Қодир усмоновро соли 1976 барои идомаи кори ҳарбӣ ба вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз шаҳри кӯлоб ба шаҳри душанбе гузаронданд. фарзанди дуюми ӯ - Таҳмина соли 1979 дар пойтахт ба дунё омад. Падарро барвақт, вақти гусел ба кор, агар дар хоб намемонд, медид, ё шаби дер – вақти бозгашташ, боз ҳам, агар хобаш намебурд. ё баъзан рӯзҳоиистироҳат, ин ҳам дар ҳоле, ки навбатдор набошад.
Вақте Таҳмина андак калонтар шуд, шояд аз меҳри зиёд ба падар ба бахши низомӣ, як чиро барои худ шуғл кард: дар хона ба ҳеҷ кас иҷозат намедод, ки либоси падарашро дарзмол намояд. Ин корро маҳз ӯ бояд анҷом медод.
Он замон ӯ номи тамоми унвонҳои ҳарбиро азёд медонист. Падараш шавқу ҳаваси духтарашро як орзуи зудгузари кӯдакӣ мепиндошт. Бовуҷуд, рӯзҳои истироҳат ва ид, вақте онҳо ба боғи фароғатӣ мерафтанд, дигарон, агар ҳавас ба бозиҳои ҳархела доштанд, шавқи Таҳмина хоначаи «Тир» буд. Ин ҳамаро дида, ба духтараш шӯхиомез мегӯфт, ки пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи ҳарбии Россия, барои хондан мефиристам.
Аммо Таҳмина шӯхӣ намекард. Дертар падарашро водор намуд, ки ӯро барои машқ ба гурӯҳи тамринии каратэ ҳамроҳ намояд. Пас аз ворид шудан ба гурӯҳи машқӣ ояндаи худро дар мақоми низомӣ тасаввур мекард.
Соли 1992, ҳангоме ки Таҳмина 13 сол дошт, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар шуд. Падараш маҷбур ба шаҳри Кӯлоб баргашта, барои ташкил шудани ҳукумати қонунӣ мубориза бурд. Мутаассифона, дар яке аз задухӯрдҳо ҷароҳати вазнин бардошт. Ба болои ин, падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд. Ин ба соли 1994, замоне рост меомад, ки Таҳмина 15 сол дошт.
Таҳмина мактаби миёнаро хатм ва ба Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ, ҳуҷҷат супурд. Соли 1997, соли аввали донишҷӯӣ оиладор шуд. Шавҳараш – Сайфулло ҳам корманди милиса, падарарӯсаш шахсияти машҳур, генерал Абдулло Ҳабибов буданд.
«На ҳар кас ҳамсари милиса буда метавонад»
Шавҳараш пагоҳӣ ба кор мерафт ва шабҳо дер меомад, ё баъзан умуман намеомад. Реҷаи кории муқаррарии корманди милиса, хосса дар замони нооромиҳо чӣ гуна мешавад? Бо чунин реҷа аз фаъолияти падараш огоҳӣ дошт.
Нигоҳубини фарзандон барои Таҳмина машғулияти асосӣ гардид.
Чанд соли пандемияи коронавирус дар баъзе кишварҳо кори фосилавиро авҷ дод. Гоҳо байни ҳам шӯхӣ мекунем, ки Сайфулло дар тарбияи фарзандон ҳам «удаленка», яъне фосилавӣ нақш гузоштааст. Ин, албатта, шӯхист, аммо вай дар тарбияи фарзандон хеле ҷиддӣ буд. Баъзан бо телефон дастурҳо медоду аз иҷрояшон назорат мебурд, аммо ин нақши ӯро ба ҳеҷ ваҷҳ кам намекард, зеро Сайфулло ҳам дар ҳамин гуна муҳит ба воя расидааст: то ҳанӯз тарбияи хоси генерал Абдулло Ҳабибов ва ҳамсараш муаллим Ҳикоятмо Амироваро нисбат ба фарзандон одамон ба хотир меоранд, - мегӯяд Таҳмина.
Аз ӯ мепурсам, ягон лаҳзаи хотирмони вобаста ба фаъолияти шавҳарашро ба ёд орад.
Дар фаъолияти низомӣ таъбири хосси «омодабош» аст. Ҳаёти 25-солаи моро мешавад ба ҳамин монанд кард. Зеро полковник Сайфулло Ҳабибов дар зиндагии шахсӣ аз ин бештар дар кор низ ҷиддист… Тирамоҳи соли 2010, замони фирори маҳбусон аз боздоштгоҳи КДАМ буд. Он замон Сайфулло рӯзҳо ба хона намеомад, баъзан танҳо барои тағйири либос сари қадам медаромад. Воқеан, яке аз фирориёни бисёр хатарнокро маҳз ӯ дар танҳоӣ дастгир кард. Албатта, қиссаи ин ҳодисаро хеле дер фаҳмидем…
Соли 2011 барои ин диловарӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ қадр шуд. Ман аз шавҳар ва фарзандон аз падарашон ифтихор мекунем, - изҳор медорад Таҳмина Ҳабибова.
Шаҳбача бо либоси низомӣ
Онҳо соҳиби ду писар ва як духтаранд: Шерзод, Сомон ва Динора. Дар тарбияи онҳо усули хосро интихоб намуданд, ҳатто дар масъалаи интихоби китоби бадеӣ, тамошои филм ба ҳамдигар ёрӣ мерасонданд.
Шерзод пас аз хатми Мактаб – интернати «Ҳотам ва ПВ» аз озмуни Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бомуваффақият гузашта, ба Донишгоҳи ҳарбии Россия дохил ва соли 2021 онро хатм намуда, ҳоло афсари яке аз раёсатҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурист. Соли гузашта оиладор шуд. Тӯйи арӯсии Шерзоду ҳамсараш ҳам таърихи наверо боз намуд. Собиқадорони Вазорат мегуфтанд, бори аввал аст, ки шаҳбача бо либоси низомӣ ба тӯй ҳозир мешавад.
- Дар тасаввури ман худнишондиҳӣ набуд. Нахуст, нишон доданӣ будам, ки хизматчии ҳарбӣ ва афсарам. Дуюм, ҳамсарам аз ибтидои ҳаёти оилавӣ бояд медонист, ба кӣ хонадор шудааст, - гуфт Шерзод.
Сомон доим ба варзиш машғул буд. Аз 12-солагӣ мисли падар риштаи боксро интихоб намуд ва то ҳол машқ мекунад. Дар ин бахш устоди варзиш аст. Пас аз хатми мактаб бо дуои бобояш генерал Абдулло Ҳабибов ба яке аз донишгоҳҳои низомии десантии Россия ҳуҷҷат супурд. Яке аз талаботи асосӣ дар ин донишгоҳ қаду вазн аст. Мутаассифона, қади Сомон андаке мувофиқат накард. Ӯро комиссия напазируфт. Ба Сомон гуфтанд, ки ба номи вазири мудофиа мактуб нависад. Генерал – полковник Шералӣ Мирзо онҳоро шахсан ба ҳузур пазируфт. Пас аз суҳбат ба бархе, аз ҷумла ба Сомон иҷозат дода шуд, ки имтиҳон супорад. Ӯ имтиҳонҳоро бомуваффақият супурд. Ин як тарафи кор буд. Хондан дар ин донишгоҳ осон нест, ҳатто дар соли аввали таҳсил аз 8 курсанти тоҷик 7 нафар ба Тоҷикистон баргашт. Сомон танҳо то ҳол таҳсилашро идома медиҳад. Ҳамзамон, ба машқи бокс машғул буда, дар мусобиқаҳои гуногун ғалаба ба даст меорад.
Модари «бераҳм»
Динора яккадухтар ва фарзанди аз ҳама хурдии хонадон аст. Соли 2015 падарашро ба Академияи ВКД Россия ба таҳсил фиристоданд ва онҳо оилавӣ ба Москва рафтанд. Динора ҳамон сол ба синфи якуми мактаби пойтахти Россия дохил шуд. То синфи панҷ хонд. Баъд аз ҳамсинфонаш дар бораи мавҷудияти мактаби низомӣ барои духтарон огоҳӣ ёфт. Пурсуҷӯ ҳамроҳи падараш нишон дод, ки ба ин мактаб танҳо духтарони шаҳрвандони Россия ҳаққи таҳсил доранд. Тасмим ин шуд, ки ба номи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нома нависанд, то барои гирифтани квота дар ин мактаб мусоидат намоянд. Ба мактуби духтараки синфи 5 Динора Ҳабибова хеле зуд вокуниш омад. Ӯро ба ин мактаб пазируфтанд ва ҳамин тавр вай ягона толибилми хориҷӣ аз кишварҳои пасошуравист, ки дар мактаби махсуси низомии духтаронаи Россия таҳсил дорад. Таҳсил дар ин мактаб аз 12-солагӣ сар мешавад ва ба дараҷае реҷаи вазнини ҳарбӣ дорад, ки ҳатто шаҳрвандони Россия тоқат намекунанд. Динора соли сеюм аст, ки хубу аъло мехонад. Орзу дорад, ки пас аз хатми ин мактаб ба донишгоҳи ҳарбӣ дохил шавад…
Баъзеҳо ҳайратзадаанд, ки чи хел розӣ шудаам то ҳар се фарзанд, ҳатто яккадухтарам низомӣ бошанд. Баъзан маро «бераҳм» ҳам мегӯянд, - бо табассум мегӯяд Таҳминабону.
Оилаи донишҷӯҳо
Баъди як соли сукунат дар пойтахти Россия Таҳмина Ҳабибова ба факултаи туризми Донишгоҳи давлатии варзиш ва туризми шаҳри Москва ҳуҷҷат супурд. Бо ин, ӯ қаҳрамонии хушдомани худ, муаллим равоншод Амироваро такрор намуд. Дуруст аст, ки хушдоманаш пас аз таваллуди 10 фарзанд донишҷӯ шуду келинаш пас аз 3 фарзанд.
- Акнун дар оила ҳама донишҷӯ буданд. Ҳам фарзандон ва ҳам ману шавҳарам. Ҳамсабақҳоям дар синну сол баробар бо фарзандҳоям буданд. Бар илова, ягона донишҷӯзани ғайрирус ба ҳисоб мерафтам. Пас аз донишҷӯӣ реҷаи ман комилан дигар шуд. Субҳи барвақт тайёр намудани субҳона барои аҳли хонавода, пас аз он то нисфирӯз нигоҳубини кӯдакони афсарони рус, чун мо дар хобгоҳи Академия мезис¬тем ва аз ҳисоби ин парасторӣ маблағе ба буҷети оила ворид мешуд. Аз соати 13 то 18 дарс дар Донишгоҳ, бегоҳ омода намудани хӯрок ва аз соати 21 то 23 фаррошӣ дар хобгоҳ, ки аз ин ҳисоб ҳам маблағи муайяне пайдо мекардам. Албатта, дар ин миён фурсат ёфта, дарс мехондам. Рӯзҳои шанбе ба ҳамсарони афсарони рус ошпазиро меомӯзондам ва рӯзи якшанбе, пас аз кори хона ба дӯзандагӣ машғул мешудам. Ҳамин тавр, дар ғанӣ гардондани буҷети оила саҳм мегузоштам…
Дар фестивали Донишгоҳ вобаста ба туризм ҳамроҳ бо устоди дӯстдоштаам Екатерина Валеревна идеяи ташкил намудани студияи «Чакан» пайдо шуд. Ба ин восита ҳунару фарҳанги тоҷикон тарғиб гардид. Ба ин ният чандин маҳфилу маъракаҳо ороста, одамонро ба тамошои Тоҷикистон хондем. Пас аз оне, ки шавҳарам академияро хатм карду ба Тоҷикистон баргашт, мо аз хобгоҳ баромада, якхонагиеро иҷора гирифта, ҳам таҳсил мекардам, ҳам кор ва ҳам фарзандонамро, ки дар Россия таҳсил доштанд, нигоҳубин…
Таҳмина Ҳабибова соли 2022 Донишгоҳро хатм карда, ба Тоҷикистон баргашт. Алҳол дар пеши худ мақсад гузоштаст, ки ширкати сайёҳие таъсис бидиҳад. Бовар аст, ки вай аз уҳдаи ин кор мебарояд, чун дар мамлакат тамоми шароит аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба соҳаи сайёҳӣ муҳайёст…
Матлуба МЕНГЁРОВА,
майори милитсия