Шоир розия озод, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, модари Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар ташаккули шахсияти фарзандаш нақши бориз дорад. агар аҳли миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуровро садо занад, розия озод ба ёд меояд ва агар нахустин шоирбонуи маърифатпарвар розия озодро бар забон орад, бешак, Бобоҷон Ғафуров пеши дида намоён мегардад.
Розия Озод дар ҷабини кушоди фарзанди фаррухпай аз хурдӣ магар ситораи муборак дида буд, ки дар роҳи камолоташ аз ҳикмати Муҳаммад Ғаззолӣ пайгирӣ менамуд. Ҳикмат: «Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб мусаффо хоҳад шуд». Ин буд, ки бо манишу кунишу гӯйиш ҳамеша оби ҳаёти хонаводаро ҳамчун сарчашмаи аввалини мактаби фарзанд поку мусаффо ҳифз медошт, то бофазилату сарсабзу шукуфо ба муроди дил бирасад.
Розия Озод дар деҳаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар оилаи камбағали шукроналаб сабзиш ёфт, вале ҳеҷ гоҳ ба нодориву дасткӯтоҳӣ тан намедод, наменолид, зеро маърифату муҳаббат ва қаноатро беҳтарин тавонмандии рӯзгори тира медонист. Аҳли хонавода, ки мудаввом аз хушҳоливу рӯзи нек мегуфт ва ризқро азалӣ медонист, Розияи хурдсол низ ба фардои рӯшану субҳи тоза бо фурӯтаниву бовар умед баста буд. Бешак, тавре мегӯянд, дар сарои санг нахле пурбор самар нахоҳад дод. Чизе ва ё василае боис мегардад, ки кас дар торикистон низ метавонад ҳоллаи нур бубинад. Ин василаи умедбахш, дору мадор ва руҳафзову нерубахш барои аҳли хонавода китоб буд. Онҳо китоби бамаъниву пандомӯзро муқаддас дониста, чун мағзи нону рифоҳу роҳати ҷон тори сар мениҳоданд.
Тавре гуфта омад, Розия ҳам аз хурдӣ танҳо китобро дид, дил бохт, дӯст дошт ва онро бо ҷон ҳамнафаси хеш пазируфт. Ҳарф ва мутолиаро, ки аз падару модари хатшиносаш омӯхта буд, кунун бе китоб наметавонист зистан ва дар ташти дилаш аз хирмани маънӣ нафас-нафас хишти сухани маъно мерехт. Волидон зеҳни тез, ақли расо ва меҳру муҳаббати бекарони ӯро ба китоб ҳосил гирифта, сарфи назар аз зиндагии тоқатфарсо ба мактаби куҳнаи духтаронааш доданд. Ӯ дар фосилаи хеле андак ва бо зеҳни тозаю фаҳмиши расо аз ҳамсафонаш пеш гузашт, бо рағбат ба мутолиаи асарҳои классикони адабиёти тоҷик, бахусус ба қироати осори рангину пурғинои шоирони хирмансози маърифату шеъри ноб Камоли Хуҷандӣ, Аттор, Фирдавсии Тӯсӣ, Саъдию Ҳофиз, Бедил ва Мавлонои Балх пардохт. Осори Мавлавию Ҳофиз ва Бедил барояш мактаби сухан ва оламу одамшиносӣ шуданд.
Бонуе чун Розия танҳо зодани шеърро дар рӯзгори хеш мақсуди асосӣ қарор надод, мисли ҳазорон ҳазор духтарон бахту тахти худро дар хонадорӣ медид. Ин буд, ки дар оғози садаи XX ӯ бо Мирғафур Сангинов оила барпо кард, дунболи ҳам Бобоҷон, Тоҷинисо, Зебунисо, Ҳомидҷону Олимҷонро чун шеърҳои нодир ба ҷаҳон зод. Ҳамболинаш Мирғафур пойбанди арзишҳои хонаводагӣ буд ва Розияро бас азиз медошт…
Мирғафур дар муносибату муошират ҳеҷ гоҳ чин бар ҷабин надошт, бал бо ҷон ёрӣ медод, то ҳамсараш чун офтоби тори сар тамоми меҳру муҳаббати нурзои худро ба фарзандонаш нисор созад. Розия тавонист дар руҳу равони ҷигарбандонаш вожаҳои муқаддаси «Ватан» ва «Заҳмат»-ро устувор ҷо намояд, ки ин орзуи ҳамешагии ҳар як модар аст. Муҳимтар аз ҳама, коми фарзандонро бо шоҳбайтҳои пандомези шоирони классик ва қиссаҳои дилфаро ширин гардонд. Бобоҷон, аз рафтаҳои абармардони таърихӣ ривояту ҳикоятҳо месабзонд. Бобоҷон ёд дошт, ки модар ба ӯ бо ин мазмун насиҳат мезад:
«Ҷону ҷигарам, ояндаатонро равшан мебинам. Аз ҳозир хонед, фақат ба китобҳои дарсӣ қонеъ нашавед. Фарқаш не, ки китоб бадеӣ бошад, ё илмӣ, бо забони русӣ бошад, боз беҳтар. Замонаш ҳамин – забони русиро донистан шарт. Барои бурро шудани забонатон ғазалҳои классиконамонро азёд кунед, баъзе калимаҳои муҷмалро дар дафтаратон навишта гиред, сонӣ аз худ мекунед. Шукр, ки дар хазинаамон китобҳои зиёд дорем. Хуб мешуд, ки таърихи миллатамонро меомӯхтед, аз рӯзгори фарзандони ҷонфидои халқамон бохабар мешудед. Фардо лозим мешавад, дар суҳбатҳо ҳеҷ гоҳ дар намемонед. Вақтатонро беҳуда нагузаронед…».
Мирғафур Сангинов соли 1935 аз олам даргузашт ва тамоми бори гарони зиндагӣ, хусусан ба камол расондани фарзандон, хӯрондану пӯшондану таълиму тарбия додани онҳо бар шонаҳои наҳифи Розия Озод нишаст. Ӯ ҳам мард ва ҳам зани хонавода гардид, аммо ба хотири фарзандон нашикаст, аз раҳи маърифатомӯзии онҳо барнагашт, гунае рафтору кирд намуд, ки ҷигарбандонаш бепадариро асло ҳис накунанд. Дар хонаводаи ӯ ҳамон баракату нусрат ва саховату муҳаббати сухан ҳамеша ҳукмрон буд.
Ӯ аввалин зане буд миёни бонувони тоҷик, ки дар давраи мудҳиши Ҷанги дуюми ҷаҳон ба хотири Ватан ва фироқи ҳамсар аз нав қалам ба даст гирифт, муҳаббату самимияти худро дар мавриди сарзамини муқаддас бо назм баён кард. Акнун шеърҳои гилаомезу пуршикваро як сӯ ниҳода, руҳи замонро ҷустор қарор дод, ки онҳо аз таъсири руҳнавозӣ бебаҳра набуданд. Розия шеъри ҳавасӣ намегуфт, шеър бо тавонмандӣ мегуфт. Дар ин ҳошияи руҳбаландии ҳомиёни Ватан байту достонҳои дилнишин офарид, ки онҳо дар маҷмуаи «Муҳаббат ба Ватан»-аш гирд омаданд. Нахустин хонанда ва муҳаррири ин маҷмуа Бобоҷон Ғафуров буд, ки ҳини дар шакли китоб ба табъ расидан, онро дар бағал гирифта, ба шодбошии модар шитофт. Он соат Розия Озод ба сони моҳи нав дар осмони маърифат дурахшид, гӯё пару бол кушод ва он гуна хиромид, ки мисли қуи сафед дар рӯйи мавҷи об.
Пасон бо табъи равону хомаи давон ва тавсияҳои фарзанди фарзона маҷмуаҳои шеърии «Гулистони ишқ», «Аз водии тилоӣ», «Иқбол», «Зинда бод сулҳ!», «Шеърҳои мунтахаб», «Дӯстони ман», «Мунтахабот», «Орзуи ман» ва «Хотира»-и ӯ пайиҳам ба зевари табъ ороста шуда, номашро вирди забонҳо карданд. Бархе аз китобҳои дигар, чун «Солнечный край», «Стихи», «Любовь к Родине» ба забони русӣ низ ба чоп расидаву дастраси хонанда гаштанд.
Яқинан, зодан ва ба камол расондани Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бозгӯву гувоҳи саҳеҳи тарбияи воло ва ҳидоятҳои инсонсози модари шеъргӯст. Фарзанди нобиға маҳз дар партави кору пайкор ва нуру саодати модар соҳибэҳтирому шуҳратёр гардид. Тавре шоҳидон қисса мекунанд, ҳангоми дар вазифаҳои пурмасъули ҳизбӣ фаъолият кардани Бобоҷон Ғафуров ҳам, модар ҳамеша дар паҳлуяш буд, бо дасти кушоду ҷабини офтобӣ ба ӯ дуои нек медод.
Оре, фарзандеро, ки бо сад орзу Розия Озод ба камол расонд, адибони забардасти тоҷик, устодон Айниву Турсунзода ва дигарон бо ифтихор «дӯсти вафодори адабиёт» номиданд. Дар ин росто устод Мирсаид Миршакар навиштааст: «Ҳатто дар он солҳое ҳам, ки танҳо мудири шуъбаи пропагандаи Комитети Марказӣ буд (Бобоҷон Ғафуров дар назар аст), роҳбарӣ ва ғамхорӣ ба адабиётро вазифаи навбати аввали худ медонист. Бо ташаббуси шахсии вай аз Москва ба Тоҷикистон беҳтарин тарҷумонҳо даъват шуда буданд, ки осори классикҳо ва шоирони муосири тоҷикро ба русӣ тарҷума кунанд. Ба ин восита, дар Москва тазкираи комили назми классикиву муосири тоҷик ба чоп расид. Вақте ки дар соли 1946 котиби якуми Комитети Марказии ПК Тоҷикистон интихоб шуда буд, ёрӣ ва ғамхории ӯ дучанд афзуд. Ин аст, ки омадани ӯ ба назди мо шодиву хурсандии калоне буд…».
Бале, Розия Озод фарзанди хирадманду дурандеше ба камол расонд, ки бо бардошти неъматҳои фаровон аз хони илму дониш ва таърихи ниёгон шоҳасари бузург – «Тоҷикон»-ро ба майдон овард, ба олам миллати тамаддунофари тоҷикро муаррифӣ кард ва қотеъ собит намуд, таърих танҳо барои донистани дирӯз нест, донистани таърих барои имрӯзу фардост.
Боре, дар як мулоқот хабарнигоре аз Бобоҷон Ғафуров пурсид:
Оё модаратон Розия Озод дар эҷоди шоҳасари «Тоҷикон» саҳме дорад?
Ӯ ба тафаккур фурӯ рафт ва пас сар боло карду гуфт:
«Меҳрубониҳои модари азизамро наметавонам, ки дар як суҳбати кӯтоҳ пурра баён созам. Ҳамаи онҳо дар дилам чун дар бойгонӣ қабат-қабат ҷо гирифта, маро ҳамеша зинда нигоҳ медоранд. Фақат ин қадар мегӯям, ки агар меҳрубонӣ, ғамхорӣ, дуоҳои нек ва дилбардориҳои модари арҷмандам чун нурҳои нарми хуршед доиман бар сарам намерехтанд, асари «Тоҷикон»-ро рӯи нашр оварданам басо душвор буд. Ӯ ҳамеша аз тақдири китоби «Тоҷикон» мепурсид ва гоҳи хайрухуш дуоям медод…».
Оре, зиндагиномаи модари Бобоҷон Ғафуров барои тамоми занону модарони садаи XХI намунаи ибрат ва мояи ифтихору сарфарозист. Зеро Розия Озод, мисли тамоми модарони дунё, орзуи ягона дошт, то фарзанди худро сарбаланду дар саъйи таърихии миллатофараш пирӯзманд бубинад. Бешак, ӯ дар ин росто хушбахт ва босаодаттарин модари олам гардид…
Сайдаҳмади ЗАРДОН,
адиб