Ифтитоҳи китобхонаи кӯдакона аз орзуҳои деринтизори ӯ буд, ки барои амалӣ намудани он монои дигар ҳадафҳои пешгирифтааш заҳмати зиёд кашидавупайроҳаи пурпечу тоби зиндагиро паси сар кардааст.
- Муҳайё сохтани шароиту имкониятҳои мусоид барои таълиму тарбия ва рушди зеҳнии кӯдакону наврасон муҳимтарин иқдомест, ки ба хотири ояндаи дурахшони насли хеш анҷом медиҳем, - иброз медорад Шаҳло Шукурова. – Китобхонаи кӯдаконае, ки дар доираи барномаи «Ҳамроҳ бихонем» бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо шарикони рушд дар МТМУ №10 таъсис додаем, дорои 4 ҳазор китоби бадеӣ аст.
Дар қиёс ба китобхонаҳои оммавӣ синфхонаи фарҳангӣ - ҳунаромӯзии назди Муассисаи таълимии мо гӯшаи дастранҷҳои ҳунармандии шогирдон ва бо мизчаҳои мудаввар муҷаҳҳаз буда, ҳавасмандони ҳунарҳои зебо бо ёрии устодон дӯзандагиву бофандагӣ ва рассомиву дигар ҳунарҳои дӯстдоштаи худро сайқал медиҳанд.
Суҳбаткунон озими синфхонае мегардем, ки аз диди аввал намоишгоҳи дастранҷҳои дӯзандагиву бофандагии пешаварони наврасро мемонад. Дар деворҳои гулбаст бо шерозаву зардевориҳо, гӯшае оро аз навиштори пандомезу ашёву аёнияи таълимӣ, мизу курсичаҳои мудаввару суфраи бо кӯрпаву болиштчаҳои дастидӯзи наврасони чирадастро дида, ҳаваси бинанда меояд, ки кош дар ҳама мактабҳо чунин имконияту муҳити эҷодиву мафкурасозиро барои наврасон фароҳам биоранд.
Ба андешаи роҳбари муассиса, ҳамин китобхонаи муҷаҳҳаз бо асбобу ашёҳои таълимӣ ва шароити китобхониву намои фарҳангии он, ки муҳити хонаводаҳои ҳунармандонро мемонад, ба наврасон ангезаи илму ҳунаромӯзӣ бахшида, онҳоро ба ҷидду ҷаҳди бештар ба рушди маҳорату худкушоӣ такон медиҳад.
- Миллат ниёз ба насли хушсалиқае дорад, ки донишманд, забондону ҳунарманд ва дорои неруи солиму тавоно ва зарфиятҳои зеҳнӣ бошад,- мегӯяд роҳбари МТМУ №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Шаҳло Шукурова.
Дар тарбияи насли ояндасози ҷомеа он гоҳ муяссар мешавем, ки ба қавли ниёкон орзуву ҳадафҳои ояндасози мо ба мароми умумимиллӣ табдил ёбад. Чаро ки муҳимтарин тадбир дар масири миллату давлатсозӣ аз тарбияи насли ояндаи ҷомеа оғоз меёбад ва мусаллам аст, ки ҷиҳати гус¬тариши ҳамкориҳои муштараки мактабу оила ва ҷомеа ба навгониву дигаргуниҳои ҷадид зарурат дорем.
Ба андешаи муаллим дар пешорӯи равандҳои ҷаҳони муосир ба вижа омезиши фарҳангҳо, ки хатарҳои мағзшӯии ҷавонон, тақлидкории афроди ақибуфтода ба маданияти либоспӯшиву урфу одатҳои ба фарҳанги мо бегонаро ба вуҷуд меорад, муҳимтарин абзори маънавии инсоният ин, рӯ овардан ба китобхониву баҳраварӣ аз хазинаҳои маонӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар радифи масъулияти омӯзгорӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву шинохти муқаддасот ва ҷалби онҳо ба мутолиаи китобҳои бадеиро рисолати худ бишмарем.
Корномаи ибратомӯзи қиблагоҳаш, ки солиён вазифаи раиси суди ноҳияро ба уҳда дошт, роҳнамояш дар зиндагӣ ва дар ҷодаи омӯзгорӣ бошад, муаллими овони мактабхонӣ Турсуной Бобосаидоваро идеали худ меҳисобад. Ин буд, ки баъди хатми мактабе, ки имрӯз роҳбариашро бар зимма дорад, ба факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Аммо соли севуми донишҷӯӣ, ки саробонии оила барои модари хонашин гарон уфтода буд, таҳсилоти Шаҳлоро ба таваққуф гузошт, ӯ ба деҳа баргашт. Азбаски дар он солҳо норасоии омӯзгорон эҳсос мешуд, муаллимони мактаби деҳа Шаҳлои наварӯсро ба кори таълиму тарбия даъват намуданд.
Солҳои аввали омӯзгорӣ дар дарсҳои устодони соҳибтаҷриба нишаста, донишу таҷрибаи худро такмил медод. Соли 2004 дар доираи барномаи бозомӯзии омӯзгорон, ки дар ҳамкории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо Ташкилоти омӯзишии кишвари Ҷопон роҳандозӣ гардида буд, Шаҳло Шукурова низ ба такмили ихтисос фаро гирифта шуд.
- Ба идомаи таҳсилоти олӣ замоне тасмим гирифтам, ки аллакай собиқаи 15-солаи омӯзгорӣ доштам, - бо табассум изҳор дошт Шаҳло Шукурова. Ҳамин сон, тариқи гузариш таҳсилро дар факултаи методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав идома дода, соли 2014 онро хатм намуд.
Ташкили озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ таҳаввулоти бузурги фарҳангие ба вуҷуд овард, ки имрӯзҳо дар баробари наврасону кӯдакон пиру барнои Тоҷикистони азиз бо шавқу рағбати беандоза ба мутолиаи китоб рӯ овардаанд. Аз ҷумла, дастпарварони МТМУ № 10 бо баҳрамандӣ аз китобхонаҳои наздимактабӣ ва дигар махзанҳои адабии маҳал ҳамасола ба озмунҳои гуногун омодагии ҳаматрафа мебинанд. Имсол ду нафар хонандаамон аз рӯи номинатсияҳои бачагона ва адабиёти классикӣ то даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфт.
Дарвоқеъ, самараи ояндабахши Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ин рӯз аз рӯз афзудани шумораи толибони каломи бадеъ дар китобхонаҳои оммавӣ мебошад. Чун ниёкон, ки аз мутолиаи назди шамъу чароғҳои хираи бобоӣ ба аҳли башар ашъори пурғановатеро мерос гузоштаанд, аз миёни китобдӯстону донишҷӯёни даврони Истиқлол даҳҳо нафар нобиғаҳо зуҳур хоҳанд намуд, ки бо маҳсули илмиву эҷодиашон дар рушду пешрафти ҷаҳони мутамаддин нақши пешоҳанг дошта бошанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ