валвалае барангехт, ки дар таърихи журналистикаи тоҷик камназир аст.
«Бонувони Тоҷикистон»-ро бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маънои томаш аз сифр эъмор кард. Шояд барои баъзеҳо, ки дар тули зиндагии худ мурғхонае насохтаанд, суханони боло тамаллуқ қабул шаванд. Вале мардона бояд гуфт, ки дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ намудани фаъолияти маҷаллаи навтаъсис кори саҳлу сода нест.
Мазмуну муҳтавои матолиби «Бонувони Тоҷикистон» аз мақолаҳои дигар расонаҳои давлатӣ фарқ дошт. Ба кор низ нафарони ҳирфаӣ ҷалб мешуданд. Ализодаро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон аз лиҳози касбият гӯл зад, аз ин лиҳоз, барои ландаҳурону муфтхӯрҳо дар маҷалла ҷой набуд. Баргузории озмунҳои гуногун, тамоюли афзоишро касб намудани обу¬на, соҳибэҳтиром гардидани кормандони он ва ғайра дастовардҳое мебошанд, ки дар онҳо маҳз шахсияти Ҳуриннисо Ализода саҳим буд. Замони фаъолият дар «Бонувони Тоҷикистон» нақшаҳои зиёд дошт ва ҷиҳати татбиқи онҳо бо азми қавӣ ва нияти нек кору пайкор намуд. Ӯ ба ҳадафҳояш расид. Ӯ набзи замону талаботи ин соҳаро низ ба хубӣ дарк сохта, бар он андеша аст, ки журналистика таҳаввулоти зиёдеро тақозо дорад.
- Ғояи омӯзиш тули тамоми ҳаёт мисли дунё пир шуда бошад ҳам, аммо то ҳол моҳияти худро гум накардааст, — таъкид менамояд Ҳуриннисо Ализода. Бо назардошти ин, дар 48-солагӣ маълумоти дуюм- ҳуқуқшиносиро соҳиб шуд.
Номбурда муътақид аст, ки бемасъулиятшиносӣ ва роҳандозии корҳои муфид ба пирӯзӣ муваффақ шудан мушкил аст. Бо дарки масъулият гуфта метавонем, ки Ҳуриннисо Ализода бо ҳамин роҳи мунаввар қадам ниҳода, то кунун дар ин ҷода собитқадам аст.
Аз шумори онҳоест, ки зодаи баҳс будани ҳақиқатро дарк намуда, пазируфтааст. Дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» қариб ҳар ҳафта бомбамақола менависад.
Имрӯзҳо низ номбурда рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо меорад ва ин раванд аз тарғиби дастовардҳо, ифшои камбудӣ ва бозгӯйи зиндагиномаи шахсиятҳои арзанда таркиб ёфтааст.
Таронаҳо
Гуфтӣ, ки беҳад сангдилам. Қабул. Агар ин санг бишканад, чашмае берун хоҳад омад, ки кӯҳро сина бишкофад. Он аз хуни дили ман сарчашма мегирад, ки ғами ишқат обаш медиҳад.
***
Умри ман дар интизори муҳаббат гузашт. Дигар қудрати бовар ба он надорам. Ишқи деромадаро шӯри дигарест, ё ҷисми афгори ман тавони сабри он надорад?
***
Маро замоне тарк кардӣ, ки навмеду нобарор рӯзгор доштам. Фардои норӯшане пешорӯям буду ниёзманди шонаи ёр, барои дил холӣ кардан будам. Вале ту танҳои танҳоям монда рафтӣ. Мегӯянд, калламушҳо киштиро қабл аз ғарқ шуданаш тарк мекунанд. Вале онҳо медонанд, ки калламушанд. Ва гуноҳро на сари киштӣ мезананд, на аз баҳру тӯфон.
***
Барои шинохти ботини ту як нигоҳе ба чашми ақл кифоя будаасту чашмони оҷизи ишқ ва аз гиря тираи ман ҷисми бегуноҳамро то дер озурданду диламро хуншор карданд…
Ҳамагӣ як назари ақлӣ дар шинохти ту, вале… дермонда.
***
Рӯзе, ки бо ҳам пайвастем, гармо буду рӯзе, ки аз ҳам гусастем, сармо. Бо шикасти ин пайванд баҳор бе гулшукуфт гашту тирамоҳ бе ҳосил. Орзу дорам Худованд фасли панҷумеро эҳдо намояд, ки гарму гулпӯшу пур аз ҳосили ишқ бошад. Ҳосиле, аз сабри пурҳаҷру пуртаҳаммули ман, ки чун меваи расида ширини ширин хоҳад буд.
***
Замоне, ки ҷавон будам, хирадмандона аз хато кардан метарсидам. Акнун, ки баркамолам, тифлона иштибоҳе кардам, ба унвони бовар ба ту. Вале аҷаб ин аст, ки ин бор… натарсидам.
***
Нимашаб ёдат ба суроғам омаду хоб аз дидагонам рафт. Дунболи хоб нарафтанам ҳам иштибоҳи ман буд, зеро роҳаш сӯи дидагони ту буд. Инак, боз ман мондаму хилвати шабҳову танҳоӣ… ва танҳо ёди ту.
***
Миёни дуроҳае бо сад хаёл беқарор ба нокуҷо раҳ мепаймоям. Ё бо ту будан ё ҳеҷ. Зеро дигар ман боз ба олами фаноӣ бе ту будан, дил бастан натавонам.
***
Дил ба кӯят ба ҷустуҷӯят меравад. Роҳро медонад, вале садди бузургу дари бастаи қисматро тавони гузаштану кушудан надорад. Пас мегардад ва алами фироқ ба дардаш меорад. Аз умр домангир мегардад. Посух мешунавад: «Ҳар касе дар замони худ бояд зода шавад, ҳатто ошиқ ҳам».
***
Охири роҳи ишқат бароям норӯшан аст. Дар саргаҳи рӯшани он дарк накардам, ки торикиҳоям дар интизоранд. Пас войи қалби ману ту дар ин олами бе ишқ ва бе нур.
***
Мехоҳам бо ақл ба кирдори хеш баҳо бидиҳам. Аз раъям пас мегардам. Ку ақл? Агар он таркам намекард, ин замон пешорӯи ман ин мушкил намебуд.
***
Гуфтамат бирав. Боварам кардӣ. Аммо вақте ту мерафтӣ, равонам дунболат мерафт. Қалбам бо сад фиғон домангират буд, ки: «…На, нарав! Нарав, ки мемирам!». Вале ту, ки роҳ сӯи дигаре доштӣ, дилеро зери поят надидаву болояш қадам гузоштӣ. Рафтӣ!
***
Дишаб кулбаи эҳзонамро, ки ба ёдат бино карда будам, вожгун сохтам. Зеро дигар дарёфтам, ки ту аз азобҳои ман лаззат мебарию аз ғуссаҳоям шодмон мегардӣ.
Туро бо ҳама вуболу савоб ва дурӯғу риёят ба худат месупорам, то рӯзе Худованд барои шинохти қалби пурфандат, қудратат бидиҳад ва дарк бикунӣ, ки ҳар дили шикаста, оҳе дорад хонумонсӯз… Ва…
Рӯзе, ки худ ба танҳоии дилат дар танҳоӣ мегирйӣ, намаки ишқи поку ашкҳои шӯри маро ба ёд биёр.
Рӯзе, ки по рӯи хони муҳаббатам мегузоштӣ, гӯё имонат бесадо ба ҳолат мегиристу виҷдон вуҷудатро батамом тарк мекард. Зеро қалби маро замоне тараҳҳум ба танҳоият моили ту гардонда буд ва имонам комил буд, ки қалбат ниёзманди ҳамчун манест, ки бояд танҳояш нагузорам.
Замоне ба Худованд саҷда мекардӣ, ки ишқро дар қалби ману ту сӯзонтару подортар бидорад. Имрӯз ман саҷда ба Офаридгор мекунам, ки туро биёмурзад, зеро ту он замон ба Худованд низ дурӯғ мегуфтаӣ!
***
Муҳаббати ман ба ту беҷавоб аст. Мегӯянд, ишқи беҷавоб зуд мемирад. Вале, ба бадбахтиям, ишқи беҷавоби ман гӯё аз абадзиндаҳост.
***
Мегӯянд, ки вақте муҳаббат мемирад, борон меборад. Замоне, ки оташи муҳаббати ману ту хомӯш мегашт, он замон барфҳои зимистон об нашуданд ва яхбандӣ, ҳатто дар баҳорон ҳам заминро тарк нагуфт.
Сардиҳои қалби беинсофат исфандмоҳро ҳам аз асорати сардӣ халос накард. Билохира, гулҳои шукуфтаи дарахтонро сармо заду ғунчаҳои муғчаҳои нокушода ба замин фурӯ рехтанд. Парандаҳо дар муҳлати муқаррарӣ ба лонаҳои хеш барнагаштанд. Имсол тухм нагузоштанд онҳо, қатъи идомаи насли хеш карданд имсол. Сардиҳои муҳаббаткушат идомаи ишқро ғайриимкон карда буд. Ту надонистӣ, ки ин танҳо одамист, ки зиндагиаш бо гармии муҳаббат бақо дорад. Ту олами зебои маро, гармии муҳаббатамро бо сардӣ ҳукм ба фано кардӣ. Ишқамро дар яхистони қалбат дарбанд кардаву билохира ба сардии абад маҳкум кардӣ… Инак, олами ман то абад дар ҳукми сардист…
***
Эй осоиши руҳам, эй боиси тапиши қалбам, ай оромиши танам, эй маънии табассуми роздорам, эй барқи рахшандаи дидагонам, эй қаҳрамони хобҳои хаёлангезам, эй оне, ки чашмбароҳият дӯстдоштатарин шуғли умрам буд, куҷоӣ?
***
Туро, ки дар ҳама зарроти вуҷуди манӣ, хоҳам кушт! Оре, туро дар ҳама зарроти вуҷудам бо сангиндилие чун худат хоҳам кушт. Дер ё зуд, осон ё сангин, бо хушӣ ё бо заҳри қотил. Туро дар дунёи ормонии худ мекушам, зеро ошиқе будӣ аз бофтаи хаёлам, ки ба ҷуз дар афсонаи ишқам, дар ҳеҷ ҳақиқате ҷо надоштӣ. Ту офаридаи тахайюли фиребои ман будиву бас. Руъёе аз олами тиҳӣ ва танҳоии ман будиву боқӣ ҳеҷ…
На… Туро нахоҳам кушт, зеро барои кушта шудан бояд мавҷуде мебудӣ, дорои эҳсос, шавқ, муҳаббат, инсоф ва ё одамият.
***
Қалби ман тиҳӣ аз ҳама шодиву нишот ва лабрези андуҳи фироқи туст. Дили аз ишқи нокомам дардманду сари бесоҳибам аз танҳоӣ ба фарёд омада. Суолҳои беҷавоб озори аъсобам гаштаву ҷигархунам кардаанд. Чаро аз ишқи девонавор мардум танҳо «девона»-ашро мефаҳманду бас! Чаро аз ошиқон танҳо Маҷнун абадисту аз ишқам ҷуз «ҷунун» ҷовидон осоре нест?!!
***
Вақте ки марде харидорона сӯям менигарад, дидаҳои замоне «зору ошиқ»-и туро ба хотир меораму чашмони он бечора дар назарам чоҳи ишқ менамоянд.
***
Имшаб танҳоям, чун ҳама шабҳои дигар танҳоям. Дар ин шаби танҳоии сарду мармуз бо чашмони боз ба ёди ту ба болин сар гузоштаам, то дар хобат бубинам.
Ман имшаб чун шабҳои дигар ба ёди ту ба хотири ба хоб дидани ту ва бо умеди ба хоби ту даромадан бо чашмони боз дар торикии сарду мармузи хонаам ба «хоб» меравам. Бо умеди он ки субҳ ба хотир биёрам, ки хобат дидаам? Ё ҳадди ақал орзу кунам, хобам дидаӣ? Вале дигар туро дар хобҳои руъёиям ҳам сарду бемеҳру дур аз хеш мебинам.
Ай орзуи хуфтаи ёдҳои ҳамеша бедору фаромӯшкардахоби ман, дигар ту куҷоӣ?
Ҳеҷ чиз ба андозаи дидани як модар, вақте тифлашро дар оғӯш дорад, руҳпарвар нест ва ҳеҷ чиз ҳисси эҳтирому ситоиши моро ба қадри ҳолати модаре, ки кӯдаконаш ӯро иҳота кардаанд, бедор намекунад.
Гёте